Дар шаҳри Давҳаи давлати Қатар Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар ба имзо расид.


Мулоқоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо Раиси Кумитаи миллии ҳуқуқи инсони Қатар
8 октябри соли 2025 дар шаҳри Давҳа мулоқоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобозода Умед бо Раиси Кумитаи миллии ҳуқуқи инсони Давлати Қатар хонум Марям бинти Абдуллоҳ Ал-Атийя баргузор гардид.
Зимнан, ҷонибҳо масоили вобаста ба ҳимоя ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таҷрибаи амалии сохторҳои ҳуқуқи инсон, механизмҳои баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон, мавқеъ ва уҳдадориҳои байналмилалии соҳаро муҳокима намудан.
Дар анҷоми мулоқот, ба мақсади тавсеа ва тақвияти заминаҳои ҳуқуқӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои бештари дуҷониба, байни Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи миллии ҳуқуқи инсони Давлати Қатар Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
Ҳадамоти матбуотии ВҲИ.








