Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2025
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31

Мулоқоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо раиси ҷамъияти тоҷикони муқими Қатар

Санаи 9 октябри соли 2025, дар ҳошияи сафари кории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобозода Умед ба Давлати Қатар, мулоқоти судманд бо раиси ҷамъияти тоҷикони муқими Қатар Файзали Мирзораҳимов баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба масъалаҳои марбут ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Давлати Қатар иқомат доранд, мубодилаи афкор намуданд.

Бобозода Умед таъкид дошт, ки дастгирии ҳамватанон дар хориҷи кишвар яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Ваколатдор ба ҳисоб меравад. Ӯ изҳори қаноатмандӣ намуд, ки ҷамъияти тоҷикони муқими Қатар дар самти ҳифзи ҳувияти миллӣ, забон ва фарҳанги тоҷикӣ фаъолона саҳм мегузорад.

Дар навбати худ раиси ҷамъияти тоҷикони муқими Қатар барои таваҷҷуҳ ва дастгирии доимии мақомоти Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуда, омодагии худро барои таҳкими робитаҳои ҳамкорӣ бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон изҳор дошт.

Ҳадамоти матбуотии ВҲИ.

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор