Санаи 9 октябри соли 2025 дар доираи сафари давлатии Президенти Федератсияи Россия муҳтарам В. В. Путин ва дар арафаи Иҷлосияи Сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Душанбе хонум Москалкова Татяна Николаевна - Раиси Комиссия оид ба ҳуқуқи инсони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Федератсияи Россия бо ҳайати ҳамроҳонаш ба мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
Зимни ташриф хонум Москалкова ва ҳамроҳонаш аз Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шиносоӣ пайдо намуда, бо масъулини Дастгоҳи ВҲИ вохӯрии пурмуҳтаво доир намуд.
Зимни вохӯрӣ оид ба ҷанбаҳои гуногуни ҳамкориҳо дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар сатҳи ду мақомоти зикршуда, инчунин дар сатҳи Алянси Авруосиёгии Омбудсманҳо ва Комиссия оид ба ҳуқуқи инсони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавриди баррасии ҷонибҳо қарор дода шуданд.
Вохӯрӣ дар фазои ҳусни таваҷҷуҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ анҷом ёфта, ҷонибҳо қаноатмандии худро изҳор намуданд. Тасмим гирифта шуд, ки дар наздиктарин вақт лоиҳаи Нақшаи якҷояи амалҳо барои ду соли оянда таҳия ва амлисозии он ба роҳ монда мешавад.
Хадамоти матбуотии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон








