Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2025
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31

Санаҳои 14-15 октябри соли 2025 Икрамова Зилола – муовини сардори Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқ ба баробарӣ ва озодӣ аз табъизи Дастгоҳи Вакалатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи даъвати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА (ODIHR OSCE) дар курси “Омӯзиши идоракунии буҳронҳо дар Муассисаҳои миллии ҳуқуқи инсон”, ки дар шаҳри Варшаваи давлати Лаҳистон баргузор гардид, иштирок намуд.

Чорабинии мазкур  намояндагони 25 Муассисаҳои миллии ҳуқуқи инсон аз давлатҳои аъзои САҲА-ро гирдиҳам оварда, барои иштирокчиён машғулиятҳои амалӣ, роҳҳои ҳалли мушкилиҳое, ки Муассисаҳои миллии ҳуқуқи инсон дар фаъолияти худ дучор мегарданд, омӯзонида шуданд. 

Тули ду рӯз ба иштирокчиён мавзуъҳои “Муҳимияти иқтидории институтсионалии Муассисаҳои миллии ҳуқуқи инсон (ММҲИ) ва ососҳои идоракунии буҳронҳо дар онҳо”, “Муайян намудани сабабҳо ва оқибатҳои буҳронҳо барои ММҲИ”, “Омода намудани Нақшаи идоракунии буҳронҳо бо дарназардошти хусусияҳои хоси ММҲИ”, “Таъсиси гуруҳи идоракунии буҳронҳо” омӯзонида шуданд.

Қобили зикр аст, ки омӯзиш саҳнаи мусоидро барои мубодилаи афкори ҳамкасбон фароҳам оварда, намунаҳои таҷрибаҳои пешқадам дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон, усули омода намудани Нақшаҳои дохилиидоравии зиддибуҳронӣ ва ҳамзамон баланд бардоштани иқтидори Муассисаҳои миллии ҳуқуқи инсон омӯзонида шуданд.

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор