Ташрифи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Федератсияи Россия
ба муассисаи ислоҳӣ
Моҳи октябри соли 2025 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Федератсияи Россия Москолкова Татяна Николаевна ва ҳамроҳонаш ҷиҳати вохӯрӣ бо маҳкумшудагон аз Федератсияи Россия ва муайян намудани вазъи риояи ҳуқуқҳои онҳо ба Муассисаи ислоҳии ЯС 3/1 - Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

Дар рафти ташриф Москолкова Т. Н. бо маҳкумшудагон- шаҳрвандони Федератсияи Россия вохӯрӣ намуда, аз шароити муассисаи мазкур ва саломатии онҳо пурсон шуд. Маҳкумшудагон аз шароити муассиса ва муносибати кормандон бо онҳо изҳори миннатдорӣ намуданд. Дар рафти суҳбат, баъзе аз маҳкумшудагон хоҳиш намуданд, ки хешовандонашон дар Федератсия Россия зиндагӣ менамоянд ва аз сабаби роҳ дур будан барои аёдати онҳо душвор мебошад. Аз ин сабаб аз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон хохиш намуданд, ки барои минбаъдаи адои ҷазо дар муассисаҳои Федератсияи Россия мусоидат намояд.
Инчунин, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Москолкова Т. Н. дар рафти ташриф шароити нигоҳдории маҳкумшудагон, аз ҷумла ҷойи хоб, қисми тиббӣ, истеҳсолот, мағоза ва дигар ҷойҳо дидан намуд.

Ҳангоми ташриф ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Федератсияи Россия ва ҳамроҳонаш кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, роҳбарияти Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори муассиса ва кормандони он мусоидати ҳамаҷониба намуданд.
Хадамоти матбуотии ВҲИҶТ








