Ташрифи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияҳои ноҳияҳои Шамсидин Шоҳин, Муминобод, Восеъ ва Мир Саид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон.
Санаи 10-14 ноябри соли 2025 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Барномаи амали мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои соли 2025 бо мақсади қабули шаҳрвандон ноҳияҳои Шамсидин Шоҳин, Муминобод, Восеъ ва Мир Саид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом доданд.

Зимни сафар аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон У. Бобозода дар ноҳияҳои зикргардида дар якҷоягӣ бо мақомотҳои иҷрои ҳокимияти давлатии ноҳияҳо қабули шаҳрвандон ба роҳ монда шуд. Дар маҷмуъ 40 нафар муроҷитакунандагон дар ноҳияҳои Шамсидин Шоҳин, Муминобод, Восеъ ва Мир Саид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон қабул карда шуданд. Таҳлили муроҷиатҳои шаҳрвандон нишон дод, ки аҳолӣ бештар бо масоили гуногуни ҳуқуқи инсон, аз қабили ҳуқуқу озодиҳои ҳамсарон ҳангоми бастани ақди никоҳ, баҳсҳои оилавӣ ва тақсимоти молумулки муштарак, ҳуқуқ ба манзили истиқоматӣ, соҳибмулкӣ ба замин, тибқи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаи зӯроварӣ дар оила, масъалаи саркашӣ аз супоридани алимент, норозигӣ аз ҳалномаҳои судӣ, мурофиаи одилонаи судӣ, ҳуқуқ ба сатҳи кофии зиндагӣ, ҳуқуқ ба аёдати кӯдакон, ҳуқуқ ба таҳсил, масоили таъмин намудан бо оби ошомиданӣ, оид ба вазъ др соҳили дарёи Панҷ сарҳади Ҷумҳурии Исломии Авғонистон, бартарф намудани монеагиҳо ҷиҳати ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони партовгоҳзо дар ҳудуди ноҳия, риоя нагардидани меъёр (лимит)-и муайянгардидаи қувваи барқ дар ноҳия, оид ба танзим даровардани нархи пахта аз ҷониби мақомоти ваколатдор ва таъмин намуда ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон муроҷиатҳои шифоҳӣ намуданд.

Вобаста ба масъалаҳои зикргардида дар самти ҳуқуқҳои инсон дар ноҳияҳои мазкур Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони муроҷиаткунанда машварат ва тавсияҳои ҳуқуқӣ доданд. Боиси қайд аст, ки бархе аз муроҷиатҳои шаҳрвандон дар ҳузури роҳбарони аввали шаҳрхои зикргардида ҳалли мусбии худро ёфтанд.
Ҳамзамон У. Бобозода таъкид намуданд, ки мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидан ба таъмини риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон, иттилоотонӣ ва баланд бардоштани маърифатнокии ҳуқуқии аҳолӣ, инчунин муайян намудани проблемаҳои аҳолӣ дар самти ҳуқуқу озодиҳои инсон тасмим гирифтааст, ки минбаъд низ вобаста ба проблемаҳои рӯзмара тартиби қабули шаҳрвандонро ба роҳ монда, чораҳои дахлдорро роҳандозӣ намояд.
Хадамоти матбуотии ВҲИҶТ








