Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2025
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31

Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Санаи 14 ноябри соли 2025 дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо иштироки роҳбарият ва кормандони мақомот ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид.

Сараввал муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоҷонзода Миҷгона суханронӣ намуда, ҳозирин ва дар симои онҳо кулли мардуми шарафманди ҷумҳурии азизамонро бо ин рӯзи таърихӣ самимона муборакбод намуданд.

Ҳангоми суханронӣ Бобоҷонзода Миҷгона аз саҳми беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии ваҳдати миллӣ, бунёди давлати оламшумур ва иқдомоти сатҳи ҷаҳонӣ ёдовар шуда, қайд намуданд, ки сиёсати пешгирифтаи Президенти маҳбубамон дар арсаи байналмилалӣ беназир мебошад.

 

 

Ҳамзамон, дар мизи мудаввар Нозимзода Баҳриддинсармутахассиси шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқ ба баробарӣ ва озодӣ аз табъиз дар мавзӯи “Саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ”, Икромзода Раҳмоналӣ -мутахассиси пешбари шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон дар мавзӯи “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҳомии ватан ва рамзи эҳтиром ва садоқати миллати тоҷик” ва Саидмуродов Шаҳзод - нозир - коргузори Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон –кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд” маърӯза намуда, оид ба саҳми беназир ва хизматҳои шоистаи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду нумуи ватани азизамон ибрози назар намуданд.

Иштирокчиёни чорабинӣ маърӯзаҳои пешниҳодшударо самимона шунида, андешаҳои худро баён намуданд.

 

Дар фарҷоми чорабинии ҷашнӣ муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоҷонзода Миҷгона бори дигар ҳамагонро бо рӯзи фаромушнашаванда-Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда, ба ҳамаи тоҷикони дохиливу бурунмарзӣ тансиҳатӣ, бурдбориҳо ва сулҳу оромиро ба ватани азизамон таманно намуд.

Хадамоти матбуотии ВҲИҶТ

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор