Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

31 март таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис “Дар бораи Барномаи аз худ намудани манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ барои солҳои 2016-2020” ва тадбирҳои анҷомдодашуда дар самти сарфаҷӯии нерӯи барқ ҳисоботи вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Далер ва “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022” гузориши вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода шунида шуд.

Барномаи аз худ намудани манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ барои солҳои 2016-2020 барои беҳтар намудани “вазъи иҷтимоии аҳолӣ, рушди минтақаҳои дурдасту баландкӯҳ ва ҳавасмандгардонии аҳолӣ барои зист дар ин минтақаҳо бо роҳи ташкил намудани системаи таъминот бо нерӯи барқ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия, ҳифзи экологияи ноҳияҳои баландкӯҳ, манъи буридани ҷангалу буттаҳо барои сӯзишворӣ, рушди сайёҳӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ дар соҳаи туризм, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ғанӣ гардонидани буҷети ҷумҳурӣ аз ҳисоби рушди иқтисодии ин ноҳияҳо равона карда шудааст.

Тибқи барнома, давоми солҳои 2016-2020 бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати энергетика ва захираҳои об дар ҳамкорӣ бо ширкати саҳомии холдингии кушодаи “Барқи Тоҷик”, ҷамъияти саҳомии кушодаи “Помир Энерҷӣ” ва шарикони рушд дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ танҳо аз ҳисоби чорабиниҳои асосии барнома 9 нерӯгоҳи барқи обии хурд бо иқтидори 2 260 кВт ва арзиши умумии 127,9 млн сомонӣ сохта мавриди истифода қарор дода шуд.

Ҳамчунин дар ин давра берун аз барнома 9 неругоҳи хурди барқи обй бо иқтидори умумии 1 685 кВт ва бо арзиши умумии 31,7 млн сомонӣ сохта шудааст.

Ҳамзамон дар доираи барнома бо ҷалби шарикони рушд ва пажӯҳишгоҳҳои ватании лоиҳакаш пешнавишти асосноккунии техникию иқтисодии 45 нерӯгоҳи барқи обии хурд таҳия гардида, ҳамкориҳо бо шарикони рушд ҷиҳати дарёфти манбаъҳои сармоягузорӣ оғоз карда шудааст.

Дар натиҷаи сохта ба истифода додани нерӯгоҳҳои хурди мазкур, барои бо нерӯи барқ таъмин намудани 2231 хоҷагӣ, 21 мактаб, 15 бунгоҳи тиббӣ ва 93 иншооти гуногуни хоҷагии халқ шароит фароҳам оварда шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ супориш доданд, ки барои таъмини пурра ва босифати Барномаи аз худ намудани манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ барои солҳои 2016-2020, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории кам кардани талафоти нерӯи барқ, пардохти саривақтии ҳаққи истифодаи барқ ва ҷорӣ кардани системаи муосир дар соҳа тадбирҳои мушаххас андешанд.

Вобаста ба сари вақт омода кардани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 Сарвари давлат ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки аз ҳозир миқдори зарурии ангишт, сӯзишворӣ, маводи хӯрокворӣ захира гардида, барои таъмини пурраи нерӯи барқ ба аҳолӣ дар давраи тирамоҳу зимистон чораҷӯӣ намоянд.

Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш” ҳисоботи Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Абдулло Раҳмонзода шунида шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки баҳри истиқболи сазовор аз ҷашни умумимиллӣ - 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, барои оммавигардонии варзиш, таъмини тарзи ҳаёти солим, ҳавасмандӣ ва ҷалби ҷавонон ба варзиш дар саросари кишвар мусобиқаҳо аз руи ҳамаи намудҳои варзиш дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор карда шавад.

Аъзои Ҳукумати мамлакат лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи қарзгирии давлатӣ ва қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нотариати давлатӣ”, Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он”-ро муҳокима карда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуданд.

Дар кори маҷлиси Ҳукумат ду пешниҳод - Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ” ва Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Сангвор оид ба иваз намудани номи деҳоти Сангвор ба деҳоти Заршӯёни ноҳияи Сангвор мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар бораи Барномаи миёнамуҳлати амал оид ба амалисозии Стратегияи идоракунии молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар солҳои 2021-2023, Дар бораи Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025, Дар бораи Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025, Дар бораи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, Дар бораи Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон   барои солҳои 2021-2025, Дар бораи Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, Дар бораи Барномаи рушди соҳаи қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва Дар бораи ба муомилот баровардани қоғазҳои қимматноки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи шахсони масъул шунида шуд.

Дар охири кори маҷлис Президенти мамлакат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаҳои дар маҷлис баррасишуда, ба Ҳукумати кишвар ва роҳбарони сохторҳои давлатӣ ҷиҳати риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи саривақтию босамари барномаҳои давлатӣ ва иҷрои дастурҳои қаблии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супоришҳои мушаххас доданд.

Вобаста ба иҷрои тадбирҳои амалӣ оид ба коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти мамлакат, кишту кори баҳорӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва Президентӣ, истеҳсолу захираи кофии маводи хӯрокворӣ, омодагии ҳамаҷониба ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022, вусъати корҳои созандагию ободонӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, риояи қоидаҳои санитарию беҳдоштӣ дар давраи пандемияи ҷаҳонӣ, риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, дастуру супоришҳо дода шуд.

www.president.tj

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор