Ваколатдор оид ба хуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода дар вохурии сарони ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон дар шаҳри Ҳелсинки иштирок ва суханронӣ намуд
Санаи 27-28 ноябри соли ҷорӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода дар вохурии сатҳи баланди сарони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи инсони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Финляндия иштирок намуд. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода зимни мулоқот тадбирҳои аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон роҳандозишударо ҳамчун иқдомоти саривақтӣ ва самарабахш муҳим арзёбӣ карда, қайд намуд, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешрафту рушди ҳамаҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан дар самти таъмин ва ҳифзи ҳуқуқи инсон пайваста ташаббусҳои созанда пешниҳод ва амалӣ мегарданд.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода аз дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон ва санадҳои қабулшудаи стратегии кишвар, бахусус Стратегияи миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2038, амалишавии қонунгузории зиддитабъизӣ ва дурнамои фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуд. Инчунин дар вохури мувофиқатии Ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон бо Принсипҳои Париж масалаи асоси ба ҳисоб мерафт. Оиди ин масала Умед Бобозода қайд намуданд, ки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми кушишҳоро ба он равона мекунад, ки дар ояндаи наздик ин масалаҳоро ҳал намуда, мақоми А - ро ба даст орад. Оиди масалаҳои матраҳгардида қарорҳои дахлдор бароварда шуданд.
Хадамоти матбуотии ВҲИҶТ








