Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ноҳияи Шаҳритус дар чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон иштирок ва баромад намуд

Санаи 1 июни соли ҷорӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон ташриф оварда, дар чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон иштирок ва суханронӣ намуд.
Умед Бобозода кӯдакони ноҳияи Шаҳритусро ба муносибати ин ҷашни фархунда табрик гуфта, ба онҳо саломатии бардавом, хушбахтӣ, таҳсили аъло ва муваффақиятҳои нав орзу намуд.
Дар суханронии худ ӯ таъкид кард, ки Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои онҳо бахшида шудааст.
Зикр гардид, ки кӯдакон ояндаи миллат буда, таълиму тарбияи дуруст, ҳифзи саломатӣ ва рушди ҳамаҷонибаи онҳо аз самтҳои муҳимми сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад.
Ҳар як кӯдак ҳуқуқ дорад дар муҳити орому бехатар ва пур аз меҳру муҳаббат ба воя расида, имкониятҳои худро пурра амалӣ намояд.
Пас, ғамхорӣ ба кӯдакон – ғамхорӣ ба фардои миллат аст.











