Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Рӯзи 25 декабри соли 2020 дар толори маҷлисгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ натиҷаи мониторинги вазъи таъмини муҳити дастрас барои маъюбон ба биноҳои инфрасохтории ноҳияҳои Панҷ, Ҷайҳун, Ванҷ, Шаҳристон ва Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, ки рӯзҳои 23 — 28 ноябри соли 2020 дар ноҳияҳои болозикр аз ҷониби кормандони мақомот гузаронида шуд, баррасӣ гардид.

Дар чорабинӣ намояндаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати ҶТ Иброҳимзода И., Раиси Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон Зикрихудоев А., намояндагони Ташкилоти байналмилалии Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон Икромов С. ва Ҷунайдова У., Роҳбари Дастгоҳ, сардорони шуъбаҳои ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон иштирок намуданд.

Тибқи Барнома Раҷабов Ш. сардори шуъбаҳои ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар мавзӯи “Сиёсати давлатӣ ва нақши мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқи маъюбон” баромад намуда, Зикрихудоев А. вобаста ба фаъолияти “Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон” дар самти таъмини муҳити дастрас барои маъюбон ва ҳамкориҳо бо мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бобохонов С.

оид ба натиҷаҳои мониторингҳо вобаста ба вазъи таъмини муҳити дастрас барои маъюбон ба биноҳои инфрасохтории ноҳияҳои Ванҷ, Шаҳристон ва Мир Саид Алии Ҳамадонӣ Панҷ ва Ҷайҳун ҳисобот доданд.

Дар муҳокимаҳо намояндаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, Раиси Иттиҳодияи милли маъюбони Тоҷикистон, намояндагони Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон ва кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон иштироки фаъолона намуданд.

Дар охир аз ҷониби иштирокчиёни чорабинии мазкур, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сифати мониторингҳои банақша гирифташуда, тавсиҳои дахлдор пешниҳод гардиданд.

 Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор