Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

January 2026
M T W T F S S
1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31

                 Рушди соҳибкорӣ - дар меҳвари Паём

    

 

Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун ҳуҷҷати муҳими стратегӣ самтҳои асосии рушди иқтисоди миллӣ, аз ҷумла рушди соҳибкорӣ ва дастгирии бахши хусусиро муайян менамояд.

      Дар Паём ба масъалаи фароҳам овардани муҳити мусоиди соҳибкорӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардида, таъкид мешавад, ки соҳибкорӣ яке аз омилҳои калидии рушди устувори иқтисод, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ба ҳисоб меравад. Пешвои миллат рушди соҳибкории хурду миёнаро ҳамчун неруи асосии ташаккули синфи миёна ва таъмини рақобатпазирии иқтисоди миллӣ арзёбӣ менамоянд.

       Ҳамчунин, дар Паём ба содда гардонидани расмиёти бақайдгирӣ, коҳиш додани санҷишҳои беасос, дастгирии молиявии соҳибкорон тавассути қарзҳои имтиёзнок ва ҷалби сармоягузорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир шудааст. Ин тадбирҳо ба беҳтар шудани фазои сармоягузорӣ ва болоравии эътимоди соҳибкорон мусоидат менамоянд.

        Ҷанбаи дигари муҳими Паём дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва содиротӣ мебошад. Таъкид мегардад, ки рушди истеҳсолоти ватанӣ, коркарди ашёи хом ва афзоиши содирот метавонад вобастагии иқтисоди кишварро коҳиш дода, даромади давлат ва аҳолиро зиёд намояд.

     Дар маҷмӯъ, Паёми Пешвои миллат ҷиҳати рушди соҳибкорӣ ҳамчун роҳнамо барои тамоми сохторҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ хизмат карда, татбиқи пайвастаи он метавонад ба рушди иқтисоди миллӣ, баланд шудани шуғли аҳолӣ ва таҳкими истиқлолияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намояд.

    Паёми Пешвои миллат ҳамчун санади муҳими сиёсиву иҷтимоӣ самтҳои асосии рушди кишварро муайян намуда, барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон раҳнамо ба сӯи фардои обод мегардад. Дар он дастовардҳои соли гузашта ҷамъбаст шуда, вазифаҳо ва ҳадафҳои нав барои солҳои оянда равшан мегарданд.

    Дар Паём масъалаҳои калидӣ, аз қабили таҳкими истиқлолият, рушди иқтисод, саноатикунонӣ, амнияти озуқаворӣ, пешрафти илму маориф, тандурустӣ ва дастгирии иҷтимоии аҳолӣ мавқеи махсус доранд. Пешвои миллат ба нақши ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, онҳоро қувваи пешбарандаи ҷомеа мешуморад ва ба омӯзиши дониш, касбомӯзӣ ва ватандӯстӣ даъват мекунад.

    Паём ҳамчунин мардумро ба ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми қонун ва масъулияти шаҳрвандӣ ҳидоят менамояд. Ин санад на танҳо нақшаи амал, балки манбаи илҳом аст, ки ба ҳар яки мо бовар мебахшад: бо меҳнати содиқона ва ҳамбастагӣ метавонем Тоҷикистонро боз ҳам пешрафта ва шукуфон гардонем. Ҳамзамон, дар Паёми Пешвои миллат ба нақши маориф ва илм ҳамчун омили асосии пешрафти ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Рушди мактабҳо, такмили сатҳи омӯзгорон, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва тарбияи мутахассисони соҳибкасб аз ҷумлаи ҳадафҳои стратегӣ маҳсуб меёбанд. Зеро танҳо ҷомеае, ки ба дониш ва маърифат такя мекунад, метавонад бо ҷаҳони муосир ҳамқадам бошад.

    Паём инчунин мардумро ба сарфакорӣ, истифодаи самараноки захираҳо ва ҳифзи муҳити зист даъват менамояд. Ин масъалаҳо имрӯз аҳамияти ҷаҳонӣ доранд ва Тоҷикистон бо сиёсати оқилонааш метавонад намунаи кишвари масъул дар ҳалли онҳо гардад.

    Мо ҷавонон ва наврасон кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки пайрави Пешвои миллат бошем ва барои рушди ҷомеаи солим ва ояндадор саҳми назарраси худро гузорем, то давлати мо муаррифгари фарҳангу иқтидори мо бошад.

    Ҳамасола дар Паём баланд гардидани маоши кормандон ин ғамхорӣ ва меҳрубонӣ нисбати  халқ аз ҷониби Хукумат мебошад, ки мо кормандонро шавқманд ва неруманд мегардонад, то ки бо дасту дили пок ба касбу кор камари ҳиммат бибандем.

  Дар фарҷом метавон гуфт, ки Паёми Пешвои миллат як барномаи мукаммали рушди кишвар мебошад, ки ҳар як шаҳрванди огоҳро ба андеша, амал ва созандагӣ водор месозад. Агар ҳар яки мо дастуру ҳидоятҳои онро сармашқи кор қарор диҳем, бешубҳа Тоҷикистон ба як давлати боз ҳам қавӣ, пешрафта ва обод табдил меёбад.

    Паёми Пешвои миллат воқеан чароғи роҳнамоест, ки моро ба сӯи ояндаи дурахшон, зиндагии шоиста ва ифтихори миллӣ раҳбарӣ мекунад. Ҳамин тавр, Паёми Пешвои миллат воқеан роҳест ба сӯи ояндаи дурахшон, ки моро ба созандагӣ, пешрафт ва зиндагии шоиста раҳнамоӣ мекунад.

 

Сабзов Абдуқодир Рахмонович - муовини сардори шуъбаи

ҳифзи давлатии ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои

молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон Дастгоҳи Ваколатдор оид ба

ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор