Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

January 2026
M T W T F S S
1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31

Паём – роҳнамои рушду пешрафт

 

Хусусияти муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар он ифода меёбад, ки фарогири вазифаҳо, нишондиҳандаҳо ва самтҳои мушаххаси соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсию ҳуқуқӣ мебошад. Дар шароити муосир, ки давлатҳо дар раванди ҷаҳонишавӣ босуръат рушд меёбанд, нақши санадҳое, чун Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо аҳамияти иттилоотӣ, балки хусусияти маърифатӣ, мафкуравӣ ва ояндабиниро доро мебошад. Он ҷомеаро ба сӯйи тафаккури созанда, маърифати созгор ва ояндаи дурахшон роҳнамоӣ менамояд.

Зеро мардуми мамлакат ба ин санади созандаи муҳим таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, онро роҳнамои фаъолияти минбаъдаи худ қарор медиҳанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи муаррифии арзишҳои миллию фарҳангии миллати тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ дар мадди аввал гузоштааст, ки ин иқдомҳои наҷиб марҳила ба марҳила амалӣ мегарданд. Қайд намуданд, ки Тоҷикистон ҳамчун аъзои фаъоли ҷомеаи байналмилалӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ вазифадор аст, ки ҳувияти фарҳангӣ ва маънавии худро ҳифз намояд. Таҷрибаи ҷаҳонӣ гувоҳи он аст, ки ҳамчун аъзои фаъоли ҷомеаи башарӣ доир ба масъалаҳои гуногун дар сатҳи байналмилалӣ ташаббусҳои муфид, саривақтӣ ва самарабахш пешниҳод месозад.

Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 декабри соли 2025 дар Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар доираи иҷлосияи 80-ум қатънома қабул гардид. Бо эълон гардидани «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» ин санади муҳими тағдирсоз дар он ифода меёбад, ба роҳ мондани таълими ҳуқуқӣ; таҳкими дастрасӣ ба иттилооти ҳуқуқӣ; рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ; омӯзиши ҳуқуқи инсон; ҳамкории ниҳодҳои миллию байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон; ҳамкориҳоро бо созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ барои таҳкими дарки ҳуқуқ дар сатҳи ҷаҳон хоҳад гузошт ва ин гувоҳи саҳми бузурги арзишҳои фарҳангиву маънавии миллати тоҷик дар тамаддуни умумибашарӣ мебошад.

Ҳамзамон бояд зикр намуд, ки ташаббуси мазкур дар самти риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таҳкими арзишҳои ҳуқуқӣ ва волоияти қонун дар сатҳи миллию байналмилалӣ ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон саҳми бориз метавонад гузорад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ миллати моро ҳамчун миллати соҳибфарҳангу соҳибтамаддун мешиносад ва эътироф менамояд. Миллати мо давоми таърих арзишҳои бузурги маънавие эҷоду корбаст намудааст, ки туфайли он мо имрӯз ҳувияти хешро устувор нигоҳ доштем.

Ҳамин аст, ки Пешвои миллат дар Паёми имсолаашон ба чунин қайд карданд: “мо вазифадорем, ки дар баробари ифтихор кардан аз мероси оламшумули аҷдоди худ онро соҳибӣ кунем, омӯзем, идома диҳем ва барои наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз ба мерос гузорем”.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, ки соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон гардида, ба ҷашни муқаддас ва бузурги миллӣ 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ бахшида шавад.

Тазакур дод, ки зимни ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти қонунгузории соли 2026 се супориши мушаххас дода шуд, ки боиси қабули қонунҳои навбатии миллӣ мегарданд: таҳияи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иқтисоди рақамӣ», «Дар бораи зеҳни сунъӣ», «Дар бораи сиёсати аграрӣ» ва «Дар бораи бостоншиносӣ».

Тазакур додан ба маврид аст, ки ин супоришҳо на танҳо камбудиҳои ҳуқуқии мавҷударо бартараф мекунанд, балки Тоҷикистонро ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ намуда, рақобатпазирии миллиро дар соҳаҳои иқтисоди рақамӣ, зеҳни сунъӣ, амнияти озуқаворӣ ва ҳифзи мероси фарҳангӣ таҳким мебахшанд.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар исбот намуд, ки қонунгузории миллӣ бояд ба амалӣ шудани ҳадафҳои давлат рушди устувор ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум инчунин таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат намояд. Ҳамин тариқ, соли 2026 соли таҳкими пояҳои ҳуқуқии рушди босуръати ҷумҳурӣ хоҳад гардид.

Бо дарназардошти амалисозии муваффақонаи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» дар Тоҷикистон, бояд иброз намуд, ки меҳвари арзишҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифзи онҳо, гуногунандешии сиёсӣ, баробарии шаклҳои гуногуни моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ, фаъолияти озоди иқтисодӣ ва соҳибкорӣ, рақобати озод дар иқтисодиёт ташкил медиҳанд.

Эълон гардидани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» дар он зоҳир мегардад, ки талошҳои ҷаҳониро ҷиҳати пешбурди ташаббусҳои миллӣ ва байналмилалии таълими ҳуқуқӣ, аз ҷумла фарогирии фанҳои ҳуқуқӣ дар барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва таҳкими дастрасӣ ба иттилооти ҳуқуқӣ ба мақсади он ки занон, кӯдакон ва ашхоси осебпазир тавонанд ҳуқуқу оздиҳои худро амалӣ намоянд; дастгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташаббусҳои маҳаллӣ, ки ба рушди огоҳии ҳуқуқӣ ва омӯзиши ҳуқуқи инсон бахшида шудаанд; инчунин ташвиқи ҳамкории ниҳодҳои Созмони Миллали Муттаҳид, кишварҳои узв, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ барои мубодилаи таҷрибаи беҳтарин ва таҳкими дарки ҳуқуқ дар сатҳи ҷаҳонӣ, равона намояд.

Ин ташаббус дар риояи ҳуқуқи инсон, густариши арзишҳои ҳуқуқӣ, таҳкими волоияти қонун дар сатҳи милливу байналмилалӣ ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон саҳми назаррас хоҳад гузошт.

Бояд ёдовар гашт, ки Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир яке аз санадҳои қадимтарин, бунёдӣ ва консептуалӣ, сарчашмаи нодири ҳуқуқӣ-таърихии миллати тоҷик оид ба рушди давлатдорӣ арзёбӣ мегардад. Аз муҳимтарин масъалае, ки пайваста дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат қарор дорад, ин эҳёи арзишҳои миллии ҳуқуқӣ ва муайян кардани ҷойгоҳи миллати тамаддунофару фарҳангсолори тоҷик дар ҳошияи таърихи аҳли башар дар самти эҷоди ҳуҷҷатҳои муҳими таърихӣ оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ба шумор меравад. Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир 6 ноябри соли 2025 дар Иҷлосияи 43-юми қатъномаи ЮНЕСКО (аввалин эъломияи ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният) қабул гардида, аҳамияти таърихӣ ва маънавии онро ҳамчун аз аввалин ҳуҷҷатҳои инсонпарварона, ки арзишҳои озодии виҷдон, адолат, эҳтироми ҳуқуқи инсон, гуногунии фарҳангӣ ва ҳамзистии осоиштаро эътироф намудааст, таъкид мекунад.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар радифи суханронии сиёсӣ шакли конститутсионӣ низ мебошад. Тавассути ин санад иртиботи мустақими Сарвари давлат бо парлумон ва ҷомеа таъмин шуда, як навъ ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ба амал меояд. Дар ин раванд Президент ҳамчун кафили Конститутсия, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд баромад намуда, рушди минбаъдаи давлатро дар доираи арзишҳои конститутсионӣ роҳнамоӣ менамояд.

 

Ёрдамчии Ваколатдор

оид ба ҳуқуқи инсон

дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Салоҳиддинзода М.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор