Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-муаянкунандаи самтҳои асосии сиёсати давлатӣ
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон, сохторҳои давлатӣ ва дар умум барои ҷомеа чун раҳнамои мукаммали фаъолият пазируфта шудааст.

Ин навбат низ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муайянкунандаи самтҳои асосии сиёсати давлатӣ мебошад, баҳри пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ ва шароити арзандаи зиндагӣ муҳимтарин масъалаҳоро мушаххас намуд.
Дар Паёми навбатӣ стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон, сарчашмаҳои маблағгузорӣ, татбиқи барномавии нақшаҳои рушди иқтисодии мамлакат, идоракунии самаранок ва роҳҳои таъмини афзалиятҳои кишвар чун муҳимтарин мавзуъҳо баррасӣ гардид, ки ҳамаи онҳо ба баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ нигаронида шудаанд.
Мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва дар маҷмуъ, некуаҳволии ҳар фарди кишвар ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат маҳсуб мешавад.
Дар ин самт аз ҷониби давлат хосса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ мешавад, ки бо фараҳмандии эътимод ва умедро ба ояндаи неку дурахшон боз ҳам бештар мегардонад.
Тайи 10 соли охир, яъне дар давраи татбиқи ду барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар, ки марҳилаҳои фосилавии иҷрои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030-ро дар бар мегирад, ба хотири расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ бисёр иқдомҳои муҳимму самарабахш амалӣ карда шудаанд.
Дар натиҷа ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 3,4 баробар зиёд гардида, иқтисоди миллии мо ҳар сол ба ҳисоби миёна 7,6 фоиз афзоиш ёфт.
Барои таъмин намудани рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 670 милиард сомонӣ аз ҷумла 159 милиард сомонӣ сармояи хориҷӣ равона гардидааст.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ин давра маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 2,7 баробар афзоиш ёфта, аз 6000 сомонии соли 2015 ба 16,4 ҳазор сомонӣ дар соли 2025 расонида шуд.
Аҳолии кишвар аз 8,5 миллион нафари соли 2015 ба 10,7 миллион нафар дар соли 2025 баробар шуд, яъне 26 фоиз зиёд гардид ва нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ аз 70 ба 77 сол расид.
Дар ин муддат сатҳи камбизоатӣ то 19 фоиз коҳиш ёфтааст.
Даромади пулии аҳолӣ аз 26 миллиард сомонӣ соли 2015 ум то 165 миллиард сомонӣ дар соли 2025, яъне беш аз 6 баробар афзоиш ёфтааст.
Нишондиҳандаҳои мазкур то рафт бо зиёдшавии бештар ба қайд гирифта мешавад ва музди меҳнату андозаи нафақа низ ҳар сол афзоиш меёбад.
Инак дар асоси пешниҳоди Паём бо дарназардошти имкониятҳои имрӯзаи иқтисодӣ ва зарурати боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ аз 1-уми сентябри соли 2026 ум дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф аз ҷумла, муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 %, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифҳи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 % зиёд карда мешавад.

Музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот низ 20 % зиёд шуда, ҳадди ақали музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар ба андозаи 1300 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда хоҳад шуд.
Дар баробари ин, бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ аз 1-уми сентябри соли 2026 ум нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” ва андозаи нафақаи заминавӣ на кам аз 15 % аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия ё худ зиёд карда мешавад.
Ҳамин гуна, бо таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ ҳар сол аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи сиёсати иҷтимоӣ давлату Ҳукумати мамлакат бо мақсади тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия тадбирҳо андешида шуда, маоши амалкунанда ва нафақаву стипендияҳо баланд бардошта мешавад, аз ҷумла дар соли 2026 низ.
Чунин падидаи нек бо руҳбаландсозии аҳолии кишвар эътимодро ба ояндаи нек дучанд намуда, ҷиҳати боз ҳам рушду инкишофи мамлакат мусоидат менамояд.
Умуман дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ кулли масоили ҳалталаби ҷомеа ва роҳҳои рушди босубот дақиқ матраҳ шуда, тадбирҳо дар роҳи зиёд шудани гардиши савдои хориҷӣ, истеҳсоли молҳои ватанӣ, содиротӣ ва дигар нақшаҳо барои болоравии сатҳи зист дар ҷумҳурӣ дар қатори тамоюл ва хусусиятҳои мушаххаси рушди ҷаҳони муосир баррасӣ мешаванд, ки нишондиҳандаҳои он аз ҷониби ҷомеа ҳамчун дастурамал истифода мегардад.
Имрӯз тамоми ҷанбаҳои ҳаётан муҳимми ҷомеа бо нақши беандоза ҷаззобу раҳнамоикунандаи Паём асос ёфта, татбиқи нишондиҳандаҳои он то имрӯз ба натиҷаҳои назаррас ва муваффақиятҳои пайдарҳам баҳогузорӣ мегардад.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ҳуҷҷати асосии стратегӣ тамоми ҷанбҳаҳои ҷомеаро дар бар гирифта, вазифаҳо ва амалҳои дарпешистодаро мураттаб ва матраҳ намудааст.
Дар ин замина ҳолати кунунӣ ва фардои ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии давлат бо дарназардошти ҳама гуна падидаҳои ҷаҳони муосир ба монанди буҳронҳои гуногуни ҷаҳонӣ дигаргуниҳо дар сиёсати геопалитикӣ ва мушкилоти марбут ба он, аз ҷумла таъсири равишу омилҳои дигаргуншавии табиат як нав сипар ё худ нақшаи амалест, ки таъминкунандаи некуаҳволӣ дониста мешавад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ, молия ва муносибатҳои пуливу қарзиро маҳз бо такя бо ин ҳуҷҷати мукаммали таъминкунандаи рушд татбиқ намуда, барои фароҳам овардани фазои хуби сармоягузорӣ ба соҳаҳои иқтисодӣ ва пеш аз ҳама соҳаҳои саноат тадбиру чораҳои мушаххасро амалӣ менамояд.
Ҳамин тавр, вазифаҳо барои фаъолияти оянда бо назардошти дастуру вазифаҳои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити то рафт шиддат гирифтани равандҳои манфӣ аз ҳар нафар масъулияти ҷиддиро талаб карда, барои татбиқи нишондиҳандаҳо ва дастовардҳо бештар иттиҳоду ҳаммаромиро дар рушди кишвар тақозо хоҳад намуд.
Сардори шуъбаи ҳифзи давлатии
ҳуқуқ ба баробарӣ ва озодӣ аз табъиз
Маҷидзода П.Б









