Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

January 2026
M T W T F S S
1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31

Масъалаҳои рушди ҷавонон ва фароҳам овардани шароити муносиб барои кӯдакон дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими сиёсӣ ва стратегӣ самтҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии кишварро муайян менамояд. Дар Паёми навбатӣ масъалаҳои рушди ҷавонон ва фароҳам овардани шароити муносиб барои кӯдакон ҳамчун яке аз афзалиятҳои калидии сиёсати иҷтимоии давлат мавқеи махсусро ишғол мекунанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки рушди устувори давлат ва ташаккули ҷомеаи пешрафта бевосита аз сатҳи маърифату касбомӯзии насли ҷавон вобастагӣ дорад. Дар ин замина, баланд бардоштани сатҳи саводнокӣ, рушди маънавӣ ва омода намудани ҷавонони соҳибкасб ҳамчун вазифаи муҳими давлат ва ҷомеа муайян гардидааст. Таҷрибаи таърихӣ собит менамояд, ки дур мондани ҷомеа аз илму дониш метавонад боиси паҳншавии хурофот, таассуб ва ақибмондагии иҷтимоӣ гардад. Аз ин рӯ, рушди соҳаи маориф масъалаи дорои аҳамияти стратегӣ ва сарнавиштсоз арзёбӣ мешавад.

Дар Паёми Президенти кишвар сиёсати давлатии кор бо ҷавонон ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ муаррифӣ гардидааст. Давлат ҷавононро неруи асосии пешбарандаи ҷомеа эътироф намуда, ба ҳисси баланди худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ ва масъулиятшиносии онҳо такя мекунад. Имрӯз ҷавонони Тоҷикистон дар соҳаҳои идоракунии давлатӣ, иқтисод, илм, маориф, фарҳанг ва соҳибкорӣ фаъолона иштирок намуда, дар рушди кишвар саҳми назаррас мегузоранд.

Сарвари давлат бо итминон изҳор доштанд, ки ҷавонони даврони истиқлол минбаъд низ дар пешрафти иқтисоди миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва ободии Ватан нақши муассир хоҳанд гузошт. Ин эътимод масъулияти кормандони мақомоти давлатиро ҷиҳати татбиқи самараноки сиёсати ҷавонон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ҳамаҷонибаи онҳо боз ҳам бештар мегардонад.

Ҳамзамон, дар Паём ба масъалаҳои ҳаёти кӯдакон ва наврасон диққати махсус дода шудааст. Давлат ҷиҳати беҳтар намудани шароити таҳсил, тарбия, рушди зеҳнӣ ва ҷисмонии онҳо тадбирҳои пайгирона амалӣ менамояд. Кӯдакон ва наврасон ҳамчун насли ояндасози миллат арзёбӣ гардида, сармоягузорӣ ба онҳо сармоягузорӣ ба ояндаи давлат маҳсуб меёбад.

Яке аз масъалаҳои муҳими дар Паём матраҳгардида бозбинии низоми маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ мебошад. Гузариш ба низоми сарикасӣ ё фармоиши давлатӣ ба истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ ва мутобиқ намудани низоми таҳсилот ба талаботи бозори меҳнат мусоидат хоҳад намуд.

Дар баробари ин, такмили Стратегияи миллии рушди маориф барои давраи то соли 2030, таҳлили натиҷаҳои татбиқи Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин шаффофсозии низоми кредитии таҳсилот аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими муайянгардида мебошанд. Ин тадбирҳо барои рушди илму техника ва иқтисоди муосир заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Дар Паём ҳамчунин ба масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус русӣ ва англисӣ, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардидааст. Омӯзиши забонҳои хориҷӣ яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани рақобатпазирии ҷавонон дар бозори меҳнати дохилӣ ва байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.

Дар фарҷом, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки таълиму тарбияи кӯдакон ва наврасон масъулияти умумимиллӣ мебошад. Ояндаи давлат ва ҷомеа аз ташаккули насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибмаърифат ва дорои ҳисси баланди ватандӯстӣ вобастагии мустақим дорад.

Хулоса, татбиқи пайгиронаи дастуру супоришҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ироашуда вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як корманди мақомоти давлатӣ маҳсуб меёбад. Танҳо дар сурати масъулияти баланд, риояи қонуният ва хизмати софдилона ба мардум метавон барои ҷавонон ва кӯдакон шароити арзандаи зиндагӣ, таҳсил ва рушдро фароҳам оварда, дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми муносиб гузошт.

Низомов А.Б.-Муовини

сардори Шуъбаи ҳифзи

давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки

Дастгоҳи Ваколатдор оид

ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор