Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати раҳнамо
Паёмҳои Президент ба парламент як ҳуҷҷати намунавӣ, санади расмӣ, барномасоз, муайянкунанда ва дастурест, ки ҷиҳати амалӣ намудани фаъолияти сохторҳои давлатӣ раҳнамо аст. Бо мазмуну моҳияти худ Паёми Президент дар таҷрибаи давлатдории муосир ифодакунандаи принсипҳои давлати соҳибистиқлол, демократӣ ва ҳуқуқбунёд буданро нишон медиҳад.
Ҳуҷҷати раҳнамо будани Паёми Президент дар он ифода меёбад, ки самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат мавриди таҳлил қарор дода шуда, барои солҳои оянда вазифагузорӣ карда мешаванд.
Баъд аз ироа гардидани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати кӯтоҳ Нақша чорабиниҳо вобаста ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Паём вазифагузорӣ мешаванд, таҳия гардида, ба вазорату идораҳои мамлакат ҷиҳати иҷрои он ирсол мегардад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як Паёми худ як масъалаи муҳимро эълон менамояд ва ҷиҳати иҷрои он дасуру супоришҳо медиҳад. Яке аз масъалаҳои муҳим ин аст, ки 30-юми апрели соли 2007 Президенти мамлакат дар Паёмашон таъкид намуданд, ки давлати мустақили Тоҷикистон содиқ будани худро ба уҳдадориҳои байналмилалии ба зимма гирифтааш дар амал нишон дода, то имрӯз талаботи ҳамаи конвенсияҳо оид ба ҳуқуқи инсонро иҷро карда истодааст.
Бо мақсади пурзӯр намудани фаъолият дар ин бахш ва густариши минбаъдаи раванди демократикунонии ҷомеа, инчунин, баланд бардоштани сатҳи ҳимояи ҳуқуқи инсон чунин шумориданд, ки дар мамлакат вақти таъсис додани ниҳоди миллии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон расидааст.
Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки ин сохтор ҳамчун яке аз ниҳодҳои демократӣ бояд робита ва ҳамкории мақомоти давлатиро бо ҷомеаи шаҳрвандӣ боз ҳам тақвият диҳад ва барои таъсиси чунин сохтор тадбирҳои ташкиливу ҳуқуқӣ андешиданро дастур доданд. Дар натиҷа соли 2008 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардида, аз соли 2009 мақомоти мазкур ба фаъолият шуруъ намуд.
Соли 2023 Президенти мамлакат дар Паёмашон ҷиҳати дар соли 2024 дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани сиюмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастур доданд, ки ҳаммаи имкониятҳои худро сафарбар намоянд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ин ҷашни бузург қайд намуданд, ки Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарин мебошад, ки амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва озодонаро муҳайё сохтанро таъкид намуданд.
Президенти кишвар ба ифтихори ин санаи бисёр муҳимми таърихӣ соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон карданро пешниҳод намуданд ва соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқи” эълон гардид. Дар соли 2024 роҳбарият ва кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон қабули сайёри шаҳрвандон, чорабиниҳои иттилоотӣ, семинару мизҳои мудаввар, баромадҳо дар васоити ахбори омма, тибқи даъват дар чорабиниҳои дигари мақомот маърузаҳо намуданд ва дигар корҳоро вобаста ба “Соли маърифати ҳуқуқи” ба иҷро расониданд.
Дар Паёми соли 2024 Президенти мамлакат то охири соли 2025 таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намудани лоиҳаи “Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026-2030”-ро ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш доданд.
Инчунин, огоҳ намуданд, ки дар ҳуҷҷати зикршуда ба масъалаҳои рушди сармояи инсонӣ, тақвияти иқтидорҳои истеҳсолӣ ва истифодаи технологияҳои муосир, ташкили истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатнок бо арзиши баланди иловашуда, пайванди илм бо истеҳсолот ва ташаккул додани иқтисоди ба дониш ва ихтироъкориву навоварӣ асосёфта таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карданро, таъкид намуданд.
Дар замони муосир шарти асосии рушду пешрафти давлату ҷомеа рақамикунонии иқтисодиёт ва роҳандозии барномаҳои рақамиву электронӣ арзёбӣ мегардад. Президенти Тоҷикистон дар Паёми худ соли 2024 зикр намуданд: “Ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон карда шавад”.
Ҳамзамон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки то охири соли 2025 ҳамаи намуди пардохтҳо ба таври ғайринақдӣ дар соҳаҳои буҷетӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ пурра таъмин карда шавад. Пардохтҳои ғайринақдӣ яке аз роҳҳои асосии таъмин намудани шаффофияти амалиёти хизматрасонӣ, баҳисобгирӣ ва пешгирии коррупсия буда, тадбирҳои мазкур имкон медиҳад, ки дар рушди ҷомеа ва давлат боз ҳам қадамҳои устувор гузорад.
Ҳамаи мо шоҳиди он ҳастем, имрӯзҳо коргузорӣ тариқи электронӣ бо барномаи эдо бо суръат пеш рафта истодааст, ки дастрасии мактубҳо байни мақомот ва дохилиидоравиро осон ва зуд дастрас шуда истодааст.
Натиҷаи пардохтҳои ғайринақдӣ бошад самараи худро нишон дода буҷети давлат барзиёд иҷро шуда истодааст.
Чи тавре дар Паёми имсола дидем, ки Президенти кишвар соли 2026-ро “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худштносиву худогоҳии миллӣ” эълон намуданд.
Вобаста ба ин санаи 17-уми декабри соли 2025 таҳти № 1102 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.
Ҳамаи моро зарур аст, ки тибқи нақша чорабиниҳое, ки барои иҷрои фармони мазкур тасдиқ мегардад, бояд онро софдилона поквиҷдонона ба иҷро расонем ва саҳми худро дар ободии Ватани азизамон гузошта бошем.
Қайд кардан ба маврид аст, ки Роҳбарият ва кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон то ин дам саҳмгузор буданд ва минбаъд низ кӯшиши самгузории бештар хоҳанд намуд.
Роҳбари Дастгоҳи
Ваколатдор оид ба
ҳуқуқи инсон дар
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бобохонзода Саидалӣ









