Ҷавонон – неруи созанда ва пешбарандаи ҷомеа
(Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 16.12.2025)
Мусаллам аст, ки ҳамасола аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ Паёмҳое ироа мегардад, ки ҳамаи ҷанбаҳои рушди давлатиро дар бар мегиранд. Воқеан ҳам ҳар як вохӯриҳо ва суханрониҳои Пешвои миллат бо табақаҳои гуногуни ҷомеа ба масоили муҳими сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеаи башар равона шуда, баҳри рушди устувори минбаъдаи кишвар ироа мегарданд. Дар шароити ҷаҳони муосир, ки равандҳои ҷаҳонишавӣ, рақобати шадиди сиёсиву иқтисодӣ ва таҳдидҳои нави иҷтимоӣ ба сарнавишти давлатҳо таъсири амиқ мерасонанд, масъалаи ҷавонон ба яке аз самтҳои калидии сиёсати давлатии аксари кишварҳо табдил ёфтааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо дарки амиқи аҳамияти стратегӣ доштани насли ҷавон сиёсати давлатии кор бо ҷавононро ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири сиёсати иҷтимоии худ муайян намуда, онро дар меҳвари барномаҳо, стратегияҳо ва санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ қарор додааст. Ин мавқеъгирии сиёсӣ дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба таври равшан ифода гардида, бар нақши ҷавонон, ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа, ба таври мунтазам таъкид мешавад.
Зимни суханронӣ дар Паёми имсолаи худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки: “Мо сиёсати давлатии кор бо ҷавононро ҳамчун самти калидӣ дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат арзёбӣ намуда, барои самаранок амалӣ гардидани он аз тамоми имкониятҳо истифода карда истодаем. Зеро ҷавонони мо неруи асосии пешбарандаи ҷомеа мебошанд ва мо бо ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии онҳо ифтихор мекунем”.
Дар ҳақиқат, татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ дар маркази таваҷҷӯҳи Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Ҷавонон дар Паёми Президент ҳамчун қувваи созанда ва фаъоли ҷомеа муаррифӣ мешаванд, ки имрӯз дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва илмӣ-маърифатии кишвар саҳми назаррас доранд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои давлати мо ҷиҳати нигоҳ доштани сулҳу субот дар мамлакат, таъмини шароити муносиби иҷтимоии зиндагӣ барои ҳамаи сокинон ба хусус ҷавонони мамлакатамон саъю кӯшиши зиёд ба харҷ додаанд. Имрӯз ҷавонони мо ҳамчун қувваи бузург барои кишвар эътироф шудаанд.
Зеро имрӯз, аз нуқтаи назари демографӣ, Тоҷикистон дар ҳоли рушди доимӣ қарор дорад ва беш аз нисфи аҳолӣ, яъне қувваи асосии пешбарандаи онро ҷавонон ташкил медиҳанд. Табиист, ки рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мамлакати моро бе иштироки фаъолонаи чунин қувваи бузург тасаввур кардан ғайриимкон аст.
Пешвои миллат ҳамчунин иброз намуданд, ки: “Имрӯз ҷавонони мо бо кору фаъолияти созандаи худ дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвари соҳибистиқлоламон саҳми бузург доранд. Ҳоло дар кишварамон соҳае нест, ки ҷавонон дар он нақши фаъол надошта бошанд”.
Воқеан ҳам дар ҷомеаи муосир мавқеи ҷавонон дар рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ хеле муҳим аст, зеро ин табақаи ҷомеа ғояҳои тоза ва нав дорад, қувваи муҳими пешбарандаи иқтисодиёт мебошад ва метавонад истифодаи васеи технологияҳои муосирро дар истеҳсолот таъмин намояд.
Иброз дошт, ки Сарвари давлат дар ҳама соҳаҳо нақши ҷавононро дар бунёди ҷомеаи муосир қувваи бузурги арзишманд ва ҳавасмандкунанда мешуморанд. Ҳамеша ташаббусҳо ва пешниҳодҳои созандаи ҷавононро дастгирӣ мекунанд, барои амалӣ намудани онҳо имконият фароҳам меоранд. Пешвои миллат ба ҷавонон бо эътимод муроҷиат намуда, онҳоро ба ояндаи дурахшон ва расидан ба ҳадафҳои наҷибу созандаи давлатдории миллии мо даъват менамоянд.
Ҷавонон на танҳо ояндаи кишвар, балки қудрати имрӯзаи он низ мебошанд. Иқтидори зеҳнӣ, фаъолияти шаҳрвандӣ, рӯҳияи соҳибкорӣ ва тасаввуроти фарҳангии ҷавонон барои рушди ҷомеа ва давлат замина фароҳам меорад. Дастгирӣ ва сармоягузорӣ ба ҷавонон калиди ояндаи муваффақ ва устувор мебошад. Аз ин рӯ, фароҳам овардани шароит барои амалӣ намудани иқтидори ҷавонон, фароҳам овардани имкониятҳо барои омӯзиш, рушди касб ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ муҳим аст. Сармоягузорӣ ба ҷавонон сармоягузорӣ ба оянда аст, ки дар шакли ҷомеаи рушдёбанда ва динамикӣ самара медиҳад.
Бинобар ин, мо ҷавононро зарур аст, ки аз шароити мусоид, ки Ҳукумати мамлакат барои мо фароҳам овардааст, имкониятҳои худро самаранок ва оқилона истифода бурда, тамоми кӯшишҳои худро ба омӯзиш, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, шукуфоӣ ва пешрафти сарзамини ниёгон, ҳифзи Ватан, рушди илму техника ва инноватсия равона созем.
Нозир – коргузори дастгоҳи
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Саидмуродов Шаҳзод









