Паёми ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муҳимтарин санади сиёсӣ ва барномавии давлат ҷиҳати муайян намудани самтҳои афзалиятноки рушди кишвар нақши калидӣ мебозад. Ин паёмҳо на танҳо дастуру ҳидоят, балки роҳнамои кору фаъолияти тамоми сохторҳо ва ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошанд.
Дар ҳар Паём Пешвои миллат вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии соли сипаришударо таҳлил намуда, вазифаҳои нави солро муайян мекунанд. Минбаъд, дар давраи “аз Паём то Паём” маориф, соҳибкорон ва шаҳрвандони фаъол ба иҷрои барномаҳо, ҳадафҳо ва тадбирҳои пешниҳодшуда машғул мешаванд. Ин давра дар ҳақиқат марҳилаи созандагӣ, ҷустуҷӯйи роҳҳои нав ва татбиқи ташаббусҳои муҳим дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёти кишвар аст.
Ироаи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 16 декабри соли 2025 баргузор гардид, рӯйдоди муҳими сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар ба шумор меравад. Ин санад ҳамчун роҳнамо барои ҳаракати минбаъдаи ҷомеа дар асри XXI хизмат мекунад.
Паёми Пешвои миллат ҳамчун роҳнамои боэътимод барои рушду пешрафти Тоҷикистон, таҳкими сулҳу субот, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва тақвияти нақши матбуот дар ҳаёти ҷомеа арзёбӣ гардид.
Паём бо руҳияи масъулиятшиносӣ, дурбинӣ ва такя ба манфиатҳои миллӣ пешниҳод гардида, ояндаи Тоҷикистонро дар пайвастагӣ бо равандҳои ҷаҳонӣ нишон медиҳад.
Яке аз паҳлуҳои муҳими паём таъкиди суботи сиёсӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад. Бо шарофати иҷрои дастуру супоришҳои паёмҳои солона, давоми солҳои охир Тоҷикистон ба дастовардҳои муҳими иқтисодӣ ноил гардид. Сохта шудани корхонаҳои нави саноатӣ, рушди энергетика, пешрафти кишоварзӣ ва беҳтар гардидани инфрасохтор аз натиҷаҳои асосии ин раванд ба шумор мераванд. Аз Паём то Паём сатҳи зиндагии мардум боло меравад, имкониятҳои кору таҳсил васеъ мегарданд ва фазои соҳибкорӣ рушд меёбад.
Дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди соҳибкорӣ таваҷчуҳи ҳаматарафа зоҳир карда шудааст. Дар давраҳои “аз Паём то Паём” садҳо корхонаҳои замонавӣ навсозӣ шуда, барномаҳои дастгирии соҳибкори амалӣ мегарданд.
Аз муҳтавои Паёми ироашуда ба Маҷлиси Олӣ бармеояд, ки дар низоми кунунии сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи соҳибкорӣ манзалати хосса доранд. Дар ин хусус Пешвои муаззами миллат таъкид намудаанд, ки “ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ҳама пешравию пирӯзии ҳар давлат аз рушди соҳибкорӣ таъмин мегардад”.
Ҳамзамон, ҳадди ақали музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ самти муҳимми фаъолияти Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад ва тадбирҳои солҳои охир амалигардида ба рушди ин соҳаҳо такони ҷиддӣ бахшидаанд.
Паём рушди сармояи инсонӣ – маориф, илм ва тандурустиро ҳамчун омили калидии ояндаи давлат муаррифӣ мекунад. Афзоиши маблағгузорӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ, ислоҳоти низоми таҳсилот, таваҷҷуҳ ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва рушди илмҳои муосир нишон медиҳанд, ки давлат ба тарбияи насли босавод ва рақобатпазир аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳад. Ин раванд ояндаи устувори ҷомеаро таъмин менамояд.
Ҷанбаҳои иҷтимоии Паём низ аҳаммияти хос доранд. Баланд бардоштани маош, нафақа ва ҳадди ақалли музди меҳнат, инчунин индексатсияи нафақаҳо аз 1 сентябри соли 2026, нишонаи сиёсати иҷтимоии инсонмеҳвар мебошад. Таъкид гардид, ки баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ҳадафи олии давлат боқӣ мемонад.
Воқеан, рушди соҳибкорӣ шарти асосии пешрафти тамоми соҳаҳо ва муҳимтарин омили таъмини рушди иқтисод ва суботи иҷтимоии ҷомеа мебошад.
Паёми Пешвои миллат ҳамчунин, ба рушди соҳибкорӣ равона шудааст. Хулоса ҳар нуктаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар вазъияти зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза фарогири масоили хеле муҳим барои рушду инкишофи соҳибкорӣ ба ҳисоб меравад.
Имрӯз, моро зарур аст, ки иҷрои тамоми дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар фаъолияти рӯзмарраи корӣ сари вақт ва босифат таъмин намуда, барои рушди соҳибкории мамлакат масъулияти бузурги шаҳрвандӣ эҳсос намоем.
Сабзов Абдуқодир Рахмонович - муовини сардори шуъбаи
ҳифзи давлатии ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ
ва ҳуқуқи соҳибкорони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон









