НАҚШИ ОМӮЗГОР ДАР ҶОМЕАИ МУОСИР ВА ҲУҚУҚУ УҲДАДОРИҲОИ Ӯ ДАР ПАРТАВИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР»
Маориф ҳамчун пояи асосии рушди устувори ҷомеа ва давлат ҳамеша дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Дар ин раванд нақши омӯзгор ниҳоят бузург ва ҳалкунанда мебошад, зеро маҳз омӯзгор шахсияти насли наврасро ташаккул дода, заминаи маънавию зеҳнии ояндаи давлату миллатро мегузорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 ба масъалаи илму маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, таъкид карданд, ки «рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафта вобаста аст».
Дар шароити муосир омӯзгор на танҳо интиқолдиҳандаи дониш, балки тарбиятгари инсони комил, ватандӯст, соҳибмаърифат ва масъули ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ, ҳифзи ҳуқуқ, шаъну шараф ва таъмини фаъолияти самараноки омӯзгор аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини давлат ба ҳисоб меравад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ эълон намуда, пайваста ба ин соҳа таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоянд.
Дар Паёми соли 2025 зикр гардид, ки “Ҳукумати мамлакат маблағгузории соҳаи маорифро мунтазам зиёд намуда, ҳар сол ҳаҷми умумии он беш аз 21 фоизи хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад”.
Бояд қайд намуд, ки барои соҳаи маориф дар соли 2026 аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2025-ум 25,4 фоиз ва нисбат ба соли 2015-ум панҷуним баробар зиёд мебошад ва ин рақамҳо гувоҳи равшани онанд, ки давлат маориф ва омӯзгорро ҳамчун сармояи стратегӣ арзёбӣ мекунад.
Ҳамзамон, Президенти мамлакат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазифадор намуданд, ки Стратегияи миллии рушди маориф барои давраи то соли 2030-ро ҳамаҷониба таҳлил намуда, мутобиқ ба ҳадафҳои нави рушди соҳа такмил диҳанд. Ин иқдом ба баланд бардоштани сифати таҳсилот ва мақоми иҷтимоии омӯзгор равона гардидааст.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид шудааст, ки масъулияти таълиму тарбияи фарзандон танҳо ба дӯши омӯзгор нест, балки падару модарон ва тамоми ҷомеа низ дар ин раванд бояд саҳмгузор бошанд. Пешвои миллат бо истифода аз фурсат ба падару модарон, омӯзгорон ва аҳли ҷомеа муроҷиат намуда, таъкид карданд, ки ба масъалаи нигоҳубин ва таълиму тарбияи дурусти фарзандон бо камоли масъулият муносибат намоянд.
Дар ин замина омӯзгорон вазифадоранд таълимгирандагонро дар руҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба қонун, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, падару модар, арзишҳои фарҳангию миллӣ, таърихӣ ва муқаддасоти миллӣ тарбия намоянд.
Зеро, тибқи ҳидоятҳои Сарвари давлат, “ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад”.
Қобили қайд аст, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 боз як ташаббуси ғамхорона нисбат ба омӯзгорон зоҳир намуда, санаи 17 декабри соли 2025 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» – ро имзо намуданд.
Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» заминаи ҳуқуқии ҳифзи омӯзгор мансуб ёфта, марҳилаи нави таърихӣ дар рушди низоми маориф ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор ба ҳисоб меравад.
Қонуни мазкур мақом, ҳифзи ҳуқуқ, кафолатҳои иҷтимоӣ ва таъмини иҷрои самараноки уҳдадориҳои омӯзгорро танзим менамояд. Тибқи талаботи Қонун мақоми омӯзгор ин вазъи ҳуқуқӣ, шаъну шараф, таъминоти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва дахлнопазирии фаъолияти касбии омӯзгор дар ҷомеа мебошад. Ин таъриф нақши калидии омӯзгорро дар ҷомеа расман эътироф намуда, ӯро ҳамчун шахсияти муҳими иҷтимоӣ муаррифӣ мекунад.
Яке аз меъёрҳои муҳими қонун ин аст, ки шаъну шарафи омӯзгор дахлнопазир буда, аз ҷониби давлат ҳифз карда мешавад. Омӯзгор ҳақ дорад муносибати эҳтиромонаро нисбат ба касби худ аз ҷониби таълимгирандагон ва падару модари онҳо талаб намояд ва ба амалҳое, ки шаъну шарафи ӯро паст мезананд, роҳ надиҳад.
Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» ба омӯзгор таъмини як қатор ҳуқуқу кафолатҳои муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла:
- Фаъолияти озоди касбии омӯзгор аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад;
- Ҳуқуқу манфиатҳои омӯзгор таҳти ҳимояи давлат қарор доранд;
- Омӯзгорони муассисаҳои таълимии томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ аз пардохти андози қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва заминҳои барои сохтмони манзил ҷудогардида озод мебошанд;
- Мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ вазифадоранд шахсият ва фаъолияти касбии омӯзгорро эҳтиром намуда, ба амалӣ гардидани фаъолияти ӯ мусоидат намоянд.
Ин кафолатҳо ба омӯзгор имконият медиҳанд, ки фаъолияти худро бо итминони ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ анҷом диҳад.
Инчунин, дар баробари ҳуқуқҳо, омӯзгор уҳдадориҳои баланд низ дорад, ки риояи онҳо ҳатмӣ буда, эътимоди ҷомеаро нисбат ба омӯзгор баланд менамояд.
Омӯзгор бояд намунаи ахлоқ, фарҳанг, масъулият ва ватандӯстӣ бошад. Зеро, иҷрои софдилонаи уҳдадориҳои касбӣ, эҳтироми қонун ва арзишҳои миллӣ аз омӯзгор масъулияти бузург талаб мекунад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» ҳамчунин муқаррар менамояд, ки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Ин меъёр ҳифзи воқеии мақоми омӯзгорро таъмин мекунад.
Мавриди зикр аст, ки яке аз масъалаҳои муҳим дар назди давлат ин беҳтар намудани вазъи иҷтимоии омӯзгорон мебошад.
Ҷиҳати татбиқи ин маром ва баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагии омӯзгорон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки аз 1-уми сентябри соли 2026 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф 25 фоиз зиёд карда шавад. Ин иқдом нишонаи ғамхории давлат нисбат ба омӯзгорон ва қадршиносии заҳмати онҳо мебошад.
Махсус бояд қайд намуд, ки омӯзгор сутуни асосии ҷомеа ва кафили ояндаи давлату миллат мансуб меёбад. Мусаллам аст, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» мавқеи омӯзгорро дар ҷомеа боз ҳам баланд бардошта, заминаи ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии фаъолияти ӯро мустаҳкам менамоянд. Дар шароити муосир ва ҷомеаи суннатии мо эҳтиром ба омӯзгор, ҳифзи шаъну шарафи ӯ ва фароҳам овардани шароити муносиби кору зиндагӣ вазифаи на танҳо давлат, балки тамоми ҷомеа мебошад.
М. Довудов
муовини сардори ШБТИТ
Дастгоҳи ВҲИ









