9 май –Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ
Ҳамасола 9 май ҳамчун Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар давлатҳои пасошуравӣ бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мегардад.
Ин сана яке аз муҳимтарин саҳифаҳои таърихӣ буда, нишони пирӯзии неруҳои иттифоқӣ ва қаҳрамонии халқҳои шуравӣ, аз ҷумла мардуми Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Ёдовар бояд шуд, ки таҷлили ҳамасолаи ҷашни Ғалаба ҳамчунин иди умумихалқӣ нишони арҷгузорӣ ба қаҳрамонӣ ва анъанаҳои пуршарафи ҷангии падарони шӯҳратманди миллати тоҷик арзёбӣ мегардад.
Таърих гувоҳ аст, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар радифи шаҳрвандони 40 давлати ҷаҳон аз Тоҷикистон 300 ҳазор сокинони ин мамлакати офтобӣ ихтиёран ба фронт рафта, барои таъмини Ғалаба ба фашизм ҷонбозиҳо намудаанд.
Мувофиқи ҳисоботҳои оморӣ аз шумораи 300 ҳазор нафар сокинони Тоҷикистон зиёда аз 90 ҳазор нафари онҳо дар майдони ҷанг ҳалок шудаанд.
Ҳамзамон, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки барои саҳми бузург дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои ҷасорату қаҳрамонӣ 56 нафар ба унвони баланди “Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ” 21 нафар бо се дараҷаи ордени “Шараф” 56 ҳазор нафари дигар бо ордену медалҳо мушарраф гардидаанд.
Имрӯзҳо дар остонаи таҷлили 81-умин солгарди ғалаба бар фашизм қарор дорем. Далериву шуҷоат ва мардонагиву қаҳрамонии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ саҳифаи дурахшони таърихи моро ташкил медиҳад. Маҳз ин ҷоннисориву фидокориҳои онҳо буд, ки тамоми халқҳои давлати шуравӣ аз чанголи фашистон раҳоӣ ёфта, дар фазои сулҳу субот умр ба сар мебаранд.
Қудрату тавоноии артиши шуравӣ аз матонату садоқати афсаронаш ибтидо мегирифт. Аз шуҷоати сарбозонаш, ки розӣ буданд баҳри ҳифзи халқу Ватан ҷони худро фидо кунанд, сарбозони халқи тоҷик низ гувоҳ шуда метавонанд.
Ин ҷанги хонумонсӯз, ки ҷони ҳазорҳо ҳамватанони моро рабуд, чунон ба руҳияи мардум таъсир расонида буд, ки ҳама пиру ҷавон, хурду калон ва ҳатто занон ҳам тайёр буданд, ки ихтиёран ба ҷанг раванд.
Мувофиқи таҳлилҳои солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ халқи меҳнаткаш бошад, баҳри таъминоти озӯқаворӣ ва таъмини сару либоси сарбозон талош меварзиданд. Баҳри ба даст овардани ғалаба на танҳо дар фронт, балки дар ҷабҳаи меҳнат низ мардум якдилона талош меварзиданд.
Ҳамаи ин фидокориву ҷоннисориҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ то имрӯз дар хотираи мардум нақш бастааст ва мардум бо некӣ аз қаҳрамониҳои онҳо, ки баҳри халқу ватан хизмат кардаанд, ёд мекунанд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки бо супориши бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон корнамоиҳои онҳо аз тарафи давлат ва Ҳукумат қадрдонӣ карда шуда, ба онҳо унвонҳои сазовор дода шуда, дар баробари ин кӯчаву хиёбонҳо, гулгашту боғҳо, мактаб ва дигар муассисаҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ба номи қаҳрамонон гузошта шудаанд ва то ҳол ин иқдоми нек идома дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар суханрониашон бо эҳтиром ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ таъкид менамояд, ки хотираи қаҳрамонони ҷанг бояд ҳамеша зинда нигоҳ дошта шавад ва таҷлили Рӯзи Ғалаба бо ифтихор ва дар сатҳи баланди миллӣ ҷашн гирифта шавад.
Ба инобати ин гуфтаҳо мо шоҳиди он мегардем, ки 9-май дар тамоми гушаву канори кишвари азизамон чорабиниҳои гуногуни сатҳи баланд баргӯзор гардида, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва собиқадорони меҳнат бо эҳтироми хос қадрдонӣ мешаванд. Бо баргузории намоишҳо, мулоқоту суҳбатҳо ва гузоштани гулчанбар ба пояи муҷассамаҳои шаҳидон, ба насли ҷавон сабақи ватандӯстӣ ва гиромидошти сулҳу субот дода мешавад.
Дар ин рӯз, гузашти ҳарбӣ бо иштироки низомиёни Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Пешвои миллат ишора ба он намуданд, ки имрӯз вақте, ки ҷаҳон ба таҳдидҳои нави амниятӣ рӯ ба рӯ аст, ҳифзи сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди бо нангу номуси ватан ба ҳисоб меравад. Таҷрибаи таърихии мардуми мо нишон дод, ки танҳо дар шароити сулҳу ваҳдат ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ метавон ба дастовардҳои воқеӣ ноил гардид.
Ҳамин тариқ, Рӯзи Ғалаба барои мардуми Тоҷикистон на танҳо рӯзи ҷашн, балки рӯзи поси хотираҳо, сабақи таърих ва эҳтиром ба наслҳои гузашта мебошад.
Б.Нозимзода
Сардори шуъбаи ҳифзи давлатии
ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ









