НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
Ваҳдати миллӣ барои мо на танҳо рамзи сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ, балки омили асосии рушди устувори ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
27 июни соли 1997 дар таърихи миллати тоҷик ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст. Ин рӯз, ки барои халқу миллати мо азизу муқаддас гаштааст, ба осонӣ ба даст наомадааст.
Баъди барҳам хурдани Иттиҳоди Шуравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар қатори дигар ҷумҳуриҳои Шуравӣ Истиқлолияти давлатии худро 9 сентябри соли 1991 ба даст овард.
Бояд гуфт, ки пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон мубталои ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ гашт. Вазъи ноороми сиёсӣ ва даргириҳои дохилии шаҳрвандӣ дар он давра садҳо ҳазор одамонро маҷбур сохт, ки тарки ватан намуда, ба дигар кишварҳо фирор намоянд. Бар асари ин ходиса шумораи умумии гурезагони кишварамон, ки дар ҳудуди дигар давлатҳо паноҳ ёфта буданд ва ҳамзамон гурезагони иҷбории дохили кишвар гардиданд. Вазъияти баамаломадаи он давра Ҷумҳурии Тоҷикистонро қариб буд, ки ба парокандагию парешонӣ оварда расонад.
Ҷангҳои мусаллаҳона зиндагии осоиштаи мардумро халалдор намуда, ба соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ зарари калон овард. Баъзе аз мутахассисони варзидаи ватанию хориҷӣ тарки Ватан намуда, ҳазорҳо нафар ҳамватанон дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ҳалок гардиданд. Бисёр ҳамватанони мо бехонаву дар ва ҳазорон нафар кӯдакону наврасон ятим монданд.
Иҷлосияи таърихӣ ва тақдирсози ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 24 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд баргузор гардид, роҳбарияти нави Ҷумҳуриии Тоҷикистонро интихоб намуд. Дар чунин вазъи душвор ва мураккаб маҳз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷасорат ва дарки масъулияти баланд ин рисолати ҳаётан муҳим, яъне раҳо кардани давлати тозаистиқлоли тоҷикон аз вартаи нестӣ ва таъмини сулҳу осоишро ба души худ гирифт ва аз ҳамон вақт сар карда, сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи мусбат комилан дигаргун гашт.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари ба мақоми олии мамлакат нишастан, дар муроҷиат ба халқи шарифи Тоҷикистон аз 12 декабри соли 1992 зимни нахустсавганди ёднамудааш гуфта буд: “Тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои шукуфоии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам…”
Ҷиҳати баргардонидани гурезаҳои тоҷик аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Эмомалӣ Раҳмон ҷони худро дар хатар гузошта, як чанд маротиба ба он ҷо сафар кард ва ҳамватанонамонро бовар кунонд, ки ба Ватан баргарданд, Ватан обод гардида истодааст ва шахсан кафолати ҷони ҳар кадоми онҳоро медод.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввал роҳи ҳалли ихтилофро дар ҷомеа ва ба вуҷуд овардани сулҳу салоҳ дар мамлакатро дар машварат ва гуфтушуниди миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифин медид ва барои амалӣ кардани ин нақша саъю талошҳо меварзид. 16 январи соли 1994 музокирот байни тоҷикон, ки ҳайати Ҳукуматро Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарӣ менамуданд, баргузор гардид.
Марҳилаи муҳимтарин дар раванди сулҳ, гуфтушуниди байни тоҷикон аст, ки моҳи апрели соли 1994 дар шаҳри Масква сурат гирифта буд. Дар ин гуфтушунид нахустин Эъломияи муштарак оид ба оштии миллии устувор дар раванди сулҳи тоҷикон ба имзо расид. Роҳу усулҳои расидан ба сулҳу амонӣ барои тоҷикон зиёда аз се сол идома ёфт. Табиист, ки чунин мулоқотҳо ҳар тараф шартҳои манфиатноки худро пешниҳод менамуд ва билохира 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскваи Федератсияи Русия мулоқот баргузор гардид, ки бо таъсиси Комиссияи оштии миллӣ ва имзои “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ” анҷом пазируфт. Президенти мамлакат бори дигар ба ҳамватанон муроҷиат намуда таъкид доштанд, ки “Бо назардошти ин руҳияи илҳомбахш ва иттиҳоди ҷовидонии миллат айни муддаост, ки рӯзи 27-уми июнро дар кишварамон Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон намоем ва ин санаи фархундаро ҳар сол ба таври умумихалқӣ ид кунем”.
Ҳамаи мо шоҳиди онем, ки фарҳанги сулҳи тоҷикон, ки дар сарчашмаи он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истодааст, аз ҷониби созмонҳои байналмиллалӣ эътироф гардида, ҳамчун таҷриба баҳри истифодаи он дар дигар минтақаҳои даргири сайёра мавриди омӯзиш қадрор гирифтааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари таҳкими ваҳдату ҳамбастагӣ татбиқи барномаи дигаргунсозиҳои иқтисодӣ бо фарогири се самти муайян: додани мустақилият ба иқтисодиёт, тағйири сохторӣ ва дигаргуниҳои институтсионалиро зери назорати қатъӣ қарор дод.
Ҳамин тавр, дар марҳилаи соҳибистиқлолӣ, дастоварди сулҳу ваҳдати миллӣ миллати тоҷикро ба як қатор комёбиҳои беназир мушарраф гардонид аз ҷумла:
- Парчами давлатӣ;
- Нишони давлатӣ;
- Суруди миллӣ;
- соҳиби асъори миллӣ бо номи Сомонӣ. Он рукни асосии истиқлоли давлатӣ дар ислоҳоти соҳаи бонкӣ таъсири муайян расонид. Бешубҳа бо ташаббусҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастовардҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон аз эҳтирому қадрдонӣ ва гиромидошти нахустин сулолаи давлатдории тоҷикон бо сарварии Исмоили Сомонӣ мебошад, ки баъди чандин қарнҳои фаромӯшӣ аз нав эҳё гардид;
- қабули Конститутсия қонуни асосии давлат ба маънои томаш бахтномаи миллат буда, роҳи эъмори ҷомеаи озоду демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии мамлакати мо, ҳамкорӣ ба мамолики сулҳпарвари олам, созмону ташкилотҳои байналмилалиро муайян кард.
Қайд кардан ба маврид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро зиёда аз 192 кишварҳои ҷаҳон расман эътироф карда, бо 183-тои он робитаи дипломатӣ дорад, ки он натиҷаи сулҳу субот ва ваҳдати миллии кишвар аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои минтақавӣ ва аксар созмонҳои байналмилалӣ узвият дошта, аз арзишҳо ва манофеи миллӣ дифоъ мекунад, дар масоили ҷаҳонӣ назари худро матраҳ месозад ва пешниҳодҳои мушаххасро дар бораи ҳалли ин масоил ба миён мегузорад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз минбари созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ташаббусу ибтикорҳои созандаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвар ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷаҳону минтақа, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, маводди мухаддир, ҷиноятҳои муташаккилонаи фаромиллӣ, масъалаҳои экологӣ ва амсоли он ба самъи ҷаҳониён расонида мешавад. Махсусан, силсилаи ташаббусҳои Пешвои миллат дар робита ба ҳалли мушкилоти об дар ҷаҳон, бо таваҷҷуҳ ба аҳаммияти мавзуъ, боиси ба гунаи хос муаррифӣ шудани Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ гардид. Ҳамчунин, ӯ пайваста аз паёмади номатлуби тағйирёбии иқлим бонги хатар зада, зимни таъкид бар зарурати омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо, рушди устувори кишварҳои куҳсор ва таваҷҷуҳ ба рушди энергияи таҷдидшаванда ҷомеаи ҷаҳониро ба иқдому ҳамкории наздик даъват менамояд.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаҳон чун кишвари ташаббускор дар ҳалли масоили глобалӣ ва таъсиргузор дар танзими равандҳои сиёсии минтақа мешиносанд. Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон қадамҳои устувор гузошта, бо пешбурди сиёсати мантиқӣ ва пешниҳодҳои созандааш мавқеи худро истеҳком бахшид ва дар оянда низ бо қадамҳои устувортар дар паҳнои олам нақшофарӣ хоҳад кард.
Мирзоев Ҳ.
Сармутахассиси шуъбаи ҳифзи
давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ









