Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

July 2026
M T W T F S S
1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ХУҶАСТА БОД

Ваҳдати миллӣ яке аз муҳимтарин арзишҳои ҷомеаи муосир ва бузургтарин дастоварди халқи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ мебошад. Агар истиқлолият рамзи озодӣ ва давлатдории миллӣ бошад, ваҳдати миллӣ кафили пойдорӣ ва таҳкими он аст. Таърих собит намудааст, ки ҳеҷ давлату миллат бидуни сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмӣ наметавонад ба пешрафт ва шукуфоӣ ноил гардад. Аз ин рӯ, ваҳдати миллӣ барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон на танҳо як мафҳуми сиёсӣ, балки арзиши муқаддаси маънавӣ ва кафолати зиндагии осоишта мебошад.Чунончи шоир гуфтааст:

 Тоҷикему якдилу ҷонем,

Партави як субҳи тобонем.

  Шуълаи як моҳи шомафрӯз,

Нури як хуршеди тобонем.

Ҷон ба кафи даст гирифта ба мулки афғон рафт,

Аз баҳри сулҳу суботи тоҷикон рафт.     

Имрӯз Тоҷикистон ба шарофати Ваҳдати миллӣ дар роҳи рушду тараққиёт қадамҳои устувор гузошта, ҳамчун кишвари сулҳпарвар ва ором дар ҷаҳон шинохта шудааст. Ин ҳама дастовардҳо маҳз аз баракати сулҳ, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии мардум сарчашма мегиранд.

Ваҳдати миллӣ маънои ягонагӣ, ҳамбастагӣ, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии ҳамаи шаҳрвандони кишварро дорад. Он мардумро новобаста аз миллат, забон, дин ва ҷаҳонбинӣ дар атрофи ҳадафҳои умумимиллӣ муттаҳид месозад. Ваҳдат омили муҳимми таҳкими давлатдорӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва таъмини рушди устувори ҷомеа мебошад. Дар ҷомеае, ки ваҳдат ҳукмфармо аст, эҳтироми мутақобила, таҳаммулпазирӣ ва ҳамкорӣ рушд мекунад. Баръакс, ихтилоф, душманӣ ва ҷудоиандозӣ метавонанд боиси нооромӣ ва ақибмондагии ҷомеа гарданд. Аз ин рӯ, нигоҳ доштани ваҳдат вазифаи муҳимми ҳар як шаҳрванд мебошад.

Солҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо мушкилоти зиёди сиёсӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардиданд. Низоъҳои дохилӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ боиси талафоти зиёди ҷонӣ ва моддӣ шуданд. Ҳазорон нафар ҷони худро аз даст доданд, садҳо ҳазор нафар муҳоҷир ва гуреза гардиданд, иқтисодиёти кишвар зарари калон дид. Дар чунин вазъияти душвор фарзандони фарзонаи миллат барои барқарор намудани сулҳу субот талошҳои зиёд намуданд. Музокироти сулҳ солҳо идома ёфта, ниҳоят бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба анҷом расид. Ин санади тақдирсоз ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшида, роҳи рушди минбаъдаи давлатро ҳамвор намуд. Аз ҳамон вақт ҳар сол 27 июн ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил мешавад. Ин рӯз на танҳо ҷашн, балки рамзи сулҳ, оштӣ ва пирӯзии хирад бар низоъ мебошад.

Пас аз барқарор гардидани сулҳ ва ваҳдати миллӣ Тоҷикистон имконият пайдо кард, ки ба рушди иқтисодиёт диққати бештар диҳад. Дар тӯли солҳои истиқлолият садҳо корхонаҳои истеҳсолӣ, роҳҳо, пулҳо, нақбҳо, мактабҳо ва беморхонаҳо сохта шуданд.

Аз ҷумла лоиҳаҳои бузурги энергетикӣ, неругоҳи барқи обии Роғун, маҳз дар фазои сулҳу субот амалӣ гардида истодаанд. Пешрафти соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, нақлиёт ва сайёҳӣ низ ба шарофати фазои ороми кишвар имконпазир шудааст. Сармоягузорони хориҷӣ ва шарикони байналмилалӣ низ бештар ба кишварҳое таваҷҷуҳ мекунанд, ки дар онҳо сулҳу субот ва амният таъмин бошад. Аз ин рӯ, ваҳдати миллӣ барои рушди иқтисодӣ ва баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум аҳаммияти бузург дорад.

Фарҳанг яке аз муҳимтарин рукнҳои ҳастии миллат мебошад. Дар шароити сулҳу ваҳдат фарҳанги миллӣ рушд намуда, арзишҳои маънавӣ ҳифз ва густариш меёбанд. Имрӯз дар Тоҷикистон ҷашнҳои миллӣ, озмунҳои фарҳангӣ, фестивалҳо ва чорабиниҳои гуногун баргузор мешаванд, ки барои таҳкими дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ байни мардум мусоидат мекунанд. Эҳтиром ба забони давлатӣ, таърих, адабиёт ва анъанаҳои миллӣ яке аз самтҳои муҳимми сиёсати фарҳангии кишвар мебошад. Ваҳдат ба рушди илму маориф низ таъсири мусбат расонида, барои таълиму тарбияи насли соҳибмаърифат шароити мусоид фароҳам овардааст.

Қобили зикр аст, ки  ҷавонон қишри фаъол ва неруи пешбарандаи ҷомеа мебошанд. Ояндаи кишвар аз сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ ва ҳисси масъулиятшиносии онҳо вобаста аст. Имрӯзҳо ҷавонон бояд қадри сулҳу ваҳдатро донанд ва барои ҳифзи он кӯшиш намоянд. Онҳо бояд ба донишомӯзӣ, азхудкунии касбу ҳунар, рушди технологияҳои нав ва хизмат ба Ватан диққати бештар диҳанд.

Дар замони ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ ҷавонон бояд аз таъсири ғояҳои ифротгароӣ, терроризм ва дигар падидаҳои номатлуб дурӣ ҷӯянд. Муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ҳисси масъулият дар назди ҷомеа бояд роҳнамои фаъолияти онҳо бошад.

Ватандорӣ муҳаббат ба сарзамин, садоқат ба давлат ва омодагӣ барои хизмат ба манфиатҳои миллӣ мебошад. Ватандӯст шахсест, ки барои пешрафти кишвар саҳм мегузорад, қонунҳоро эҳтиром мекунад ва дар ҳифзи манфиатҳои ҷомеа фаъолона иштирок менамояд. Ватандорӣ танҳо дар сухан нест. Он дар меҳнати ҳалол, донишомӯзӣ, эҳтиром ба таърих ва фарҳанги миллӣ, ҳифзи табиат ва саҳмгузорӣ дар ободонии кишвар зоҳир мегардад. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд дарк намояд, ки рушди давлат аз фаъолияти созандаи худи онҳо вобаста аст. Агар ҳар шахс вазифаи худро софдилона иҷро кунад, кишвар боз ҳам ободу пешрафта хоҳад шуд.

Ҳифзи ваҳдати миллӣ танҳо вазифаи давлат нест, балки масъулияти ҳар як шаҳрванд мебошад. Барои таҳкими ваҳдат зарур аст, ки эҳтироми қонунҳо ва арзишҳои давлатӣ, таҳкими дӯстӣ ҳамдигарфаҳмӣ байни мардум, эҳтиром ба фарҳанг, анъанаҳои миллӣ, мубориза бар зидди ифротгароӣ, тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ, саҳмгузорӣ дар ободонӣ ва рушди кишвар.

Ҳар қадар сатҳи худшиносии миллӣ баланд бошад, ҳамон қадар ваҳдати миллӣ устувортар мегардад. Ваҳдати миллӣ дастоварди беназир ва сарвати гаронбаҳои халқи тоҷик мебошад. Он барои барқарор шудани сулҳу субот, рушди иқтисодӣ, пешрафти фарҳанг ва таҳкими давлатдории миллӣ заминаи устувор фароҳам овардааст. Имрӯз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон вазифадор аст, ки барои ҳифз ва таҳкими ин неъмати бебаҳо саҳми арзандаи худро гузорад. Сулҳу ваҳдат асоси зиндагии осоишта, кафили амният ва шарти муҳимми рушди ҷомеа мебошанд. Мо бояд ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем, Тоҷикистон дар оянда низ ҳамчун давлати ободу пешрафта ва соҳибнуфуз рушд хоҳад кард. Ваҳдати миллӣ чароғи роҳи фардои миллат, пояи сулҳу субот ва сарчашмаи ватандории ҳар як фарзанди Тоҷикистон мебошад.

 

Сабзов Абдуқодир Рахмонович

- муовини сардори шуъбаи ҳифзи

 давлатии ҳуқуқи истифодабарандагони

хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи

 соҳибкорони Дастгоҳи Ваколатдор оид

 ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор