«Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст,
ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хоса ва мақому мавқеи муносибро
дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо карда, набзи давлату миллати моро бо набзи сайёра ҳамсадо месозад».
Эмомалӣ Раҳмон
Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди миллати тоҷик аст. Халқи азизамон хуб дар хотир дорад, ки дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта давлати тозаистиқлоли мо дар гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ буд, ки бар асари он тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар ба буҳрони амиқ рӯ ба рӯ шуд. Чунин вазъи фалокатбор аз ҳар фарди ватандӯсту солимфикр тақозо кард, ки такя ба суннатҳои деринаи давлатдорӣ ва хиради мардуми фарҳангсолори тоҷик ҳар чи зудтар оташи ҷангро хомӯш карда, тамоми имкониятҳоро барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳолати парешонӣ қарордошта, таъмини суботу оромӣ ва барқарор кардани фаъолияти сохтору мақомоти фалаҷгардидаи давлатӣ сафарбар созад.
Хушбахтона сиву панҷ сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад: Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Ин ҳодисаи фараҳбахш аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқуъ пайваст ва 9-уми сентябр расман Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардида, аз оғози марҳилаи наву тозае дар таърихи халқи тоҷик башорат дод.
Пас аз як соли эълони истиқлолият, моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арсаи сиёсат шахсиятеро овард, ки дастовардҳои минбаъдаи кишвар ба номи ӯ алоқамандии ҳамаҷониба доранд. Аз рӯзи Сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди барӯманди халқи тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми ҳокимият тағйирот ворид гардид.

Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан нуру зиё, меҳру вафо, ободиву озодӣ, ҳамфикриву ҳамзистӣ ва осоиштагиро ба мардуми тоҷик ва Тоҷикистони азиз овард. Даврони истиқлолият роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯйи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муайян намуд.
Дар муддати 35 соли Истиқлолият, сарзамини бузурги мо дар тамоми самтҳо аз қабили илму маориф, санъату фарҳанг, иқтисоду иҷтимоиёт ба пешравиҳои зиёд ноил гардид. Дар таърихи ҳама миллат санаҳое ҳастанд, ки арзишу аҳаммияти фавқулодаву муҳим доранд. Барои халқи тоҷик, чунин санаи бузурги дорои аҳаммияти таърихӣ - 9 сентябр, ҷашни истиқлолият мебошад. Барои ҳар нафар ҷашн ин пеш аз ҳама шодию сурур ва шукӯҳу тантана аст, ки дар замираш маънову рамзе дорад. Маънои истиқлолият чун таърих амиқ аст, зеро ҷашни истиқлолият барои тоҷикон рӯзест, ки муҳтавои садсолаҳоро дар худ ғунҷоиш додааст.
Рӯзи истиқлолият ин ҷамъбасти талошу муборизаҳо ва ҷоннисориҳои абармардони миллат аст, ки барои озодию худмухтории халқи тоҷик ва давлатӣ миллӣ аз худ нишон додаанд ва дар саҳнаи ин муборизаҳои беамон ҷон супоридаанд. Аз ин рӯ, ҷашни истиқлолият ҷашни омӯзиши таърих ва шиносоӣ бо гузаштаи ниёгони бузург аст. Вагарна чӣ тавр метавонем арзишу асолати истиқлолиятро дарк намоем.
Маҳз бо шарофати ба даст овардани истиқлолият ба наврасону ҷавонони мо имконият фароҳам омад, ки дониш, қобилият ва маҳорати хешро дар ҳамаи самтҳо инкишоф диҳанд, ватани худро дар арсаи байналмилали муаррифӣ намоянд, пешсаф бошанд ва ба сӯйи ояндаи нек усуворона қадам гузоранд.
Бинобар ин моро зарур аст, ки 35 соли тақдирсозро таҳлил ва ба қадри хизматҳои фарзандони тавонманди миллат расем. Таҷрибаҳои он қаҳрамононро омӯхта, ба қадри ин неъмати бебаҳо, ки номаш истиқлолият аст расида, дар оянда ин таҷрибаҳоро сармашқи кору фаъолияти хеш намоем. Имрӯз ҳар сокини ин сарзамин дар симои давлати Тоҷикистон кафили таъмини ҳуқуқу озодиҳо, омили татбиқи манфиатҳои ҳаётан муҳимми худро мебинанд. Воқеан ҳам ин самараи татбиқи он сиёсатест, ки аз кору пайкори созандаи Сарвари давлатамон маншаъ мегирад ва ҳузурашон дар арсаи сиёсӣ тавонист идеалҳои дар зеҳну қалби мардум нуҳуфтаро ба воқеият табдил диҳад.
Ҳамин тавр, дастовардҳои бузурге, ки имрӯз Тоҷикистон ба онҳо бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ноил шудааст, воқеан ҳам барои баланд бардоштани сатҳи худшиносию ифтихори миллӣ ва ваҳдати мардуми он нақши бузург доранд.
Маҳмадизода Умар Музафар
Мутахассиси пешбари шуъбаи ҳифзи
давлатии ҳуқуқи истифодабарандагони
хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи
соҳибкорони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба
ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон









