Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

September 2026
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бузургтарин дастоварди таърихии миллати тоҷик мебошад. Бо барқарор гардидани сулҳу ваҳдат, марҳилаи нави созандагӣ оғоз ёфт. Давлат бо роҳбарии Пешвои миллат уҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафҳои стратегии рушди кишварро муайян намуда, барои расидан ба онҳо тадбирҳои муҳимро амалӣ гардонд. Дар натиҷа, Тоҷикистони соҳибистиқлол аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо гардида, даҳҳо нақбу роҳҳои байналмилалӣ, пулҳои бузург ва шоҳроҳҳои муосир бунёд шуданд, ки онҳо минтақаҳои кишварро ба ҳам пайваста, имкониятҳои иқтисодиву иҷтимоиро васеъ намуданд.

Ин неъмати муқаддас барои халқи тоҷик на танҳо озодиву соҳибихтиёриро ба армуғон овард, балки роҳи бунёди давлати миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардумро ҳамвор сохт. Имрӯз, ки Тоҷикистони азиз 35-солагии Истиқлолияти давлатии худро бо дастовардҳои арзанда истиқбол мегирад, ҳар як шаҳрванди ватандӯст бо ҳисси баланди ифтихор роҳи тайнамудаи Ватанро ба ёд меорад.

Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ба мушкилоти сангини сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардид. Дар чунин шароити ҳассос маҳз сиёсати дурандешона, иродаи қавӣ ва талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳифзи давлатдорӣ, барқарор намудани сулҳу субот ва муттаҳид сохтани миллат нақши таърихӣ бозид. Бо саъю кӯшишҳои пайгиронаи Сарвари давлат сулҳи тоҷикон барқарор гардид, ки имрӯз ҳамчун таҷрибаи нодири сулҳофарӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шудааст.

Дар соҳаи энергетика низ дастовардҳои бузург ба даст омаданд. Сохтмон ва таҷдиди неругоҳҳои барқи обӣ, бахусус, идомаи бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун», ҳамчун рамзи азми қавии миллат ва кафолати истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон арзёбӣ мегардад. Имрӯз соҳаи энергетика ба яке аз самтҳои асосии рушди иқтисоди миллӣ табдил ёфтааст.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва варзиш таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Садҳо муассисаҳои таълимӣ, беморхонаҳо, марказҳои саломатӣ, китобхонаҳо, қасрҳои фарҳанг ва ҳазорҳо майдончаҳои варзишӣ бунёд ва навсозӣ шуданд. Барои ҷавонон имкониятҳои васеи таҳсил, соҳибкасб шудан ва рушди қобилиятҳо муҳайё гардида, сиёсати давлатии ҷавонон ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфт.

Бо ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон ҳамчун кишвари ташаббускор дар масъалаҳои об, иқлим ва рушди устувор шинохта шуд. Қабули қатъномаҳои муҳимми Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои об аз эътирофи обрӯ ва нуфузи байналмилалии Тоҷикистон дарак медиҳад. Ин ташаббусҳо бори дигар нишон медиҳанд, ки сиёсати хориҷии кишвар ба сулҳ, ҳамкорӣ ва ҳалли масъалаҳои умумибашарӣ нигаронида шудааст.

Имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол ба як кишвари ободу пешрафта табдил ёфтааст. Дар тамоми шаҳру ноҳияҳо корҳои созандагиву ободонӣ бо суръат идома дошта, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ ва иншооти муҳимми давлатӣ ба баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамояд. Ҳамаи ин пешрафтҳо самараи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва сиёсати созандаи роҳбарияти давлат мебошанд.

Дар остонаи таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як шаҳрванди кишварро зарур аст, ки арзиши ин неъмати бузургро амиқ дарк намояд. Ҳифзи сулҳу ваҳдат, эҳтиром ба қонун, меҳнати ҳалол, дӯст доштани Ватан ва саҳмгузорӣ дар рушди давлат қарзи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа мебошад. Махсусан ҷавонон бояд бо илму дониш, касбият, ахлоқи ҳамида ва ҳисси баланди ватандӯстӣ идомадиҳандаи роҳи созанда ва сиёсати бунёдкоронаи давлат бошанд.

Истиқлолият барои миллати тоҷик танҳо як рӯйдоди таърихӣ нест, балки сарнавишт, ифтихор ва масъулияти бузург мебошад. То замоне ки сулҳу ваҳдат пойдор, мардум муттаҳид ва ҳар як шаҳрванди кишвар барои пешрафти Ватан содиқона хизмат мекунад, Тоҷикистон боз ҳам ободтар, нерумандтар ва шукуфонтар хоҳад гардид.

Бигзор Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷовидона пойдор монад ва Тоҷикистони азизи мо таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат роҳи пешрафту тараққиро бо қадамҳои устувор идома диҳад.

Сабзов Абдуқодир Рахмонович

- муовини сардори шуъбаи ҳифзи

  давлатии ҳуқуқи истифодабарандагони

хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи

 соҳибкорони Дастгоҳи Ваколатдор оид

 ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор