“Ҷиҳати тарғиб ва муаррифии гулҳои
миллии Лола ва Сиёҳгӯш дар чорабиниҳои
дохилидавлатӣ ва байналмилалӣ ”
Эмомалӣ Раҳмон
Бо мақсади арҷгузорӣ ба мероси таърихиву фарҳангӣ, ҳифзи табиати кишвар ва боло бурдани фарҳанги экологии мардум гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш чун рамзи маънавии тоҷикон бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.10.2026 №1231 гулҳои миллӣ эълон карда шуданд. Дар замони соҳибистиқлолӣ, ба шарофати сиёсати ҳувиятсози Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои милливу фарҳангии миллати тоҷик эҳё гардида, на танҳо дар ҳаёти маънавии ҷомеаи мо умри дубора пайдо намуданд, балки ба сатҳи байналмилалӣ баромада, аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардиданд. Дар ин радиф эълони гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш чун гулҳои миллӣ, ки дар адабиёту фарҳанги гузаштаву имрӯзаи мо ҷойгоҳи хосса дошта, ифодагари завқи зебоишиносии миллати сарбаланди тоҷикон мебошад.
Гулҳои Лола ва Сиёҳгуш ба ҷузъи ҷудонопазири тамаддуни тоҷикон табдил ёфта, махсусан бо ҷашни ориёии Наврӯз ва фасли зебоманзари баҳор пайванди ногусастанӣ доранд. Агар гули Сиёҳгӯш нахустин муждарасони баҳори нав, рамзи ҳофизаи таърихиву асотирӣ ва пирӯзии покиву адолат бошад, пас гули Лола рамзи рӯйсурхии мардуми сарбаланди мо, таҷассуми ҳусну латофат ва шукуфоии табиати кишвар аст. Бо гули Сиёҳгӯш чун аввалин пайки баҳорӣ, мардуми мо омад-омади фасли хуррами баҳору соли нави аҷдодиро бо рӯҳбаландӣ истиқбол менамуданд ва дар рӯзҳои минбаъдаи наврӯзӣ бо суруру шодмонӣ ба сайри гули Лола мебаромаданд, ки онро сайри гули сурх низ мегуфтанд. Анъанаи сайри гули Лола дар замони муосир бо ҳамин унвони таърихӣ, вале мазмунҳои наву тоза ҳамасола моҳи апрел дар саросари кишвар бо шодию сурур таҷлил гардида, шаҳру деҳоти кишварро ба гулистон мубаддал месозад. Ин анъанаҳои бостонӣ иртиботи ногустастании мардуми ориётаборро бо табиати дилрабову нотакрори хеш, махсусан бо гулҳо баръало нишон медиҳад.
Лола – ҷинси растаниҳо аз оилаи савсаниҳо буда, тақрибан 100 – 150 намудро дар бар мегирад. Осиёи Марказӣ минтақаи асосии пайдоиш ва паҳншавии лолаҳои худрӯй ба ҳисоб меравад. Дар байни тамоми гулҳои баҳорӣ гули Лола ҳамчун гули «Ороиши саҳро» ва ё «Аруси сол» ба ҳисоб меравад, зеро ки дар фасли баҳор ин гул тамоми дашту даманҳоро махмалпуш намуда, табиатро боз ҳам зебову дилкаш менамояд. Аммо ин гули худрўи табиии зебо нисбатан умри кутоҳе дорад, чунки он на тоқати гармо ва на тоқати сармо дорад. Гули Лола гули муҳаббату ишқ ба табиат, гули ваҳдату ягонагӣ байни гиёҳону дигар гулҳои худрўи табиат мебошад ва ў ҳаргиз осебе ба ҳеҷ кадоми онҳо намерасонад.
Ҳамин тариқ, гули Лоларо дар таърихи илму фарҳанги мардуми тоҷику форс шоирону мутафаккирон бо образҳои бадеӣ қарор додаанд.
Абуабдуллои Рудакӣ Лоларо чунин васф намудааст:
Бихандад Лола бар саҳро,
Ба сони чеҳраи Лайло.
Бигиряд абр бар гардун,
Ба сони дидаи Маҷнун.
Хайёми бузургвор дар «Наврўзнома»-и хеш фармудаанд:
Чун абр ба Наврўз рухи Лола бишуст,
Бархезу ба ҷоми бода кун азми дуруст.
К-ин сабза ки имрўз тамошогаҳи мост,
Фардо ҳамагӣ зи хоки мо хоҳад руст.
Ҳофизи Шерозӣ дар ашъори хеш низ Лоларо чунин васф намудааст:
Дил ба даври рўят зи чаман фароқ дорад,
Ки чу сарв пойбанд асту чу Лола доғ дорад.
Бояд гуфт, ки дар домани кӯҳу саҳро шукуфтани нахустин гули баҳорӣ – Сиёҳгӯш аввалин муждаи наздикшавии Иди Наврӯз аст. Дар ин айём бачаҳои 10 ‐ 15 сола ба кӯҳу пуштаҳо рафта, гулҳои Сиёҳгӯш ва дигар гулҳои баҳорӣ чида, хона ба хона мегарданд ва маросими гулгардониро ба ҷо меоваранд.
Бачаҳо гулҳои Сиёҳгӯш ва дигар гулҳои баҳориро ба як чӯби дароз, ки тақрибан 1,5 м дарозӣ дорад мебанданд ва бо он ба хонаҳои мардум рафта, сурудхонон аз омадани баҳор мужда мерасонанд:
Гули Сиёҳгӯши қошгардон,
Табақ пур куну пас гардон,
Бидеҳ бар дасти гулгардон,
Баҳори нав муборак бод!
Соҳибхонаҳо гули Сиёҳгӯшро ба даст гирифта, ба чашм молида, шукрона мекарданд, ки ба баҳори нав расиданд. Мардум аз рӯи таомули аҷдодӣ ба онҳо шодиёна, аз қабили ширинӣ, тухм, қурут ва хушкмева медиҳанд. Маросими гулгардонӣ дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ва байни тоҷикони Осиёи Марказӣ аз кадим то имрӯз маҳбубияти хоса дорад.
Аҷаб ҳусни расо дори Сиёҳгӯш,
Ба дил шоди хамеори Сиёҳгӯш.
Барои ошиқони интизорат,
Паёми навбаҳор ори Сиёҳгӯш.
Аз ин рӯ, даҳҳо номҳои духтаронаи тоҷикӣ дар таркиби худ вожаи гул доранд – ба монанди Гулру, Гуландом, Гулбону, Гулпайкар, Гулчеҳра, Гулноз ва амсоли ин, ки аз давраи куҳан то кунун падару модарон бо меҳру муҳаббати беандоза духтарони худро номгузорӣ мекунанд. Бамаврид аст, ки иртиботи гули Сиёҳгӯшро бо ривояти ориёии марбут ба Сиёвуш ёдоварӣ намуд, ки дар «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ тасвир шудааст. Пайванди мустақими он бо номи Сиёвуш - яке аз чеҳраҳои барҷаста аҳаммияти таърихи доштани гули Сиёҳгӯшро бори дигар таъкид менамояд. Дар ин замина дирӯзу имрӯзи мо ба ҳам пайванд гардида, рамзи хотираи таърихӣ ва меросдории тамаддунӣ ифода меёбад ва худшиносиву ифтихори миллиямон боз ҳам таҳкиму тақвият хоҳад ёфт.
Табиати биҳиштосои диёри маҳбубамон бо гулҳои рангоранги худ зебову хуррам аст, ки ба сифати намуди биологӣ дар меҳвари он гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш қарор дошта, навъҳои гуногуни он дар тамоми қаламрави Тоҷикистон мерӯянд. Бо дарназардошти ин, расман эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш ба сифати гулҳои миллӣ, ба раванди ташаккули ҳувияти миллии тоҷикон дар замони ҷаҳонишавӣ такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
Дар маҷмуъ, ибтикори навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзи мероси фарҳангӣ, тақвияти завқи зебоишиносӣ, боло рафтани масъулияти аҳли ҷомеа дар самти ҳифзи табиати биҳиштосои кишвар ва такмил ёфтани фарҳанги экологии шаҳрвандон, бахусус насли наврасу ҷавон, ба таври муассир мусоидат намуда, дар муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамаддуни куҳанбунёди тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ нақши бузург мегузорад.
Раҷабзода Бахтовар Раҷаб - сармутахассиси шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқ ба баробарӣ ва озодӣ аз табъизи Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон









