Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Кӯдакон сарвати бебаҳо, ояндаи ҷомеа ва давлату миллат мебошанд. Онҳо бо сабабҳои синну солӣ ва нишондиҳандаҳои ҷисмонию ақлониашон ҳуқуқ ва манфиатҳои худро мустақилона ҳимоя карда наметавонанд. Бинобар ин кӯдакон қисми осебпазири ҷомеа эътироф шуда, ба ҳифзи махсус аз ҷониби давлат ва калонсолон ниёз доранд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  барои рушду камолоти кӯдакон дар шароити озоду арзанда тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шуда, таъмини манфиатҳои кӯдакон, фароҳам овардани шароити муносиб барои инкишофи ҳамаҷонибаи онҳо, эҳтиром, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон яке аз афзалиятҳои муҳими сиёсати давлат ба шумор меравад.

Кафолати таъмин ва ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма гирифта, бо санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, қонунгузории миллӣ ва санадҳои зерқонунӣ ба танзим дароварда шудаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз дар солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои кӯдакро ба тасвиб расонида, ҷиҳати амалишавии он тамоми тадбирҳои заруриро дар самтҳои қонунгузорӣ, маъмурӣ ва ташкилӣ амалӣ намуда истодааст.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ки модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат қарор доранд. Ҷиҳати амалӣ намудани ин кафолати конститутсионӣ қонунгузории миллӣ бо дарназардошти стандартҳои байналмилалӣ ва принсипи таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдак таҳия гардида, пайваста такмил дода мешавад.

Манфиатҳои беҳтарини кӯдак тавассути муқаррар намудани меъёрҳои давлатии ҳадди ақалли хизматрасонии иҷтимоӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи меҳнат, ташкили тадбирҳои солимгардонӣ ва истироҳат, расонидани кӯмаки ҳуқуқию равонӣ ба кӯдакон ва ба назар гирифтани манфиатҳои кӯдакони осебпазир, аз ҷумла кӯдакони маъюбиятдошта ва кӯдакони ятиму бепарастор таъмин карда мешаванд.

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” тадбирҳое мебошанд, ки дар таъмин, ҳифз ва пешбурди ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон нақши назаррас гузоштанд. Аз ҷумла, тибқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” ҳар як кӯдак ба зиндагӣ ва шароите ҳуқуқ дорад, ки барои инкишофи мукаммали ҷисмонӣ, равонӣ ва маънавию ахлоқии ӯ заруранд.

Инчунин ҷиҳати амалӣ гардонидани ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон дар самтҳои гуногун барномаҳои миллию давлатӣ қабул гардида, зимни таҳияи стратегияҳо, консепсияву барномаҳо, нақшаҳо ва дигар санадҳо манфиатҳои кӯдакон ба эътибор гирифта мешаванд.

Дар баробари ташкили асосҳои қонунгузорӣ инчунин механизми муайяни мақомоти давлатӣ таъсис дода шудааст, ки  фаъолияти онҳо ба ин ё он васила ба таъмини ҳуқуқҳои кӯдакон равона шудааст.

Аз ҷумла, соли 2008 дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шуд, ки мақоми доимоамалкунанда буда, сиёсати давлатиро ба хотири таъмини ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак амалӣ менамояд. Комиссияҳои маҳаллӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак низ дар ҳифзи ҳуқуқи кӯдак нақши муҳим мебозанд. Мақомоти дигари давлатӣ, аз ҷумла вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, корҳои дохилӣ, адлия, прокуратура, кумитаҳои кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш, мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор вазорату идораҳои дигар низ дар ҳимоя ва таъмини ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон нақши муҳим мебозанд.

Новобаста ба дастовардҳо дар самти қонунгузорӣ ва маъмурию ташкилӣ вазъи ҳуқуқи кӯдакон ҳамоно беҳбудиро тақозо менамояд. Аз ҷумла, масъалаҳои ҷудошавии оилаҳои ҷавон, муайян намудани ҷойи зисти фарзандон, муошират бо волидайн, маскун кардан ва ситонидани алимент барои нигоҳубини кӯдакон ташвишовар боқӣ мемонад.

Дар ин раванд масъалаҳои марбут ба алимент яке аз мушкилоти асосӣ ба шумор меравад.

Чӣ тавре маълум аст, тибқи талаботи моддаи 80 КО ҶТ падару модар вазифадоранд, ки фарзандони ноболиғи худро таъмин намоянд ва онҳо ҳуқуқ доранд дар мавриди таъминоти фарзандони ноболиғи худ (дар  хусуси  пардохти алимент) созишнома банданд. Дар сурати ба созиш наомадан ва даст кашидани яке аз волидон  аз таъминоти фарзандон, маблағ барои таъминот бо тартиби судӣ ба тариқи маҷбурӣ ситонида мешавад.

Тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи ҷумҳурӣ аз солҳои пешин то ҳол зиёда аз 84 600 истеҳсолоти иҷро вобаста ба ситонидани алимент мавҷуд мебошад. Танҳо дар соли 2020 дар самти ситонидани алимент 11 330 истеҳсолоти иҷро ворид гардидааст, ки хело ташвишовар мебошад. 

Вобаста ба масъалаҳои алимент мушкили асосӣ ин сари вақт пардохт накарадани алимент, қисман пардохт кардани он ва ё умуман аз пардохти алимент саркашӣ намудани алиментсупоранда мебошад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳолатҳои мазкур сабабҳои гуногун дошта, аксари вақт ба шароити моддӣ ва вазъи иқтисодии қарздор, аз ҷумла надоштани ҷойи кори доимӣ вобастагӣ дорад.

Кам будани музди меҳнат низ яке аз сабабҳои сари вақт ва пурра пардохт нагардидани алимент мебошад.

Мушкили дигар дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштани қарздорон мебошад. Аз муҳоҷирони меҳнатӣ ситонидани алимент солҳои тулонӣ ҳалли худро намеёбад, зеро аксар вақт санадҳои судӣ оид ба рӯёнидани алимент бо сабаби муайян набудани суроѓаи будубоши алиментсупорандагон иҷро намегарданд.

Дар баробари ин ҳолатҳое низ ҷой доранд, ки новобаста аз даромади доимӣ доштани алиментсупоранда, онҳо маблаѓи алиментро сари вақт ва ихтиёрӣ пардохт намекунанд.

Бинобар ин моддаи 177 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бадқасдона, яъне бе сабабҳои узрнок саркашӣ намудани падар ё модар аз иҷрои қарори суд оид ба пардохти маблаѓ барои таъминоти фарзандон ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ намудааст.

Тибқи омори пешниҳоднамудаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020 аз ҷониби судҳо дар сатҳи ҷумҳурӣ 658 парвандаҳо бо моддаи 177 Кодекси ҷиноятӣ (Бадқасдона саркашӣ намудани падару модар аз таъминоти фарзандон) баррасӣ карда шудааст. Аз ин шумора нисбати 627 нафар ҳукми айбдоркунанда бароварда шудааст.

Ҳамчунин дар сохтори Хадамоти иҷро бахши пешбурди феҳристи қарздорон ва махзани электронӣ фаъолият менамояд, ки он то андозае дар самти ба низом даровардани қарздорӣ ва пешгирӣ аз оқибатҳои номатлуби он мусоидат мекунад.

Дар баробари ин бартараф намудани мушкилоти ситонидани алимент андешидани як қатор чораҳои дигарро низ талаб мекунад, аз ҷумла таҳияи механизми самараноки иҷроиши санадҳои судӣ вобаста ба рӯёнидани алимент, такмили қонунгузорӣ дар ин самт, тақвияти ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии мақомоти дахлдори давлатӣ ва аз ҷумла бо кишварҳои қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ, ташкили ҷойҳои корӣ ва ғайраҳо.

Дар самти ҳалли масъалаҳои вобаста ба алимент пеш аз ҳама диққати махсус бояд ба он дода шавад, ки шумораи бекоршавии никоҳҳо то ҳадди имкон кам карда шаванд. Зеро то замоне, ки бекоршавии никоҳҳо вуҷуд доранд, мушкилоти алимент, маскун кардан ва дигар масъалаҳое, ки аз пошхӯрии оилаҳо бармеояд, боқӣ мемонанд.

Вобаста ба ин дар байни ҷавонон дар масъалаҳои оила ва оиладорӣ, масъулияти волидайн дар таъмин ва таълиму тарбия фарзанд, оқибатҳои иҷро накардани масъулияти худ аз ҷониби волидайн, таъсири манфии барҳамхӯрии оила ба рушди минбаъдаи кӯдакон ва дигар масъалаҳои марбут ба оиладорӣ бояд корҳои тарбиявӣ ва фаҳмондадиҳӣ зиёдтар гузаронида шавад.

Ҳамчунин дар самти аз ҷоинби мақомоти дахлдор ҷиҳати пешгирии бекоршавии ақди никоҳ бо шаҳврвандоне, ки барои бекор кардани ақди никоҳ ба суд муроҷиат мекунанд, корбарӣ ҷоннок карда шавад. Дар ин раванд онҳо ба хизматрасонии равонию маънавӣ ҷалб шуда, оид ба оқибатҳои бекор шудани ақди никоҳ, уҳдадориҳои падару модар нисбати таъмин ва тарибияи фарзандон пас аз бекоршавии никоҳ ва дигар ҳолатҳое, ки аз ҷудошавии оилаҳои бар меоянд, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шавад.

Дар ин масъала на танҳо мақомоти давлатӣ, балки тамоми аъзоёни ҷомеа, аз  ҷумла ходимони дин, омӯзгорон, калонсолон, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ВАО ва дигарон бояд тамоми кӯшишу ғайрат ва тавоноии худро равона кунанд.

Зеро масъалаҳои вобаста ба алимент дар он ҷойе пайдо мешавад, ки оила мушкил дорад, яъне носолим аст, он пош хӯрдааст ва кӯдакон аз ғамхорӣ ва муҳаббати ё падар ва ё модар маҳрум гаштаанд. Ин ҳолат ба ташаккули бомуваффақияти шахсияти кӯдак таъсири манфӣ мерасонад. Зеро ба ҳамагон маълум аст, ки танҳо дар оилаи солим ва дар фазои меҳру муҳаббат ва ҳамдигарфаҳмӣ мо метавонем фарзандони солим, бомаърифат ва ба ҷомеа муфид ба воя расонем.

Вазифаи Муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тақвияти кафолатҳои конститутсионии ҳимояи давлатии ҳуқуқ ва озодиҳои кӯдак таъсис дода шуда, вазифаҳои худро дар доираи салоҳияти бо қонун муқарраршуда тавассути қабул ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, такмили қонунгузорӣ дар самти ҳуқуқу озодиҳои кӯдак, санҷиши вазъи риояи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак, баланд бардоштани маърифатнокии шаҳрвандон, аз ҷумла кӯдакон оид ба ҳуқуқу озодиҳои кӯдак, рушд ва ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак амалӣ мегардонад.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандонро вобаста ба ситонидани алимент дар ҳамкорӣ бо мақомти дахлдор, аз ҷумла  мақомоти судӣ, прокуратура, корҳои дохилӣ, Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти дахлдор ба роҳ монда, дар аксари ҳолатҳо ин муроҷиатҳо ба таври мусбӣ ҳал мегарданд.

Ҷиҳати тақвияти фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, аз ҷумла тақвият додани механизми муроҷиати кӯдакон соли 2020 “Тартиби баррасии муроҷиати кӯдакон дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикисон” таҳия ва тасдиқ гардид.

Дар баробари қабул ва баррасии муроҷиатҳо яке аз вазифаҳои дигари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ин баланд бардоштани маърифти ҳуқуқии шаҳрвандон, аз ҷумла кӯдакон дар бораи ҳуқуқу озодиҳои онҳо мебошад.

Ҷиҳати иҷрои вазифаи мазкур Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ҳамасола дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вохӯриҳо ва қабули шаҳрвандон доир менамояд. Зимни вохӯриҳо, аз ҷумла оид ба масъалаҳои ҳуқуқи кӯдакон ба муошират бо падару модар ва хешовандон, ҳуқуқи кӯдак ба таҳсил ва аҳамияти он дар инкишофи шахсияти кӯдак, уҳдадориҳои падару модар дар таъмин, таълим ва тарбияи фарзанд, оид ба оқибати риоя накрадани ин уҳдадориҳо баромадҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд.

Чӣ тавре дар боло зикр намудем таъмини ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон кори як ё якчанд ниҳод набуда, дар амалӣ гардонидани он бояд тамоми ҷомеа ва хусусан падару модарон фаъолона саҳми худро гузоранд. Танҳо дар якҷоягӣ мо метавонем насли наварсро дар шароити арзанда ва дар руҳияи ватандӯстию ободкорӣ тарбият намоем.

 РаҳимовС.,

сармутахассиси Шуъбаи ҳифзи давлатии

ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи ВҲИ ҶТ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор