Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Истиқлолият роҳи ягонаи таъминкунандаи пешравии тамоми самтҳои фаъолияти ҳар як давлату миллат ба шумор меравад ва он ба осонӣ ба ҳар давлат муясар намегардад.  Мо — тоҷикон, яке аз он халқҳои хушбахт ва сарбаланде ҳастем, ки давлати миллии худро дорем. 

Ҳамин тариқ, 30 сол муқаддам пас аз пош хурдани Иттиҳоди Шуравӣ санаи 9 сентябри соли 1991  Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти худро ба даст овард, ки он саҳифаи ҷадидеро дар таърихи давлатдории миллати тоҷик боз намуд. Бояд зикр намуд, ки  истиқлолият ба халқу миллати тоҷик ба осонӣ ба даст наомадааст. Дар арафаи расидан ба истиқлолияти давлатӣ бадхоҳони миллати тоҷик бо роҳи барангехтани низоъҳои дохилӣ тавонистанд аввал миллати моро ба гирдоби мухолифат ва муқовимати сиёсӣ кашида, баъдан давлати ҷавони Тоҷикистонро дучори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардонанд, аз ин лиҳоз мардум маҷбур шуданд, ки манзилҳои худро тарк намуда, ба дигар кишварҳо гуреза шаванд.

Мусаллам аст, ки вақте тўпу туфанг овоз баланд мекунанд, дар он сарзамин  ҳуқуқу озодиҳои инсон поймол мешаванд.

Хушбахтона дар чунин вазъияти басо сангин моҳи ноябри соли 1992 Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии  Хуҷанд баргузор гардид, ки дар ин иҷлосияи таърихӣ вакилони мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шӯрои Олӣ интихоб намуданд.

         Истиқлолият имкон фароҳам овард, ки санаи 6 ноябри соли 1994 Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Консититутсияи хешро қабул намояд. Пас аз қабули Конститутсия роҳи миллат ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона боз шуд.

         Кабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол имконият дод, ки муносибатҳои ҷамъиятї дар чаҳорчубаи ҳуқуқї  ба танзим дароварда шаванд.  

Санаи 27 июни соли 1997  Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расид ва он аз хотимаёбии ҷанги шаҳрвандӣ шаҳодат медод. Мардуми тоҷик оқибатҳои фоҷиабори ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро бо чашми худ дид ва меваи талхи нооромиҳоро чашид. Бо ташаббус ва сиёсати пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шиори якпорчагӣ ва парчами мардонагиву нангу номус ба ҳам омада, якдилона роҳи расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллиро  интихоб карданд ва имрӯз таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон чун муҳимтарин дастоварди таърихии давраи истиқлолият аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, ба мактаби нодири омӯзиш табдил ёфтааст. 

Ба мо халқи тоҷик чун оина равшан аст, ки дар тӯли 30 соли даврони истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ноил гардидан ба чор ҳадафи стратегии худ яъне “истиқлолияти энергетикӣ”, “раҳоӣ аз бумбасти камуникатсионӣ”, “таъмини амнияти озуқаворӣ” ва  “саноаткунонии босуръат”  корҳои бузургеро ба монанди сохтани пулҳо, нақбҳо, роҳҳои бузурги байниминтақавӣ, неругоҳҳои хурду бузург, хатҳои интиқоли барқ, бунёди корхонаҳои хурду бузург ва ғайраҳо ба сомон расониида истодааст.

         Истиқлолият имкон фароҳам овард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти манфиатҳои халқи худ дар муносибатҳои байналмилалӣ иштирок намуда, аъзои як қатор ташкилотҳои байналмилалу минтақавӣ ба монанди Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкории Шанхай, Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ғайраҳо  гардад. Ин боиси сол то сол афзудани эътибор ва нуфузи кишвари азизамон гардид.

Мояи ифтихор аст, ки мардуми шарафманди тоҷик соҳибистиқлол аст. Имрӯз халқу миллатҳои зиёде ҳастанд, ки аз ин неъмати пурарзиш, яъне истиқлолият маҳрум мебошанд. Аз ин рӯ, мебояд ки ин неъмати ноёбро пос дошт.

Бинобар ин, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  яке аз баромадҳои худ қайд намудаанд, ки “Муқаддасу бегазанд ва пойдору устувор нигоҳ доштани истиқлолият ҳамчун неъмати бебаҳои таърих вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванди худшиносу худогоҳ ва бонангу номуси Тоҷикистон аст ва аз ҳар яки мо саъю талош, нангу номус ва ҳушёриву зиракии сиёсиро талаб мекунад”.

Аллома Иқбол фармудааст:

Худо он миллатеро сарварї дод,

Ки тақдираш  ба дасти хеш бинвишт.

Ба он миллат сару коре надорад,

Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.

Бигзор аз нури хуршеди Истиқлол халқи мо сарбаланд бошад ва аз шуълаи ҳаётбахши Истиқлол рӯзгори сокинони кишвар осоишу баракати тоза пайдо намуда, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ў ҳамчун арзиши олї поянда бошад.

 

Низомов А.Б.

Муовини сардори Шуъбаи ҳифзи

давлатии ҳуқуқҳои кўдаки ВҲИ ҶТ                   

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор