Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои ҳарсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳангоми сафарҳои хизматӣ ба шаҳри ноҳияҳои ҷумҳурӣ диққати асосиро ба масъалаҳои баробарии гендерӣ ва пешгирии кирдорҳои зӯроварӣ дар ҷомеа равона менамоянд.

 Аз ҷумла дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 22 декабри соли 2019 ироа гардид, қайд намуданд, ки: “Бо қаноатмандӣ изҳор медорам, ки занону бонувони мамлакат дар татбиқи сиёсати давлат баробари мардон кору фаъолият намуда, дар рушди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ саҳми арзанда гузошта истодаанд. Мо минбаъд низ дастгирии занону духтаронро густариш бахшида, ташаббусҳои созандаи онҳоро дастгирӣ менамоем.”

Бо мақсади дасгирии бештари занону духтарон дар назди сохтори маҳаллии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, марказҳои иттилоотию машваратӣ ва бӯҳронӣ амал мекунанд, ки мутахассисони онҳо ба ниёзмандон ёрии ҳуқуқии ройгон мерасонанд. Инчунин дар назди Кумитаи мазкур Маркази дасгирии духтарон таъсис дода шудааст, ки он ба ҷабрдидагони зӯроварӣ, ва шахсони мавриди истисмору хариду фурӯш қарор гирифта, ҳамчунин ба духтароне, ки ба онҳо чунин хавф таҳдид мекунад, ёрӣ мерасонанд.

Тибқи маълумоти оморӣ соли 2021 шумораи занон ва духтароне, ки дар мақомоти давлатӣ фаъолият мекунанд 23,8 фоизро ташкил медиҳад, ки нокифоя мебошад.

Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки омили асосии дар мақомоти давлатӣ кам фаъолият намудани занону духтарон пеш аз ҳама қолабҳои куҳнашуда, дахолати шавҳар ва хушдоманҳо барои кор, надоштани маълумот ва ё тахассус мебошад.

Бо мақсади дастгирии занону духтарон ва пешгирии зӯроварӣ дар оила бо кӯмаки шарикони иҷтимоӣ дар назди шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 105 марказҳои иттилоотию машваратӣ таъсис дода шудаанд, ки дар онҳо ҳуқуқшиносон ва равоншиносон ба ниёзмандон ёрии ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ мерасонанд.

Тибқи маълумоти оморӣ дар ҷумҳурӣ 34 марказҳои буҳронӣ ва 3 паноҳгоҳҳои муваққатӣ дар назди мақомоти давлатӣ ва ташкилоти ҷамъиятию байналмилалӣ фаъолият менамоянд, ки бевосита ба ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила ёрӣ мерасонанд. Бо мақсади пешгирии омили номатлуби зӯроварӣ дар оила дар низоми Вазорати корҳои дохилӣ  17 нозирони минтақавӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила фаъолият намуда, сол ба сол шумораи онҳо зиёд карда мешаванд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон  барои бартарафкунии ҳолатҳои вайроншавии ҳуқуқҳои занон аз тамоми воситаҳои мавҷуда истифода мекунад. Барои беҳтар ба роҳ мондани фаъолият Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамкориҳоро бо вазорату идорахои дахлдор, аз ҷумла вазоратҳои корҳои дохилӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи кор бо занон ва оила, ташкилотҳои ҷамиятӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба роҳ мондааст.

Ҳамчунин соли 2021 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар шаҳри Панҷакент, Хуҷанд, Хоруғ, Бохтар, Исфара, ноҳияҳои Восеъ, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Рашт, Ҳоҷамастон, Ҷайҳун, Гулистон вохурӣ доир намуд.

Зимно вохӯриҳо ба масъалаҳои гуногуни риояи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ба масъалаҳои баробарии гендерӣ ва пешгирии зӯроварӣ дар оила дахл намуда, вобаста ба мушкилоти ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли онҳо дар якҷоягӣ бо мақомотҳои дахлдор чораҷуӣ карда шуд. Дар рафти вохӯриҳо иштирокчиён фаъол буда, вобаста ба ҳалли мушкилоти ҷойдошта, аз ҷумла ҷудо намудани замини наздиҳавлигӣ, руёнидани маблағи алимент, маскун намудан дархост пешниҳод намуданд.

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар самти пешгирии зӯроварӣ дар ҷомеа ва никоҳҳои бармаҳал, фарҳанги оиладорӣ пайваста чорабиниҳои иттилоотӣ мегузаронад. Чунин чорабиниҳо соли 2021 дар шаҳрҳои Хоруғ, Ваҳдат, Конибодом ва ноҳияҳои Рушон, Тоҷикобод, Ҷайҳун, Файзобод ва Ҷ. Балхӣ гузаронида шуданд.

Мавриди зикр аст, ки масъалаи баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, омода кардани оилаҳои ҷавон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оилаҳо, яке аз масъалаҳои мубрами рӯз буда, ба рушди ҷомеа риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон мусоидат менамояд.

Бинобар ин тамоми сокинон кишвар эҳтиромон ҳоҳиш менамоем, ки дар муносибатҳои оилавӣ масъулияти бештар зоҳир намуда, дар ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар якҷоягӣ бо намояндагони мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми бештар гузоранд.

 

Ш. Раҳматова

Сармутахассиси Шуъбаи ҳифзи давлатии

ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳвнгии ВҲИ ҶТ

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор