Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Санаи 16 декабри соли 2021 аз қабули Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ 55 сол пур шуд.

Дар ин рӯз Созмони Милали Муттаҳид дар асоси Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсиро қабул намуд.

Бояд қайд кард, ки Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ шартномаи байналмилалӣ ба ҳисоб рафта, барои давлатҳое, ки ба он ҳамроҳ шудаанд, эътибори ҳатмӣ дорад. Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон Паймони мазкур соли 1998 ба тасвиб расонида шудааст.

Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ давлатҳоро вазифадор менамояд, ки ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсиро эҳтиром намоянд.

Ҳамчунин, тибқи Паймони мазкур ҳар гуна шакли табъиз ва ѓуломӣ, шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф манъ карда шудааст.

Қайд кардан бамаврид аст, ки назорати иҷрои Паймони мазкур ба зиммаи Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон, ки аз коршиносони мустақил иборатанд, вогузор шудааст.

Кумитаи мазкур гузоришҳои давлатҳоро мавриди баррасӣ қарор дода,  ба давлатҳои аъзо тавсияҳои худро пешниҳод менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иҷрои Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ то ҳол се Гузоришҳои даврии худро ба Кумитаи мазкур пешниҳод намудааст.

Гузориши якуми Тоҷикистон оид ба иҷрои Паймони мазкур аз ҷониби Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон 22 июли соли 2004 ва 13 ва 14 июли соли 2005 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Кумитаи мазкур дар ҷаласаҳои худ аз натиҷаи баррасии гузориши мазкур вобаста ба кам намудани ҷиноятҳое, ки барои содир намудани онҳо ҳукми қатл пешбинӣ шуда буданд, эълони мораторий ба ҳукми қатл, пешбинӣ шудани ҷавобгарӣ барои никоҳҳои маҷбурӣ ва бисёрникоҳӣ, таъсиси Комиссия оид ба иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалӣ ва дигарҳо истиқбол намуда, ба Тоҷикистон вобаста ба беҳтар намудани вазъ дар самти ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ як қатор тавсияҳоро пешниҳод намуд.

Гузориши дуюми миллии Тоҷикистон оид ба иҷрои Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ аз ҷониби Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон 9 - 10 июли соли 2013 ва  23 июли соли 2013 мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Аз натиҷаи баррасии Гузориши мазкур Кумита аз қабули қонунҳои ҶТ “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”, пешбинӣ намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои шиканҷа ва дигарҳо истиқбол намуда, ба Тоҷикистон вобаста ба омӯзиш ва татбиқи муқаррароти Паймон, оид ба мукаммалсозии фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, аз қонунгузорӣ хориҷ намудани ҷазои қатл, ба тасвиб расонидани Протоколи дуюми факултативӣ ба Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, қатъиян риоя намудани принсипи бадарѓа накардан ва таъмини дастрасӣ ба расмиёти додани паноҳгоҳ, ворид намудани омӯзиши Протоколи Истамбул ба барномаҳои таълимии судяҳо, дигар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва экспертҳои судӣ, омӯзиши имконияти ташкил намудани механизми мустақили тафтишоти шиканҷа ва таъсис додани механизми миллии пешгирии шиканҷа, андешидани чораҳо доир ба иҷрои меъёрҳои қонунгузории амалкунанда ва барномаҳои ҳукуматӣ оид ба ҳавасмандгардонии иштироки ақаллиятҳои миллӣ дар ҳаёти сиёсӣ ва мақомоти давлатӣ, бо забони давлатӣ тарҷума ва ба таври васеъ паҳн намудани санадҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон ва дигарҳо тавсияҳо пешниҳод намуд.

Рӯзҳои 2-3 июли соли 2019 дар иҷлосияи 126 Кумита оид ба ҳуқуқи инсони СММ Гузориши даврии сеюми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба иҷрои Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҳайати Ҳукумати Тоҷикистон дар гузориши худ дар бораи иҷрои Паймони мазкур, аз ҷумла риояи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ гузориш пешниҳод намуд.

Аз натиҷаи баррасии гузориши мазкур дар самтҳои гуногуни ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, аз ҷумла ҳифзи ҳуқуқҳои мазкур ба Тоҷикистон як қатор тавсияҳо пешниҳод шуданд.

Бояд қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти иҷрои тавсияҳои Кумита оид ба ҳуқуқи инсони СММ аз натиҷаи баррасии Гузоришҳои даврии Тоҷикистон, аз ҷумла риоя, пешрафт ва ҳифзи  ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ корҳои зиёдеро амалӣ кардааст.

Минбаъд низ корҳо дар самти иҷрои ӯҳдадории Тоҷикистон вобаста ба иҷрои муқаррароти Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ идома доранд.

 

Ашуров М., сардори Шуъбаи ҳифзи давлатии

ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии Дастгоҳи

 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор