Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона аксари  санадҳои байналмилалии танзимкунандаи ҳуқуқу озодиҳои инсонро, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул шудаанд, ба тасвиб расонидааст.

 Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф (Конвенсияи зидди шиканҷа) аз ҷониби Тоҷикистон 21 июли соли 1994 ба тасвиб расонида шуда, аз 10 феврали соли 1995 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибор пайдо кардааст.

Бояд қайд кард, ки ҳар як давлати иштирокчии Конвенсия ба Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси чораҳои андешидааш оид ба иҷрои меъёрҳои Конвенсияи зидди шиканҷа гузоришҳои милли худро пешниҳод менамояд. Гузориши якум дар давоми як соли эътибори ҳуқуқӣ пайдо намудан барои давлати дахлдор ва гузоришҳои минбаъда дар чор сол як маротиба пешниҳод карда мешаванд.

Кумита ба намояндаи давлат пешниҳод менамояд, ки дар ҷаласаҳое, ки гузориши онҳо баррасӣ карда мешаванд, иштирок намоянд.  Баъди баррасии ҳар як гузориш Кумита метавонад мулоҳизаҳои худро пешниҳод намояд.

Бояд қайд кард, ки новобаста ба он, ки мулоҳизаҳои Кумита эътибори ҳатмӣ надоранд, онҳо фикри мақомоти ягонаи коршиносонро ифода мекунанд ва иҷро накардани тавсияҳои онҳо гувоҳи бевиҷдонона иҷро кардани уҳдадориҳои худ оид ба Конвенсия мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии худ  оид ба иҷрои Конвенсияи зидди шиканҷа мунтазам  Гузоришҳои миллӣ пешниҳод менамояд ва Гузоришгарони махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба шиканҷа ва дигар муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф ба ҷумҳурӣ даъват карда мешаванд.

Мониторинги иҷрои Конвенсия нишон медиҳанд, ки дар ҷумҳурӣ вобаста ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии қабулнамуда ва такмили қонунгузорӣ,  иттилоотонии ҷомеа, баланд бардоштани дараҷаи касбии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин самт чораҳои мушаххас андешида мешаванд.

Мавриди қайд аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҳол оид ба иҷрои Конвенсияи зидди шиканҷа 3 маротиба ба  Кумитаи зидди шиканҷаи СММ гузоришҳои миллии худро пешниҳод намудааст.

Моҳи ноябри соли 2006 Кумитаи зидди шиканҷа Гузориши миллии нахустини Тоҷикистонро оид ба иҷрои Конвенсияи зидди шиканҷа баррасӣ намуда, тавсияҳои ниҳоиро қабул ва пешниҳод кард, аз ҷумла Тоҷикистонро даъват намуд, ки: «... имконияти таъсиси Механизми миллии пешгирии шиканҷа ва имконияти ба имзо расонидани Протоколи иловагӣ ба Конвенсияи зидди шиканҷаро баррасӣ намояд».

Моҳи ноябри соли 2012 дар Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид Гузориши дуюми миллии Тоҷикистон оид ба иҷрои Конвенсияи зидди шиканҷа баррасӣ шуд, ки дар рафти он фаъолияти кишвари мо дар ин самт мусбӣ арзёбӣ гардид.

Дар баробари ин, Кумитаи мазкур тавсия додааст, ки ҷиҳати пешгирии ҳама намуди шиканҷа аз лаҳзаи дастгиркунӣ чораҳои бетаъхир ва самаранок, аз ҷумла огоҳкунии дастгиршудагон аз ҳуқуқҳои онҳо ва асосҳои дастгиркунӣ, ба низом даровардани бақайдгирии дастгиршудагон дар ҷойҳои нигохдорӣ дар ҳабс (пешбурди феҳристи расмӣ бо нишон додани вақт ва сабабҳои дастгиркунӣ, шахсони дар дастгиркунӣ иштирокнамуда, макони нигоҳдорӣ, шахсони барои нигоҳдорӣ масъул ва ғайра) андешида шуда, ба дастгиршудагон дастрасии бетаъхир ба ҳимоятгар, табиб (муоинаи тиббӣ), хабардоркунии хешовандон, тафтиши самаранок, бетаъхир ва холисонаи баррасии арзу шикоятҳо оид ба шиканҷа, бахусус ҳолатҳои фавтидани маҳбусон ҳангоми нигаҳдорӣ дар ҷойҳои ҳабс ва адои ҷазои ҷиноятӣ таъмин карда шавад, шахси дастгиршуда ҳарчи зудтар ба назди судя оварда шавад ва муҳлати 72 соати нигоҳдорӣ дар ҳабс кам карда шавад, ба Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ тағйиротҳо ворид карда шавад, то ин ки мӯҳлати 12 соат барои хабардор шудани аъзоёни оила дар бораи ба ҳисобгирии аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ бекор карда шавад, андешидани тадбирҳои мушаххас ҷиҳати тезонидани расмиёти ба тавсиб расонидани Протоколи иловагӣ ба Конвенсияи зидди шиканҷа, баъдан таҳия намудани механизми миллии самараноки пешгирикунанда ва таъмини ҷудо кардани маблағ аз ҳисоби буҷети барои таъмин намудани механизми мазкур бо маблағ ҷиҳати анҷом додани назорати доимӣ, мустақил ва пешакӣ эълоншудаи ҷойҳои таҳти ҳабс нигоҳдорӣ, пешниҳод намудани дастрасии бемонеа ба КБСС ва ташкилотҳои ғайриҳукумати ба ҳама ҷойҳои маҳрумкунӣ аз озодӣ, боздидҳои мунтазами Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар якҷоягӣ бо кормандони тиббӣ аз ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ таъмин карда шавад.

Кумитаи зидди шиканҷа Гузориши даврии сеюми Тоҷикистонро соли 2018 баррасӣ намуда, аз  ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Протоколи иловагӣ ба Конвенсия оид ба рафъи тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон, Конвенсия доир ба пешгирии ҷинояткории қатлӣ ом (генотсид) ва ҷазо барои он, қабули қонунҳо «Дар бораи пешгирии зўроварӣ дар оила», «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кўмак ба қурбониёни савдои одамон», «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак», таъсис додани гурўҳи кории муштарак оид ба мониторинги ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ дар доираи Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, таъсис додани вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак ва дигарҳо истиқбол намуд.

Ҳамчунин, ба Тоҷикистон тавсияҳои зеринро ба мисли, ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони дар содир намудани шиканҷа ё муносибати бераҳмона гунаҳкор, таъмини дастрасии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба тамоми ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ, кафолат додани таъмини ҳуқуқҳои асосии ҳамаи шахсони дастгиршуда, таҳким бахшидани мустақилияти комиссияи квалификатсионии Вазорати адлия ва адвокатҳо, мубориза бар зидди паҳншавии бемориҳои сироятӣ дар ҷойҳои ҳабси пешакӣ ва маҳбасҳо, таъмини дастрасии гурўҳи мониторингӣ ба тамоми ҷойҳои таҳти ҳабс нигоҳдорӣ,  худдорӣ намудан аз бадарѓа, хориҷ кардан, баргардонидан ё супоридани ҳама гуна шахсе, ки ҳангоми бозгашт ба ў хатари мавриди шиканҷа қарор гирифтан таҳдид мекунад, беҳтар намудани ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ, аз ҷумла шароити маҳбусоне, ки ҳукми ҷазои якумраро адо мекунанд, татбиқи адолати судӣ нисбати ноболиѓон, пешгирии меҳтарсолорӣ (дедовшина), шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар сафи қувваҳои мусаллаҳ, зўроварӣ нисбати занон, ба тасвиб расонадани  шартномаҳои асосии Созмони Милали Муттаҳид дар соҳаи ҳуқуқи инсон, ки Тоҷикистон ба онҳо ҳанўз ҳам ҳамроҳ нашудааст, пешниҳод кардани гузориши даврии навбатии чорум на дертар аз 18 майи соли 2022 ва дигарҳо пешниҳод намуд.

Айни ҳол корҳо дар самти иҷрои муқаррароти Конвенсияи зидди шиканҷа ва тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷа давом доранд ва боварӣ ҳаст, ки Тоҷикистон дар самти пешгирӣ ва аз байн бурдани шиканҷа ӯҳдадории байналмилалии худро бемайлон иҷро мекунад.

 

Ашуров М., сардори шуъбаи ҳифзи давлатии

ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии Дастгоҳи

        Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор