Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Тибқи тағйироти охир ворид карда шуда ба қонунгузории Федератсия Россия вобаста ба вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд (Қонуни Федералӣ  №274 - ҚФ аз 1 июли соли 2021) шурўъ аз 29 декабри соли 2021 ҳангоми вуруд ба ҳудуди Федератсияи Россия як гурўҳ шаҳрвандони хориҷӣ вазифадоранд ба таври ҳатмӣ аз муоинаи  тиббӣ ва қайди дактолоскопӣ гузашта,  сураташон гирифта шавад.

Вазорати корҳои дохилии Федератсия Россия  ба шаҳрвандони хориҷӣ корти махсус бо чип медиҳад, ки дар он рақами инфиродӣ, ному насаб, санаи таваллуд, ҷинс, маълумот дар бораи шаҳрвандӣ ва маълумот дар бораи суратгирӣ ва гузаштан аз қайди дактолоскопӣ  қайд карда мешавад.

         Бояд қайд намуд, ки аз 29 декабри соли 2021 суратгирӣ ва гузаштан аз қайди дактолоскопӣ барои ин гурўҳи шаҳрвандони хориҷӣ хатмӣ мебошад:

         -барои шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла ноболиғоне, ки ба Федератсия Россия ба муҳлати 90 рўз ворид мешаванд;

          -барои шаҳрвандони хориҷие, ки  ба Федератсия Россия барои фаъолияти меҳнатӣ ворид шудаанд. Дар баробари ин ба шаҳрвандони хориҷие, ки  барои фаъолияти меҳнатӣ сафар намудаанд, бояд ҳатман дар муддати 30 рузи тақвимии воридшавӣ ба ҳудуди Федератсияи Россия  сурат гиранд ва аз қайди дактолоскопӣ гузаранд ё ҳангоми муроҷиат бо ариза барои кор ё гирифтани иҷозат барои кор амалҳои мазкурро ҳатмӣ анҷом медиҳанд;

         Барои шаҳрвандони хориҷие, ки  ба Федератсия Россия бо дигар мақсаде, ки ба фаъолияти корӣ вобаста набуда, ба муддати 90 рузи тақвимии дар ҳудуди Федератсияи Россия  қарор доранд, метавонанд дар муддати 90 рўз  аз қайди дактолоскопӣ гузаранд ва сурат гиранд.

            Мавриди  қайд аст, ки барои гузаштан  аз қайди ҳатмии дактолоскопӣ ва сурат гирифтан шаҳрванди хориҷӣ уҳдадоранд  ба мақомоти ҳудудии Вазорати корҳои дохилӣ ё ба мақомоти ваколатдори Федератсия Россия муроҷиат намояд.

         Бо худ доштани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, сертификати тасдиқкунандаи набудани бемории вируси норасоии масъунити одам (ВНМО) ва дигар ҳуҷҷатҳои шаҳодаткунонии тиббӣ ҳатмӣ мебошад.

         Бояд қайд намуд, ки талаботи тағйироти қонунгузории мазкур нисбати шаҳрвандони Ҷумҳурии Белорусия ва кўдакони то 6 сола татбиқ намегардад.

 

 

Сардори шуъбаи ҳифзи давлатии

ҳуқуқҳои иқтисодӣ,иҷтимоӣ ва фарҳангӣ                                           

Ш. Раҷабов

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор