Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Дар дунё касе инкор карда наметавонад, ки об дарҳастии инсоният дурри гаронбаҳост, зеро об ин худиҳаёт аст, об-ин рушд, тараққиёт,пешрафт ва об ин ояндаи ободу осудаи наслҳои нав мебошад. Мову шумо вазифадорем, ки ба хотири амалӣ гаштани ҳамаи ин шиорҳоҷиддуҷаҳди хешро дареғ надорем».

    Эмомалӣ Раҳмон

 

Дар Паёми навбатӣ, ки 21 декабри соли 2021 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон диққати асосиро ба масъалаҳои таъмини аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ равона намуданд.

Зимни ироаи Паёми навбатӣ Пешвои муаззами миллат қайд намуданд, ки «дар ин давра дар кишвар 54 ҳазор гектар заминҳои нав обёрӣ гардида, ҳамзамон бо ин, ҳар сол дар майдони қариб 200 ҳазор гектар замини обӣ кишти такрории зироатҳо амалӣ шуда истодааст. Дар натиҷа дар замони истиқлолият маданияти истифодабарии замин куллан беҳтар гардида, аз як қитъаи замини обӣ гирифтани 2–3 ҳосил ба ҳукми анъана даромад, ки барои бамаротиб зиёд шудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат карда истодааст».

Бо амалӣ намудани корҳои зикргардида мо соли 2017 ба яке аз ҳадафҳои стратегии худ ноил шуда, Тоҷикистони сепорчаро ба қаламрави воҳид табдил додем ва тавассути долонҳои нақлиётӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва дигар мамолики дуру наздики хориҷӣ пайвастани онро таъмин намудем.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки дар кишвари мо 98 фоизи нерӯи барқ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия, яъне асосан бо истифода аз нерӯи об истеҳсол гардида, Тоҷикистон аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» шашум кишвари пешсафи сайёра мебошад.

Дар ин самт, ҳоло дар Тоҷикистон лоиҳаҳои бузурги бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ амалӣ гардида истодаанд ва дар 7 соли оянда аз ҳисоби бунёди нерӯгоҳи «Роғун» ва таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обии «Норак», «Сарбанд» ва «Қайроққум» иқтидори энергетикии мамлакат иловатан ба 4 ҳазор мегаватт афзоиш дода мешавад.

Ҳукумати мамлакат бо истифода аз тамоми имкониятҳо ҷиҳати ҳалли масъалаҳои оби тозаи ошомиданӣ роҳҳо мунтазам чораҷӯӣ карда истодааст.

Бар замми ин, бо мақсади дастгирӣ дар шароити тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиӣ, бахусус, хушксолӣ ва обхезӣ, паҳншавии бемории КОВИД–19 дар ду соли охир ва пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо кишоварзони мамлакат дар соли 2021 аз пардохти андоз аз истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, яъне андози ягона озод карда шуданд.

Дар чунин шароит мо бояд ба истифодаи захираву имкониятҳои мавҷуда, пеш аз ҳама замин ва об, мунтазам зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ ва дар баробари ин, ба масъалаи сарфаю сариштакорӣ ниҳоят ҷиддӣ муносибат кунем».

Вобаста ба тағйирёбии иқлим, баландшавии бесобиқаи ҳарорати миёнаи кураи Замин ва пайомадҳои манфии он барои ҳаёти инсон, олами ҳайвоноту наботот ва пиряхҳои кишвар олимони мо омӯзиш, таҳқиқ ва мониторинги доимиро дар ин самтҳо ба роҳ монда, роҳу усулҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро якҷо бо олимони минтақа ва ҷаҳон коркард ва амалӣ намоянд.

Махсусан, силсилаи ташаббусҳои Тоҷикистон дар бобати ҳалли мушкилоти об дар ҷаҳон, ки дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун «Раванди оби Душанбе» пазируфта шудааст, кишвари моро дар арсаи ҷаҳонӣ ба таври хос муаррифӣ кардааст.

Ҳоло иқдоми чоруми Тоҷикистон – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 дар сатҳи милливу минтақавӣ ва ҷаҳонӣ амалӣ шуда истодааст.

Ҳамзамон бо ин, масъалаи тағйирёбии глобалии иқлим ва зарурати талошҳои муштарак барои рафъи оқибатҳои он ҳамчун мушкилоти ҷиддии замони муосир мавриди таваҷҷуҳи хоси кишвари мо қарор гирифтааст.

Тайи чанд даҳсолаи охир тақрибан сеяки ҳаҷми умумии пиряхҳои кишвари мо, ки зиёда аз 60 фоизи захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ аз онҳо ташаккул меёбад, аз байн рафтааст.

Дар ин замина, кишвари мо ба мақсади эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, мушаххас намудани Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо якҷо бо шарикони байналмилалии худ саъй карда истодааст.

Мо кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сиёсати хирадмандона ва инсонпарваронаи Сарвари давлат изҳори қаноатмадӣ намуда, бо дарки баланди масъулиятшиносӣ тасмим гирифтаем, ки барои амалӣ шудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ҳисагузор бошем.

 

 

 

М. Салоҳидинзода

Корманди мақомоти Ваколатдор

оид ба ҳуқуқи инсон

дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор