Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мусоидат намудан ба такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ба сифати яке аз вазифаҳои асосии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон пешбинӣ намудааст. Меъёри мазкур ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон имконият медиҳад, ки фаъолияти худро дар самти ҳуқуқи инсон ба роҳ монда, аз натиҷаи он ба раванди такмили қонунгузорӣ оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва риояи стандартҳои байналмилалӣ таъсир расонида, низоми ҳуқуқҳимояткунӣ ва таъмини риояи ҳуқуқи инсонро рушд диҳад.

Мавриди қайд аст, ки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар такмили самаранокии қонунҳо, таҳлили мутобиқати онҳо ба принсипу меъёрҳои эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ, ҳамчунин ошкор намудани мушкилоти самти мазкур имконияти васеъ дорад.

Чунин имконият бояд ба демократикунонии амалишавии ҳокимияти қонунгузорӣ ва мустаҳкам намудани кафолатҳои риояи ҳуқуқи инсон дар раванди банақшагирии механизмҳои батанзимдарории ҳуқуқии онҳо мусоидат намояд.

Тавре аз моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бармеояд, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар такмили қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дахл доранд, инчунин ба мутобиқсозии онҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мусоидат намуда, ҳуқуқ дорад:

а) ба субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ оид ба такмили қонунҳо пешниҳод ирсол намояд;

б) дар таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд дахл доранд, иштирок намояд ва хулоса диҳад;

в) ба мақомот ва шахсони мансабдори ваколатдори давлатӣ оид ба қабул намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба ҳуқуқи инсон ё ворид намудани тағйиру иловаҳо ба онҳо пешниҳод ирсол намояд.

Ҳамчунин, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон метавонад ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати додани тавзеҳоти дастурӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон муроҷиат намояд.

Пешниҳоди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон оид ба такмили қонунҳо аз ҷониби субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, яъне Аъзои Маҷлиси миллӣ, вакили Маҷлиси намояндагон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Тоҷикистон, Маҷлиси вакилони халқи вилояти Мухтори Бадахшони Кўҳӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳангоми ба мақоми қонунгузор пешниҳод гардидани лоиҳаи қонуни дахлдор ба инобат гирифта мешавад.

Ҳифзи давлатии ҳуқуқи инсон дар раванди қонунгузорӣ инчунин тариқи иштироки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд дахл доранд, иштироки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар иҷлосияҳо, ҷаласаҳои якҷоя ва алоҳидаи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешавад.

Кормандони Дастгоҳи марказии Ваколатдор ҳангоми баррасии лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мутобиқати онҳоро ба Конститутсияи Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мавриди таҳлил қарор дода, ба мақомот ва шахсони мансабдори ваколатдори давлатӣ оид ба қабул намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба ҳуқуқи инсон ё ворид намудани тағйиру иловаҳо ба онҳо пешниҳод ирсол менамоянд.

Соли 2021 бо мақсади мусоидат намудан дар такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон кормандони Дастгоҳи марказии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон лоиҳаи 35 санадҳои меъёрии ҳуқуқиро (с.2020 - 42 санад) мавриди омўзиш қарор дода, хулосаҳо пешниҳод намуданд.

Дар ҳолати вайрон шудани ҳуқуқу озодиҳои инсон бо  санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳуқуқ дорад бо тартиби муқарраргардидаи қонун ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муайян намудани мутобиқати онҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост пешниҳод намояд. Дар сурати аз ҷониби Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон номувофиқ дониста шудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳо аз эътибор соқит дониста мешаванд.

Мусоидати Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар бораи такмили қонунгузорӣ пеш аз ҳама нисбат ба санадҳои меъёрии ҳуқуқие нигаронида шудаанд, ки ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дахл доранд. Яъне, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон тавассути мусоидат намудан ба такмили қонунгузорӣ экспертизаи ҳуқуқии санадҳои меъёрии ҳуқуқиро амалӣ менамояд.

Дар охир бояд қайд намуд, ки аксари санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки қабул мешаванд ба ин ё он паҳлуи ҳуқуқи инсон дахл доранд. Бинобар ин ба мақсад мувофиқ мебошад, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки бевосита ба ҳуқуқи инсон дахл доранд, ҳатман бо мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мувофиқа карда шаванд.

 

Ашуров М., сардори шуъбаи ҳифзи давлатии

ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии Дастгоҳи

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон  

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор