Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

 

“Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.”

                                                      Эмомалӣ Раҳмон

 

             Бо дарназардошти саҳми иқтисодӣ ва иҷтимоии занон дар некўаҳволии оила ва дар маҷмўъ дар рушди ҷомеа ва бо эътирофи он, ки баробарии гендерӣ на танҳо яке аз ҳуқуқҳои асосии инсон, балки заминаи зарурӣ барои ноил гаштан ба сулҳ ва рушди устувор ба ҳисоб меравад, таъмин намудани ҳуқуқу озодиҳои занон,   баробарҳуқуқии мардону занон, иштироки фаъоли онҳо дар корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад.

             Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳанӯз аз рӯзҳои аввали истиқлолият  ҷиҳати ҷалби  занон ба фаъолияти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, амалишавии сиёсати гендерӣ, баланд бардоштани нақш ва мақоми занон дар ҷомеа, ташкили низоми давлатии ҳифзи иҷтимоии занон заминаи зарурии меъёрии ҳуқуқӣ ташкил ва даҳҳо ҳуҷҷатҳои стратегӣ  қабул ва роҳандозӣ намуд.

             Амалигардонии Қонуни Ҷумҳурии Тољҷкистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа”, Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд” (барои солҳои 2007-2016 ва 2017-2022) ва дигарҳо самари нек дода, боиси афзудани нақши занон дар ҷомеа гардиданд.

             Ҷорӣ намудани чораҳои муваққатии махсус, аз қабили имтиёзҳо барои занон ҳангоми гузароиндани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, квотаҳои президентӣ барои дохил шудан ба муассисаҳои олии касбӣ, стипендияҳои президентӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва олии касбӣ, грантҳои президентӣ барои занони соҳибкор низ барои таъмини баробарии гендерӣ мусоидат менамояд.

      Андешидани ин ва дигар тадбирҳои судманд дар самти мазкур боиси афзудани теъдоди занҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ гардид. Аз ҷумла, афзоиши теъдоди занон дар мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар ва дар маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо, ҷалби бештари занон дар хизмати давлатӣ, зиёд шудани шумораи занони соҳибкор натиҷаи ин чораандешиҳост.

Боиси қайд аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 аз рўи нишондиҳандаҳои баробарии гендерӣ дар байни 162 кишвари ҷаҳон (бо индекси 0,314) мақоми 70-ро соҳиб гашт.

Ба хотири боз ҳам баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон ва бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 љињати то 30 фоиз расонидани хизматчиёни давлатӣ ва то 25 фоиз расонидани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони лаёқатманд Пешвои миллат дар паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар бобати  дар муҳлати се моҳ таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод кардани “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023-2030” супориш доданд.

Дар тӯли солҳои истиқлолият дар ҷумҳурӣ дар роҳи  пешгирии зӯроварӣ дар оила,  коркарди механизмҳои самараноки пешгирӣ намудани ин падидаи номатлуб, дастгирӣ ва тавонбахшии ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила тадбирҳои муассир андешида шуданд. Дар ин раванд қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила",  амалигардонии Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023, таъсис додани нозирони минтақавӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, ташкили марказҳои захиравӣ ва утоқҳои дастгирии занони аз зӯроварӣ ранҷкашида ва дигар тадбирҳо муҳим арзёбӣ мегарданд.

 Бо вуҷуди пешравиҳо дар самти мазкур  ҳанӯз корҳои зиёд бояд ба анҷом расонида шаванд. Зеро таҳлилҳои дар самти мазкур анҷомдодашуда нишон медиҳанд, ки ҳолатҳои зўроварӣ дар оила  ҳоло ҳам ҷой доранд ва бештар нисбати занон равона гардида, ҳаёти онҳоро душвор мегардонанд. Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2021 аз ҷониби кормандони ин мақомот 4194 мурољиат оид ба зўроварӣ дар оила баррасӣ шудааст, ки назар ба соли пешин 533 адад зиёд аст.  Аз ин шумора 3460 ҳолати зӯроварӣ нисбати занон равона гардидаанд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти вайронкунии ҷиддии ҳуқуқи инсон будани зӯроварӣ дар оила ва боиси оқибатҳои ногувор, аз қабили пошхӯрии оилаҳо ва худкушӣ гардидани он, мусоидат ба пешгирии ин амалҳои номатлубро дар доираи Стратегияи фаъолияти мақомот барои солҳои 2021-2025 ҳамчун самти афзалиятнок арзёбӣ намудааст.

Дар ин раванд ҷиҳати муайян намудани вазъ дар самти мазкур ва мусоидат ҷиҳати пешгирӣ намудани ҳолатҳои зӯроварӣ дар оила ҳамасола аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон муроҷиатҳои шаҳрвандон дар ин самт баррасӣ гардида, санҷишу мониторинги фаъолияти нозирони минтақавии пешгирии зӯроварӣ дар оила ва марказҳои буҳронӣ гузаронида мешаванд.

 Ҳамчунин ҷиҳати  баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар самти пешгирии зўроварӣ чорабиниҳои иттилоотӣ, аз қабили семинару мизҳои мудаввар ва баромадҳо тавассути воситаҳои ахбори омма ташкил карда мешаванд. Масалан, дар соли 2021 фаъолияти ду нозири минтақавӣ мавриди санҷиш қарор дода шуда, дар шаҳрҳои Кўлоб, Конибодом, ноҳияҳои Рушон, Тоҷикобод ва Ҷ.Балхӣ мизҳои мудаввар доир карда шуданд.

Айни ҳол дар ҷумҳурӣ бо мақсади хотима додан ба ҳама гуна шаклҳои зӯроварӣ нисбати занон ва духтарон, бархурдор гардидани занону духтарон аз ҳуқуқњои худ, баланд бардоштани сатҳи иттилоотонии аҳолӣ, мусоидат ба муколама, таъмини иҷрои уҳдадориҳо ва нишон додани пешравии якҷоя дар коҳиш додани зўроварии гендерӣ тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 майи соли 2021, №186 амалишавии ташаббуси “Нури рушноӣ” роҳандозӣ гардидааст.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар амалишавии ташаббуси мазкур иштироки фаъолона дошта, дар ин раванд бо мақомоти дахлдор, аз ҷумла Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст.   Дар доираи ҳамкориҳои мазкур намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар семинарҳои омӯзишӣ барои мақомоти қонунгузор ва иҷроия дар мавзуи “Баланд бардоштани огоҳӣ ва ҳассосияти ҷонибҳои манфиатдори маҳаллӣ оид ба зӯроварии ҷинсӣ ва гендерӣ дар раванди таҳияи қонунгузорӣ ва муқаррарот оид ба баробарии гендерӣ ва вокуниш ба зӯроварӣ” дар шаҳрҳои Ҳисор ва Хуҷанд, ноҳияҳои Восеъ, Рӯдакӣ, Б.Ғафуров ва Ёвон иштирок намуда, дар бораи уҳдадориҳои байналмилалии ҷумҳурӣ дар самти пешгирии зӯроварӣ дар оила маълумоти муфассал пешниҳод кард.

Ҳамчунин зимни чорабиниҳои мазкур бобати такмили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” як қатор пешниҳодҳо оид ба пешбинӣ намудани кӯмаки ройгони тиббӣ, равонӣ ва ҳуқуқӣ ва ташхиси ройгони тиббӣ дар сурати зарурати исбот намудани гуноҳи шахси зӯроварӣ содирнамуда; барномаҳои ислоҳӣ барои шахсони содирнамудаи зӯроварӣ ҷиҳати тағйир додани рафтори зӯроваронаи онҳо ва пешгирии зӯроварии такрорӣ; ташкили паноҳгоҳҳо; муайян намудани субъктони иловагии пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила ва дигарҳо манзур гардиданд.

Инчунин бартараф намудани мухолифати байни қонунгузории амалкунанда, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” ва қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ дар мавриди оғоз намудани парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё ҷиноятӣ мувофиқи мақсад дониста шуд.

Бунёди оилаи солиму устувор, пешгирии зуроварӣ дар оила, дар руҳияи неки инсонӣ тарбия намудани  фарзандон,  огоҳ гардидан аз ҳуқуқу уҳдадориҳо дар муносибатҳои оилавӣ  аз масъулини мақомоти дахлдору шахсони муттасадӣ талаб менамояд, ки дар ҳамбастагӣ дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро боз ҳам пурзӯр намуда,  бо истифода аз ҳамкориҳои байнисоҳавӣ барои барҳам додани сабабҳои асосии зӯроварӣ нисбати занону духтарон мусоидат намоянд.

 

Сардори шуъбаи ҳифзи давлатии

ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва

фарҳангии Дастгоҳи Ваколатдор

оид  ба ҳуқуқи инсон дар

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳабибулозода Р.Ҳ.

 

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор