Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам чораҳои дахлдор оид ба таъминоти ҳуқуқӣ ва ташкилии муқовимат ба коррупсия андешида шуда, ҷиҳати ошкору пешгирӣ намудани кирдорҳои коррупсионӣ ва таъмину ҳифзи ҳуқуқи инсон заминаҳои боэътимод фароҳам оварда шудааст.

Ҳанўз 10 декабри соли 1999 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» қабул шуда, баъдан 25 июли соли 2005 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ва 7 августи соли 2020 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» дар таҳрири нав қабул карда шуданд.

Бояд қайд кард, ки Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ бештари санадҳои ҳуқуқии байналмилалиии самти мазкурро ба тасвиб расонидааст. Аз ҷумла, соли 2003 Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи амалиёти Истамбулии мубориза бар зидди коррупсия барои давлатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказиро ба имзо расонида, мунтазам ҳисоботҳои даврӣ ва фосилавии худро баҳри иҷрои тавсияҳо дар ин самт ба Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд пешниҳод менамояд ва то инҷониб коршиносони Созмони мазкур чор маротиба мониторинги иҷрои тавсияҳои худро дар Тоҷикистон гузарониданд.

Ҳамчунин, Тоҷикистон Конвенсияи СММ зидди коррупсияро, ки ҳамчун ҳуҷҷати ҳуқуқии комили байналмилалии зиддикоррупсионӣ дар ҷаҳон эътироф шудааст, 25 сентябри соли 2006 ба имзо расонида, 16 апрели соли 2008 тасдиқ намудааст.

Бо мақсади вусъат бахшидани низоми мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, бартараф намудани такроркунии функсия ва ваколатҳои мақомоти идоракунии давлатӣ, таъмини шаффофият ва такмили фаъолияти назоратию ревизионӣ бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007 № 143 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати амалигардонии чораҳои пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 2010 № 968 Низомномаи Шўрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд. Ба ҳайати Шўрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарони мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ шомил гардиданд.

Ҳамчунин, бо мақсади баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ ва фароҳам овардани фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва дар маҷмўъ, паст намудани шиддати коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ду санади барномавии дурнамо, аз ҷумла бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008, №34 «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012» ва фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, №1504 «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» қабул карда шуданд.

Бояд қайд кард, ки Стратегияҳои мазкур барои паст кардани шиддати коррупсия ва баланд бардоштани обрўю нуфузи мамлакат дар арсаи байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам оварданд.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021,  №222 Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 тасдиқ гардид, ки чорабиниҳои дар он пешбинишуда ба меъёр ва принсипҳои қонунгузории миллӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ асос ёфтааст.

Ҳамчунин, ба фармони мазкур Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025) тасдиқ гардид, ки дар он номгўи чорабиниҳо, мақсад (натиҷаҳои маъмулӣ)-и дар назар дошташуда, муҳлати иҷро, иҷрокунандагон ва сарчашмаҳои маблаѓгузории чорабиниҳо пешбинӣ шуданд.

Яке аз роҳҳои самарабахши ошкору муайян намудани сарчашма ва сабабҳои пайдоиши ҳолатҳои коррупсионӣ ин мунтазам гузаронидани таҳлили фаъолият мебошад. Мавриди қайд аст, ки тақвияти амалигардонии таҳлили хавфҳои коррупсионӣ бояд тибқи тартиби муқаррарнамудаи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ), ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, №465 тасдиқ шудааст, роҳандозӣ гардад.

Бояд қайд кард, ки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ба сифати субъекти иштироккунандаи муқовимат ба коррупсия пешбинӣ шудааст. Вобаста ба ин Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар доираи ваколати худ мунтазам тарѓибу ташвиқи зиддикоррупсиониро гузаронида, иҷрои талаботи стратегия ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсиониро таъмин менамояд ва бо мақсади ошкор ва бартараф намудани сабабу шароитҳо ва хавфҳои коррупсионӣ таҳлили фаъолияти худро анҷом медиҳад.

Бо ин мақсад бо Фармони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз 15 ноябри соли 2021, № 148 Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025) дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2022 тасдиқ карда шуд.

Дар доираи нақшаи мазкур бо кормандони Дастгоҳи марказӣ вобаста ба  Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 203 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025) дарси бозомўзӣ гузаронида мешаванд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон минбаъд низ тасмим гирифтааст, ки мунтазам тарѓибу ташвиқи зиддикоррупсиониро гузаронида, иҷрои талаботи стратегия ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсиониро таъмин намояд ва бо мақсади ошкор ва бартараф намудани сабабу шароитҳо ва хавфҳои коррупсионӣ таҳлили фаъолияти худро анҷом диҳад.

 

Ашуров М., сардори шуъбаи ҳифзи давлатии

ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии Дастгоҳи

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон  

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор