Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Ҳамасола 5 май дар ҷаҳон ҷиҳати ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба мушкилоти ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони маъюбиятдошта Рӯзи байналмилалии мубориза барои ҳуқуқи маъюбон таҷлил мегардад.

Бино ба иттилои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, дар ҷаҳон беш аз 1 миллиард одамон яке аз навъҳои маъюбиятро дороянд, ки ин шумора 15 фоизи аҳолии кураи заминро ташкил медиҳад. Аз инҳо, қариб 80 фоизашон одамони синни кобили мехнат мебошанд. Аммо дар аксар маврид ҳуқуқи маъюбон ба кори муносиб инкор карда мешавад.

Одамони маъюб, бахусус занони маъюб, бо монеаҳои рафторӣ, ҷисмонӣ ва иттилоотӣ барои имкониятҳои баробар дар ҷаҳони кор рӯ ба рӯ мешаванд.

Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон барои ҳамаи шахсони маъюб дар тамоми соҳаҳо имконияти баробари кору зиндагӣ фароҳам оварда шудааст ва рӯз аз рӯз шароит барои онҳо беҳтар мегардад.

Таъминоти иҷтимоии маъбон дар моддаи 39 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода шудааст. Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии маъюбон пайваста тадбирҳои муассир андешида мешаванд.

Дар ин самт Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон», «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017–2020», «Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2020», «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020»  ва дигар санадҳо қабул ва амалӣ мегарданд.

Яке аз дастовардҳои муҳим дар ҷумҳурӣ 22 марти соли 2018 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расонидани Конвенсия оид ба ҳуқуқи маъюбон мебошад.

Дар ҳар Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии кишвар Президенти кишвар ба воситаи сиёсати инсонпарваронаи худ аз ин қишри ҷомеа ёд меоранд, дастур медиҳанд, ки тамоми тадбирҳои зарурӣ барояшон андешида шаванд.

Бояд қайд намуд, ки айни ҳол Нақшаи миллии амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ва амалинамоии Конвенсия дар бораи ҳуқуқи маъюбон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2020, № 116 тасдиқ шуда, ҷиҳати омўзиши масъалаи мазкур гурўҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шудааст.

Дар баробари фароҳамоварии имтиёзҳо қариб ҳамасола ба хотири беҳдошти зиндагии шахсони маъюбиятдошта нафақаи онҳо зиёд карда мешавад.  Дар робита бо ин санаи 4 августи соли 2020, №1580 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия” ба имзо расид, ки тибқи он аз 1 сентябри соли 2020 нафақаи маъюбоне, ки кор намекунанд, 50 фоиз зиёд карда шуда, андозаи он ба нафақаи нафақагироне, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суѓуртавӣ ва давлатӣ» муқаррар гардидааст, баробар карда шуд.  

Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 майи соли 2021, №186 “Дар бораи зиёд намудани андозаи нафақаҳои гурӯҳҳои алоҳидаи нафақагирон, ки ба онҳо нафақа аз рӯи маъюбӣ таъин ва пардохт мегардад” аз 1 сентябри соли 2021 нафақаи маъюбон аз овони кӯдакӣ, нафақаи кӯдакони то 18 сола, ки ба онҳо нафақаи иҷтимоӣ аз рӯи маъюбӣ таъин гардидааст, ба андозаи 20 фоизи нафақаи заминавии муқарраргардида зиёд карда шуд. Нафақаҳои маъюбони гурӯҳи I бошад ба андозаи 50 фоизи нафақаи заминавии муқарраргардида зиёд карда шуд.

Новобаста аз тадбирҳои аз ҷониби Ҳукумати кишвар андешидашуда дар амалӣ гардонидани ҳуқуқҳои маъюбон баъзе мушкилиҳо боқӣ мемонанд. Муроҷиатҳои ба мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ворид шуданд, аз ҷой доштани чунин мушкилот дарак медиҳанд.

Дар муроҷиатҳои худ ба мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон шахсони дорои маъюбият асосан масъалаҳои вобаста ба расонидани кўмаки моддӣ, мусоидат ҷиҳати бо ҷойи кор ва манзили истиқоматӣ таъмин намудани онҳо, ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, пардохти ҷубронпулӣ барои гирифтани маъюбӣ дар ҷойи кор ва ѓайраҳоро ба миён мегузоштанд. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҷиҳати ҳалли мушкилоти муроҷиаткунандагон ва барқарорсозии ҳуқуқҳои онҳо дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ мусоидат менамояд.

Ҳамасола аз тарафи кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар доираи Стратегияи фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои солҳои 2021-2025 ва ҷиҳати муайян намудани вазъи таъмини муҳити дастрас барои маъюбон ва гуруҳҳои камҳаракати аҳолӣ санҷишу мониторингҳо гузаронида мешаванд.

Соли 2021 чунин мониторингҳо дар шаҳрҳои Кулоб, Конибодом, ноҳияҳои Тоҷикобод, Рушон ва Ҷ.Балхӣ гузаронида шуданд. Натиҷаи мониторингҳо нишон медиҳад, ки ҷиҳати таъмини муҳити дастрас ба ин категорияи аҳолӣ тадбирҳои дахлдор андешида шуда, ҳангоми сохтани биноҳои нави истиқоматӣ ва дигар иншоотҳо талаботи Меъёрҳои қоидаҳои шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инобат гирифта мешавад. Таҳлили вазъ дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ аз он шаҳодат медиҳад, ки биноҳо ва нақлиёти ҷамъиятӣ асосан ба талаботи маъюбон мутобиқ гардонида шудаанд. Чунин санҷишҳо соли 2022 дар шаҳри Норак, ноҳияҳои Нуробод ва Бобоҷон Ғафуров ба нақша гирифта шудаанд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҷиҳати тағйир додани афкори ҷомеа дар бораи маъюбон  ҳамчун шахсони нотавон, эҳтиёҷманд ва нокомил дар воситаҳои ахбори омма пайваста баромадҳо доир намуда, чорабиниҳои иттилоотию маърифатӣ, семинару машваратҳо мегузаронад. Дар сомонаи расмии мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (www. ombudsman. tj.) саҳифаи «Шахсони имконияташон маҳдуд»  ташкил карда шуда, дар он санадҳои байналмилалӣ ва дигар маводҳо ҷой дода шудаанд. 

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати беҳтар намудани вазъи риояи ҳуқуқи шахсони маъюбиятдошта фаъолиятро дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои байналмилалӣ тақвият мебахшад.

 

Салоҳидинзода М

Корманди ваколатдор

оид ба ҳуқуқи инсон

дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор