Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Шахсони дорои маъюбият аъзоёни комилҳуқуқи ҷомеа мебошанд. Онҳо ба мисли дигар шаҳрвандон метавонанд дар рушди устувори ҷомеа нақши муҳим дошта бошанд. Аз ин рӯ, шахсони маъюбиятдошта  ба муносибати сазовор ва баробар дар ҷомеа ҳуқуқ доранд. Ҷалби ин қишри аҳолӣ ба тамоми ҷанбаҳои ҳаёти иҷтимоӣ вазифаи муҳимтарини ҷомеаи муосир аст.

 Бо мақсади худинкишофдиҳӣ ва иштироки фаъол дар ҳаёти ҷамъиятӣ шахсони маъюбиятдошта бояд ба таҳсил,  ҳифзи иҷтимоӣ, тавонбахшӣ ва барномаҳои рушди малака, шуғли муносиб, иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва ба дигар соҳаҳои фаъолияти ҷамъиятӣ дастрасии баробар дошта бошанд.

Ба ҳолати 31 декабри соли 2021 дар ҷумҳурӣ 157 933 нафар маъюбон, аз ҷумла 31 801 кӯдаки маъюбиятдошта ба қайд гирифта шудааст.

Масъалаҳои таъмини ҳуқуқу озодиҳои шахсони дорои маъюбият мавриди  таваҷҷӯҳи хоссаи давлат қарор дошта, аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати ҷумҳурӣ ба шумор меравад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар доираи иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти ҳуқуқи инсон, аз ҷумла татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор ҷиҳати бунёди ҷомеаи фарогир барои шахсони дорои маъюбият тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Қонунгузории амалкунанда дар самти мазкур пайваста такмил дода шуда, ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида мешаванд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон”  барои маъюбон имтиёзҳо ва кафолатҳои гуногунро муқаррар намудааст, аз қабили пурра ё қисман озод намудани онҳо аз пардохти коммуналӣ, аз  пардохти андози нақлиёти автомобилӣ ва замин озод намудани баъзе категорияҳои маъюбон, расонидани ёрии ройгони дахлдори  тиббӣ дар муассисаҳои тиббии давлатӣ, инчунин барои ҷавонони маъюбиятдошта пешбинӣ намудани  имтиёзҳо барои дохил шудан ба муассисаҳои миёна ва олии касбӣ.

Яке аз қадамҳои муҳим дар самти таъмини ҳуқуқҳои маъюбон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расонидани Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон ва барои тадриҷан тайёр намудани заминаи иҷтимоию иқтисодии муносиб ҷиҳати ба тасвибрасонии он татбиқ намудани Нақшаи миллии амалҳои барои давраи то соли 2024 мебошад.

 Чорабиниҳои дар Нақшаи мазкур пешбинигардида ба такмили қонунгузорӣ дар ин самт, фароҳам овардани шароит барои иштироки фаъолонаи маъюбон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, ташаккули фаҳмиши худтаъминкунии маъюбон барои истифодабарии иқтидори худ дар раванди ҷамъиятӣ ва ҳаёти шахсӣ, бунёди муҳити мусоид ва дастрас барои онҳо, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии маъюбон ва аъзои оилаи онҳо ва тақвият додани маъракаҳои иттилоотӣ оид ба масъалаҳои маъюбият равона шудаанд. 

Бо мақсади пешгирӣ намудани никоҳҳои хешутаборӣ, ки тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сабабгори таваллуди то 30-35% кӯдакони маъюбиятдошта буд, ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сабти давлатии асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ” тағйиротҳои дахлдор ворид карда шуда, никоҳҳои хешовандони наздик манъ карда шуданд. Ин ҳолат боиси ба маротибҳо кам шудани таваллуди кӯдакони маъюбиятдошта гашт.

Дар доираи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030 ҷиҳати таъмини дастрасии баробари маъюбон ба таҳсилоти босифат дар муҳити фарогир тадбирҳои дахлдор андешида мешаванд.

Дар назди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар гуруҳи кории доимоамалкунанда оид ба ҳуқуқҳои маъюбон ва дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии як қатор шаҳру ноҳияҳо  аз ҳисоби мутахассисони маъюбиятдошта мансаби мушовир оид ба масъалаҳои маъюбон таъсис дода шудаанд.

Дар ҷумҳурӣ теъдоди зиёди ташкилотҳои давлатӣ ба маъюбон хизматҳои гуногуни иҷтимоӣ мерасонанд. Дар Тоҷикистон барои таъсис додани иттиҳодияҳои ҷамъиятии маъюбон шароитҳои мусоид фароҳам оварда шуда, онҳо аз ҷониби давлат тавассути фармоиши иҷтимоии давлатӣ маблағгузорӣ карда мешаванд.    

Зиёд намудани нафақаи маъюбон ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи зиндагии онҳо мавриди таваҷҷӯҳи пайвастаи давлат қарор дорад.   Дар доираи тадбирҳо дар ин самт бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 1 сентябри соли 2021 андозаи нафақаи  маъюбон аз овони кӯдакӣ, ки ба онҳо нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ дар асоси  қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” ва  “Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъин гардидаанд, ба андозаи 20 фоиз нафақаи заминавии муқарраргардида зиёд карда шуд.

Мусоидат ба ҳифзи ҳуқуқҳои маъюбон самти афзалиятнок ва муҳими Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта,  дар доираи Стратегияи фаъолияти мақомот барои солҳои 2021-2025 дар ин самт корҳои мушаххас анҷом дода мешаванд. Муайян намудани вазъи риояи ҳуқуқи маъюбон тавассути санҷиши таъмини муҳити дастрас ва фарогир барои онҳо, риояи ҳуқуқҳои онҳо дар муассисаҳои будубоши доимӣ, дастрасии шахсони маъюбиятдошта ба таҳсил, баргузор намудани чорабиниҳои иттилоотӣ ва маърифатӣ ҷиҳати тағйир додани афкори ҷомеа нисбат ба шахсони маъюбиятдошта ҳамчун шахсони нотавон ва эҳтиёҷманд  аз ҷумлаи ин тадбирҳо мебошанд.

Ҳимоя ва пешбурди ҳуқуқҳои маъюбон набояд танҳо бо расонидани хадамоти махсуси  марбут ба маъюбӣ маҳдуд шавад. Пурра амалӣ гардонидани ҳуқуқҳои маъюбон  муайян ва бартараф намудани шароитҳои иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва сиёсиро, ки дар ин самт монеа эҷод мекунанд,  тақозо менамояд. Аз ин рӯ, вазифаи тамоми мақомоти давлатӣ ва сохторҳои чомеаи шаҳрвандӣ аз он иборат аст, ки якҷоя барои бартараф кардани ин монеаҳо саъю талош намоянд.

 

 

 

Ҳабибулозода Р.Ҳ.

Сардори шӯъбаи ҳифзи давлатии

 ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва

фарҳангии Дастгоҳи Ваколатдор

 оид б аҳуқуқи инсон дар

Ҷумҳурии Тоҷикиситон                                              

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор