Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

 

Рушди забони давлатӣ дар даврони Истиқлол.

    Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 сол аст, ки соҳибистиқлол аст. Яке аз рукнҳои асосии ҳар як давлати соҳибистиқлол забони давлатӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, дар аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол оид ба забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёри алоҳида муқаррар шуда, дар моддаи 2 Конститутсия омадааст, ки забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст.

    Бо мақсади амалисозии ин меъёри конститутсионӣ Ҳукумати ҷумҳурӣ истифода, ҳимоя ва рушди забони давлатиро таъмин намуда, ҷиҳати таҳким ва рушди бемайлони забони давлатӣ пайваста тадбирҳо меандешад.

    Қонунгузории миллӣ дар соҳаи забон аз Конститутсия сарчашма мегирад ва ин аст, ки бо дарназардошти таҳаввулот ва навгониҳо дар соҳаи забон соли 2009 Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул ва амалисозии он ба роҳ монда шуд.

    Қонуни мазкур истифодаи забони давлатӣ ва дигар забонҳоро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим намуда, аз ҷумла муқаррар менамояд, ки ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст забони давлатиро донад.

    Тибқи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” коргузории мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ сурат мегирад.

    Ҳамзамон, қонунгузор муқаррар кардааст, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ таҳия ва қабул карда мешаванд ва забони кории Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисмҳои ҳарбӣ ва ҷузъу томҳои он забони давлатӣ мебошад.

    Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон забони маориф, илм, чорабиниҳои фарҳангӣ, воситаҳои ахбори омма, эълону реклама, иттилоот ва коммуникатсия забони давлатӣ буда, коргузорӣ ва мукотибаи ташкилотҳо бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин бо шаҳрвандон низ дар ҳудуди ҷумҳурӣ бо забони тоҷикӣ сурат мегирад. Забони давлатӣ дар ҳама соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешавад.

    Яке аз дастовардҳои муҳими қонунгузории миллӣ дар соҳаи забон ҳатмӣ будани номгузории мақомоти ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо, инчунин ташкилотҳои дигар, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, номи вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо,  деҳаҳо, инчунин кӯчаҳо, хиёбонҳо, майдонҳо, боғҳои фарҳангӣ ва маҳалҳои дигари аҳолинишин бо забони давлатӣ буда, матни мӯҳру тамғаҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, қоғазҳои қиматнок ва лавҳаю овезаҳо бо забони тоҷикӣ навишта мешавад.

    Мусаллам аст, ки истифодаи забони давлатӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ нақши муҳим дорад ва аз ин лиҳоз самти мазкур дар боби 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба танзим дароварда шудааст.

    Мавриди зикр аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қавму миллатҳои гуногун зиндагӣ мекунанд ва онҳо аз ҷумла ҳуқуқи муошират бо забони модариашонро доранд. Аз ин рӯ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд дар Конститутсия ва қонунгузории худ кафолат додааст, ки ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳуқуқ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд.

    Бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи забон ва рушди забони давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори соҳа – Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, ки сиёсати давлатро дар самти мазкур амалӣ менамояд. Аз ҷумла, Кумитаи мазкур ҷиҳати амалисозии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №647 аз 28 ноябри соли 2020 “Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030” пайваста талош меварзад.

    Бо иқдомҳои пайвастаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар баробари дигар чорабиниҳо бо мақсади арҷгузорӣ ва рушди бемайлони забони давлатӣ, инчунин таҷлили сазовори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  (5 октябр) дар ҳудуди ҷумҳурӣ чорабиниҳои ҷашнӣ гузаронида мешаванд.

    Дар ин раванд ҳамкориҳои Кумита бо мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ назаррас мебошанд. Аз ҷумла, корманди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон шомили Комиссияи байниидоравии номгузории номҳои миллии тоҷикӣ дар назди Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

    Риоя, эҳтиром ва арҷгузорӣ намудан ба забони давлатӣ на танҳо вазифаи конститутсионии ҳар як шаҳрванд, балки қарзи фарзандии ҳар як фарди бедордил ва баору номуси Тоҷикистон мебошад.

 

А. Содиқов – сардори шуъбаи ташкилӣ,

иттилоотӣ ва таҳлилии Дастгоҳи

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор