Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

 

Забон -  омили ҳастӣ ва бақои миллат

    Забони модарӣ лафзи бузург, ширину муқаддасест, ки барои ҳар як инсони комил баробари пайдо шудани ҷон дар бадан пайдо мешавад. Ҳанӯз тифле, ки нав ба олами ҳастӣ чашм боз намудааст, ба аллаи модар, ки бо забони модарӣ сурат мегирад, ниёз дорад ва таҳти навои форами он худро озоду бофароғат ҳис мекунад, унс мегирад, интизорӣ мекашад, то ба ин лафзи поку муқаддас ҳарфе бишнавад, сазовори навои баландмазмуни модари азиз гардад. Зеро он азиз аст, шево садо медиҳад ва аз лаҳни форамаш дилу дида, ҷону дил ором мегардад, зеро он лафзи модар аст.

    Таърих гувоҳ аст, ки ҳар як халқу миллат дорои забон, урфу одат ва суннату анъанаҳои миллии худ  мебошад. Халқи тоҷик низ дар баробари таърихи чандинҳазорсола доштанаш дорои забони ноби тоҷикӣ буд, ки то имрӯз ба мо боқӣ мондааст.

    Забони тоҷикӣ дар тӯли таърих чандин марҳилаҳоро гузаронида, ҳамчун забони илму маърифат дар байни дигар забонҳо мавқеи хосса дорад. Чунон чи аз сарчашмаҳои таърихӣ ва рисолаҳои илмӣ маълум мешавад, дар замони қабл аз устоди шоирони тоҷику форс - устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ забони тоҷикӣ забони дарбор ва забони шеъру шоирӣ буд. Баъдан дар давраи ба сари ҳокимият омодани сулолаи Сомониён ва ба майдони адабиёт ворид шудани сардафтари адабиёти тоҷику форс устод Абуабдуллоҳи Рудакӣ забони адабии тоҷик рушд кард. Забони тоҷикӣ ҳамчун забони коргузории давлатӣ ба ҳисоб мерафт. Гарчанде ки баъди истилои арабҳо дар  Осиёи Марказӣ забони арабӣ ҳамчун забони дин ва забони илм нуфуз дошт, бо вуҷуди ин забони адабии тоҷикӣ аз ин забон бартарият дошт ва унсурҳои миллии худро мардуми тоҷик бо ин забон нигоҳ доштанд.

    Бади барҳам хӯрдани давлатдории сулолаи Сомониён забони тоҷикӣ то давраи инқилоби октябр дар давраи ҳукумронии дигар сулолаҳои туркнажод ҳамчун забони давлатдорӣ истифода мешуд ва мавқеи худро гум накарда буд.

    Дар замони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар баробари забони русӣ забони тоҷикӣ ҳамчун забони муошират ва коргузорӣ қабул карда шуда буд.

    Дар давраҳои солҳои ҳаштодум ва аввалҳои солҳои навадум равшанфикрони тоҷик барои мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ талош меварзиданд. Ниҳоят 22-июли соли 1989 забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ қабул гардида, Қонуни « Забони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид.

    Аз давраи қабули Қонуни мазкур то соли 2009 барои дар амал татбиқ кардани Қонуни забон ва мутобиқ кардани санадҳо ва истилоҳоти илмию ҳуқуқӣ корҳои зиёде ба анҷом расонида шуд. Аммо бо мурури замон Қонуни амалкунанда бо хухусиятҳои миллии худ имкон фароҳам меовард, ки дар  таҳрири нав қабул карда шавад.

    Мутобиқи моддаи 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. Забони русӣ ҳамчун забони муошират байни миллатҳо амал мекунад.

    Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳақ доранд, аз забони модариашон озодона истифода кунанд.

    Бинобар ин 5-октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Қонуни мазкур аз 7 боб ва 28 модда иборат буда, вазъи ҳуқуқии забони давлатиро муайян ва истифодаи онро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд.

    Вазифаҳои Қонуни мазкур истифодаи забони давлатӣ ва забонҳои дигарро дар фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони инфиродӣ танзим менамояд.

    Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст забони давлатиро донад.

    Ҳангоми истифодаи забони давлатӣ риояи муқаррароти қоидаҳои имлои забони адабӣ ҳатмӣ мебошад.

    Мутобиқи талаботи моддаҳои 5 ва 6 Қонуни мазкур коргузории мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ сурат мегирад.

    Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забони давлатӣ таҳия ва қабул карда мешаванд. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо забонҳои дигар  тарҷума карда мешаванд.

    Мутобиқи моддаи 9 Қонун дар  муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ  омўзиши ҳатмии забони давлатӣ таъмин карда мешавад.

    Дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии хориҷӣ,  ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, омўзиши забони давлатӣ ҳатмӣ мебошад.

    Ташкилотҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, дар мукотиба бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин бо шаҳрвандон забони давлатиро истифода менамоянд.

    Моддаи 26 Қонуни мазкур барои вайрон кардани талаботи Қонуни мазкур ҷавобгарӣ пешбинӣ кардааст, ки шахсони мансабдор, инчунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки талаботи Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

    Мутобиқи талаботи моддаи 89 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риоя  накардани  талаботи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Қонун аз 21.07.2010 № 614) ба шахсони  воқеӣ  ба  андозаи  аз  понздаҳ то бист,  ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин  карда мешавад.

    Барои ҳар як фарди тоҷик ифтихор аст, ки чунин забон, забони шеъру шоирӣ, забони Рудакию Фирдавсӣ, Ҳофизу  Саъдӣ, Синою Бедил, Мавлавию Ҷомӣ, Айнию Турсунзодаро дорад. Бо ин забон бузургони тоҷик асарҳои безавол эҷод кардаанд, ки халқияту миллатҳои гуногун то ҳол аз онҳо истифода менамоянд ва қиммати онҳо дар тӯли таърих ва то ҳол рўз ба рўз зиёд шуда истодааст.

    Дар байни дигар забонҳо ширину шево будани забони тоҷикиро бузургон ба риштаи назм  дароварда, васф кардаанд. Чунон чи  аллома Иқболи Лоҳурӣ мефармояд:

    Гар чӣ ҳиндӣ дар узубат шаккар аст,

 Тарзи гуфтори дарӣ ширинтар аст.

    Ё ҷойи дигар Унсурӣ мефармояд:

Чу ба одамӣ ҷуфт гардад парӣ,

Нагўяд парӣ ҷуз ба лафзи дарӣ.

    Яке аз рукнҳои давлатдорӣ ин доштани забон аст. Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати маорифпарваронаи  сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ мақоми давлатиро гирифт. Ҳар як халқу миллатро бо забону фарҳанг ва шахсиятҳои бузургаш мешиносанд. Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомлӣ Раҳмон аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид бо забони шевою оламгири тоҷикӣ сухан гуфтанд, ки ин бори дигар бузургии миллату давалат, мақоми баланд доштани забони тоҷикӣ ва пуштибони забону фарҳанги миллати тоҷик будани  сарвари давлат мӯҳтарам Эмомлӣ Раҳмонро нишон медиҳад.

    Масъалаи забони давлатӣ ва тақвияту таҳкими мақоми он дар таърихи давлатдории навини тоҷикон яке аз масъалаҳои  аввалиндараҷа ба ҳисоб рафта,  пайваста дар маркази диққати  Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Забони давлатӣ дар Тоҷикистон зери ҳимояву пуштибонии бевоситаи давлат қарор дошта, барои рушду пешрафти он дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи кишвар ҳамаи шароиту имкониятҳо фароҳам оварда шуда, давра ба давра барномаҳои рушди забони давлатӣ, аз ҷумла 29-уми ноябри соли 2020  Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2030 қабул ва мавриди амал қарор дорад.

    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рўзи  27.09.2022 дар суханронии худ дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода таъкид карданд: «Забони ширину шевои тоҷикӣ муҳимтарин унсури ҳастӣ ва бақои умри миллати куҳанбунёди мо мебошад, ки дар даврони истиқлол ва дар марҳалаи бунёди давлатдории миллӣ рисолати миллатсозиву давлатсозии худро бо рангу ҷилои тоза идома бахшида истодааст».

    Бинобар ин, вазифаи муқаддаси ҳар як фарди тоҷик аст, ки анъанаҳои неки ниёгон, забону фарҳанги худро донад, ҳимоя кунад ва наслҳои ояндаро дар роҳи рост, донистани забону фарҳанг  таълиму тарбия намояд. Зеро забон  омили ҳастӣ, бақои миллат аст, забону модар ва ватанро ҳамавақт бояд азиз дошт.

 

Машрабзода А.- Сармутахассиси 

Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои 

кӯдаки Дастгоҳи Ваколатдор оид ба

ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор