Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 июли  соли 2022 Қонуни Ҷумҳурии   Тоҷикистон “Дар бораи баробарӣ ва манъи ҳама гуна шаклҳои табъиз” қабул  гардид                                                                                                                                                                                                  

    Табъиз ба асли инсон зарба зада, боиси нобаробарӣ дар ҷомеа мегардад. Аз ин рӯ, Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон  шаъну шарафро ба ҳамаи инсонҳо хос ва ҳуқуқҳои баробар ва дахлнопазири онҳоро асоси озодӣ, адолат ва сулҳи умум эътироф намуда, ҳамзамон муқаррар намуд, ки ҳар инсон бояд бидуни ҳеҷ фарқияте, аз ҷумла фарқияти нажодӣ, ранги пӯст, ҷинс, забон, дин, ақидаҳои сиёсӣ ё ақидаи дигар, асли миллӣ ё иҷтимоӣ, вазъи молӣ, табақотӣ ё вазъи дигар аз ҳамаи ҳуқуқ ва озодиҳои дар он эълоншуда бархӯрдор бошад.

    Ин принсипи муҳими ҳуқуқи байнлмилалии ҳуқуқи инсон дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодаи худро ёфтааст. Дар асоси Конститутсия (моддаи 17) ҳама дар назди қонун ва суд баробар буда, ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк ҳуқуқу озодиҳо кафолат дода мешаванд.

    Қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Кодекси оила, Кодекси меҳнат, Кодекси ҷиноятӣ, Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ, Кодекси мурофиавии гражданӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак”, “Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон” ва дигарҳо вобаста ба муносибатҳои ҷамъиятие, ки ба танзим медароранд, муқаррароти умумиро дар бораи манъи табъиз дар бар мегиранд. Моддаи 143 Кодекси ҷиноятии ҶТ бошад барои вайрон кардани баробарҳуқуқии шаҳрвандон ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар намудааст.

    Бо вуҷуди ин, татбиқи пурраи мақсад ва принсипҳои сиёсати дохилии кишвар дар соҳаи таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, такмили механизми татбиқи принсипи конститутсионии баробарии ҳама дар назди қонун қабули қонуни мукаммали зидди табъизро зарур гардонд.

    Зарурати қабули қонуни мазкур инчунин аз ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иштирокчии аксари  шартномаҳо ва ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи  инсон бармеояд, ки принсипи роҳ надодан ба табъиз қариб дар ҳамаи онҳо эълон шудааст.   Дар доираи иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалӣ Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон ва сохторҳои шартномавии СММ ба ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати қабули қонуни томи зидди табъиз тавсия доданд,  то ин ки ҳимояи самаранок аз ҳама гуна шаклҳои табъизи бевосита, бавосита ва дастрасӣ ба воситаҳои дахлдори ҳимоя барои ҷабрдидагони табъиз таъмин карда шавад. Дар Нақшаҳои миллии амалҳо оид ба татбиқи тавсияҳои ин сохторҳои СММ ҷиҳати қабули чунин қонун чорабиниҳои дахлдор пешбинӣ гардиданд.

    Ҳамчунин Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори 193 давлатҳои аъзои СММ расман Ҳадафҳои рушди устуворро қабул намудааст, ки ҳадафи даҳуми он, аз ҷумла барҳам додани табъиз, таъмини иштироки фаъоли ҳамаи одамон дар ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ новобаста аз синну сол, ҷинс, маъюбият, нажод, дин, вазъи иҷтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла тавассути бекор кардани қонунҳо, сиёсат ва амалияи ба табъиз мусоидаткунанда ва қабули қонун ва сиёсати дахлдор дар соҳаи мазкурро пешбинӣ менамояд.

    Аз ин рӯ, бо мақсади муайян намудани асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии амалигардонии ҳуқуқ ва имкониятҳои баробар барои ҳамаи шахсон, муқаррар намудани  низоми ҳуқуқии пешгирӣ ва ҳифзи самарнок аз ҳама гуна шаклҳои табъиз аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 июли соли 2022 Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон “Дар бораи баробарӣ ва манъи ҳама гуна шаклҳои табъиз” ба имзо расид ва баъди интишори расмӣ мавриди амал қарор гирифт.        

    Қонун мафҳуми васеи табъиз ва номгӯи кушоди аломатҳоро, ки табъизро манъ мекунанд, аз ҷумла аломатҳои нажод, ранги пӯст, пайдоиш, ҷинс, забон, дин ва эътиқод, мансубияти миллӣ ва (ё) этникӣ, маъюбият, вазъи саломатӣ, синну сол, шаҳрвандӣ, ақида, вазъи молумулки ё ҳолатҳои дигар  пешбинӣ намудааст. Мувофиқи қонун табъиз ҳамчун ҳама гуна фарқгузорӣ, истиснокунӣ, маҳдудсозӣ ё афзалиятдиҳӣ муайян шудааст, ки ба аломатҳои зикргардида асос ёфта, дар оқибат шахс наметавонад ҳуқуқу озодиҳои худро дар асоси баробарӣ амалӣ намояд. 

    Илова бар ин, қонун мафҳуми табъизи бевосита ва бавосита (м.5), таъқиб, аз ҷумла таъқиби ҷинсӣ ва таъқиб дар ҷойи кор(м. 6),  сегрегатсия (ҷудокунӣ) (м. 8), виктимизатсия (м.10), инчунин ҳолатҳои вазнинкунандаи табъиз, ба монанди табъиз бо ҳолатҳои зиёд, табъизи такроршаванда ва давомдорро (м.9) пешбинӣ намудааст.

    Табъизи бевосита ҳолатҳоеро дар бар мегирад, ки шахсро бинобар аломатҳои пешбинишуда ҳангоми истифодаи ҳуқуқҳояш нисбат ба шахсони дигари дар шароити ҳаммонанд қарордошта дар вазъияти ногувор мегузоранд. Масалан, вақте ки шаҳрвандро бинобар маъюбият ба кор қабул намекунанд ё ин ки ба таҳсил фиристодани шахсро бинобар ҷой доштани яке аз аломатҳои дар қонун пешбинишуда рад мекунанд.

    Табъизи бавосита вақте рӯй медиҳад, ки қоида ё амалияи зоҳиран безарар нисбат ба ҳама баробар татбиқ карда мешавад, аммо ин амал барои баъзе одамон бинобар аломатҳои хоси онҳо оқибатҳои манфиро ба бор меорад.  Масалан, ҳангоми ба кор қабул кардан пешбинӣ намудани талабот оид ба баландии мушаххаси қади номзад, ки метавонад барои ба кор қабул намудани занон монеа шавад.

    Ҳамчунин барои таъмини баробарии воқеӣ ва ҳамгироии иҷтимоии  шахсоне, ки нисбат ба шахсони дигар дар шароити номусоид қарор доранд, қонуни зикргардида дар моддаи 11 истифодаи чораҳои мусбатро муқаррар намудааст. Ин чораҳо муваққатӣ буда, то ноил шудан ба баробарии воқеии ин гурӯҳи шахсон татбиқ карда мешаванд. Таҷрибаи ҷорӣ намудани имтиёзҳо барои занон ҳангоми гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, пешбинӣ намудани грантҳои президентӣ барои занони соҳибкор мисоли татбиқи чораҳои мусбат мебошад.

    Қонун “Дар бораи баробарӣ ва манъи ҳама гуна шаклҳои табъиз” механизмҳои дахлдори ҳифзи шахсони мавриди табъиз қароргирифтаро низ муайян намудааст. Он назорати таъмин намудани баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъизро ба зиммаи  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон вогузор намудааст. Барои амалӣ гардонидани фаъолият дар ин самт ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон як қатор ваколатҳо дода шудааст, аз ҷумла мусоидат дар такмили қонунгузорӣ дар ин самт, гузаронидани экспертизаи зиддитабъизии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, мониторинги риояи ҳуқуқ ба баробарӣ ва барҳам додани табъиз ва баргузор намудани чорабиниҳои омӯзишӣ дар ин самт, ҷамъоварии маълумоти оморӣ оид ба ҳолатҳои табъиз,  оштикунонии ҷабрдидаи эҳтимолии табъиз ва шахси ин кирдорро содиркарда ва дигарҳо.

    Ҳамчунин  шахс ё гурӯҳи шахсоне, ки худро мавриди табъиз қароргирифта меҳисобанд, метавонанд ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ариза ва шикоят муроҷиат намоянд. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон муроҷиатҳои онҳоро баррасӣ намуда, ба мақомоти дахлдор, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тавсияҳои худро оид ба бартараф намудани вайронкунии ҳуқуқи инсон пешниҳод менамояд ва дар сурати дар натиҷаи табъиз содир шудани ҷиноят мақомоти таъқиби ҷиноятиро хабардор месозад.

    Моддаи 14 қонуни зикргардида аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳар сол  дар бораи вазъи риояи ҳуқуқ ба баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз нашр намудани маърӯзаи махсусро муқаррар намудааст.

    Мақомоти дигари давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот низ дар робита бо фаъолияташон барои таъмини баробарӣ ва манъи тамоми шаклҳои табъиз масъул гаштаанд.

    Қонун дар бораи баробарӣ ва манъи ҳама шаклҳои таъиз инчунин ба ҷабрдидагони табъиз ҳуқуқ медиҳад, ки барои муқаррар намудани ҳолати  вайронкунии ҳуқуқи онҳо ба муносибати баробар, манъ кардани чунин амалҳо, ҷуброни зарари моддию маънавии дар натиҷаи чунин амалҳо расонидашуда ва беэътибор донистани санаде, ки боиси ба миён омадани ҳолати табъиз гаштааст, ба суд муроҷиат намояд.

    Дар доираи қабули қонуни мукаммал оид ба баробарӣ ва барҳам додани табъиз ва бо мақсади амалӣ гардонидани муқаррароти махсуси он инчунин ба дигар санадҳои қонунгузорӣ тағйиру иловаҳо ворид карда мешаванд, аз ҷумла ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигарҳо.

    Ҳамин тариқ, ба ақидаи мо қабули чунин як қонуни том дар низоми ҳуқуқии кишвар воқеаи муҳим мебошад ва барои ба ҳама таъмин намудани имкониятҳои баробар ва паст кардани нобаробарӣ мусоидат хоҳад кард.

 

Ҳабибулозода Р.Ҳ. – сардори шуъбаи ҳифзи

 давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва

фарҳангии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба

ҳуқуқи  инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор