Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

САҲИФАЕ АЗ ТАЪРИХИ

ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯ

 

Совети Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон 24  августи соли 1990 Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистонро қабул намуд. Ҳангоми қабул намудани ин ҳуҷҷати муҳим Тоҷикистон ба ҳайати Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ дохил мешуд. Қабули Эъломияи мазкур қадами нахустин дар ҷодаи омода намудани лоиҳаи нави Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Дар иҷлосияи Совети Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон моҳи августи соли 1990 комиссияи конститутсионӣ таъсис дода шуд, ки он лоиҳаи Конститутсияи нави Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистонро дар давоми як сол тайёр намуд. Аммо бетартибиҳои сиёсии моҳи августи соли 1991 ва пошхӯрии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ сабаби ба таъхир андохтан ва қабул нашудани ин лоиҳаи Конститутсия гардид. Эълон шудани Истиқлолияти Тоҷикистон боиси ба миён омадан ва таҳияи лоиҳаи нави Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шуд. Аз ин рӯ, 3 январи соли 1992 бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайати комиссияи конститутсионӣ тағйирот дароварда шуд.  Гурӯҳи кории мазкур лоиҳаи нави Конститутсияро тайёр ва моҳи апрели соли 1992 ба Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд. Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 апрели соли 1992  лоиҳаи Конститутсияро маъқул дониста, онро ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод кард. Лекин саршавии ҷанги шаҳрвандӣ имкон надод, ки лоиҳаи Конститутсия аз тарафи халқ пурра муҳокима гардад. Бинобар ин, кор аз болои лоиҳаи Конститутсия қатъ гардид.

Минбаъд масъалаи аз нав тайёр кардани лоиҳаи нави Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тағйир додани ҳайати комиссияи конститутсионӣ танҳо дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  26 июни соли 1993 ба миён омад ва бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати комиссияи конститутсионӣ дар ин Иҷлосия тағйир дода шуд ва Раиси комиссияи конститутсионӣ муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон интихоб гардид.

Аввалин маҷлиси комиссияи конститутсионӣ санаи 4 сентябри соли 1993 баргузор гардид, ки дар он ду гурӯҳи кории нав ташкил дода шуд. Моҳи апрели соли 1994 гурӯҳи корӣ ду шакли лоиҳаи Конститутсияро, ки яке аз он лоиҳаи конститутсия  бо шакли идоракунии ҷумҳурии президентӣ, дигаре бо шакли идоракунии ҷумҳурии парлумонӣ буд, ба комиссияи конститутсионӣ пешниҳод намуд. Дар натиҷа, лоиҳаи Конститутсия бо шакли идоракунии ҷумҳурии президентӣ маъқул дониста шуд ва бо қарори Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Конститутсия барои интишор ва муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод карда шуд. Ҳамин тариқ, лоиҳаи Конститутсия 21-22 апрели соли 1994 дар матбуоти расмӣ интишор гардида, муҳокимаи он то моҳи июли соли 1994 давом кард. Дар Иҷлосияи нуздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 21–22 июли соли 1994 баргузор шуд, лоиҳаи Конститутсия бо пешниҳоду таклифҳо муҳокима гардида, барои дар раъйпурсии умумихалқӣ 25 сентябр қабул гардиданаш қарори дахлдор ба тасвиб расид. Баъдан бо қарори Иҷлосияи 20-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 1994 муҳлати гузаронидани раъйпурсӣ то 6 ноябри соли 1994 тамдид карда шуд.

Рӯзи 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ бахшида ба қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 94,4 фоизи шаҳрвандон иштирок намуданд, ки 87,59 фоизи онҳо ба тарафдории қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз доданд. Ҳамзамон 6 ноябри соли 1994 рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол ботантана таҷлил карда мешавад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конститутсияи сифатан нав ва қабули он дар ҳаёти ҷумҳурӣ ҳақиқатан воқеаи таърихӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ мебошад. Ин ҳуҷҷати бо роҳи демократӣ қабулшуда ба ҳисоб рафта, Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мустаҳкам менамояд. Дар он шакли идоракунӣ, сохтори давлатӣ ва рељаи сиёсӣ  муайян карда шуда, давлати иҷтимоӣ будани Тоҷикистон мустаҳкам гардидааст.

Хусусияти фарқкунандаи Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1994) инчунин дар он аст, ки он аввалин маротиба усули таҷзияи ҳокимиятро пешбинӣ карда, волоияти меъёрҳои қонуни асосӣ ва бартарияти санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро муқаррар намудааст. Дар он  нахустин маротиба сухан дар бораи вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд меравад, ки барои конститутсияҳои пешина ин мафҳум бегона буд. Қобили зикр аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тољикистон дар радифи дигар конститутсияҳои ҷаҳон яке аз конститутсияҳои одилонаву демократӣ ва дурандешонаву хайрхоҳона ба ҳисоб меравад

Ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон се  маротиба бо тариқи раъйпурсӣ дар санаи 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Ин тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан барои мустаҳкам намудани ақидаҳои давлати ҳуқуқбунёд, таҷзияи ҳокимият, волоияти меъёрҳои Конститутсия, қонунияти ҳуқуқӣ ва конститутсионӣ, адолати судии конститутсионӣ ва назорати судии конститутсионӣ, дахлнопазир эълон шудани ҳуқуқҳои фитрии инсон ва ғайраҳо равона карда шудааст.

Бо дарки аҳамияти таърихии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлатдории навин ва арзиши баланди масъалаҳои он, ки усулҳои конститутсионӣ бояд дар фаҳмиши инсон маърифати баланди ҳуқуқиро доир ба эҳтиром гузоштан ба ин санади олии ҳуқуқӣ ба миён орад ва насли наврасро дар рӯҳияи эҳтирому риояи арзишҳои конститутсионӣ тарбия ва ба камол расонад, аз ҷониби давлату Ҳукумати кишвар бобати тарғибу ташвиқи васеи меъёрҳои ин санади муҳим тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ шудаанд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар худ орзуву омоли чандинасраи халқи худогоҳу хештаншиносро баҳри бунёди ҷомеаи адолатпарвар инъикос намудааст, барои устувории соҳибихтиёрӣ, пойдории ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, суботи сиёсӣ, таъсиси низоми самарабахши мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ба миён омадани рукнҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, таҳкими ғояҳои инсондӯстона дар тафаккури ҷомеа, татбиқи асли таҷзияи ҳокимият ва шинохти кишвари азизамон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ нақши созгору таърихӣ дорад.

 

 

Низомов А.Б. – муовини

сардори шуъбаи ҳифзи давлатии

ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор