Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Тибқи муқаррароти моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошад. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд”. Ин маънои онро дорад, ки ҳамаи давлатҳои демократии ҷаҳон ғояҳои ҳуқуқи инсонро дастгирӣ намуда, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро дар Конститутсия ва қонунгузории миллии худ кафолат додаанд. Аз ҷумла, калонтарин боби Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки боби дуюм ба ҳисоб меравад ба “Ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд” бахшида шудааст, ки аз 34 модда иборат мебошад.

                                      

Бояд қайд намуд, ки барои амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар баробари қонунгузории миллӣ, инчунин санадҳои байналмиллалӣ аз қабили Эъломияи умумии ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид қабул карда шудааст. Ҳамин аст, ки 10 декабр дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон таҷлил  мегардад.                 

Мариди зикр аст, ки дар аксари давлатҳои дунё мақомоти махсус барои ҳифзи ҳуқуқи инсон бо номи “Омбудсмен” ё Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон таъсис дода шудааст, ки вазифаҳои асосии онҳо барқарор намудани ҳуқуқу озодиҳои вайроншудаи инсон ва шаҳрванд мебошад. Аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба монанди дигар давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон соли 2009 мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт.                  

Тибқи талаботи моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”:  “Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳангоми амалӣ намудани ваколатҳои худ мустақил буда, ба ягон мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва шахсони мансабдор ҳисоботдтҳанда намебошад...”.                   

Ҳамзамон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои мусоидат кардан ҷиҳати амалӣ намудани ваколатҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Суғд ва вилояти Хатлон  Намояндагиҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон таъсис дода шудааст.             

Намояндагиҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон  дар заминаи Қабулгоҳҳои ҷамъиятии шаҳрҳои Хоруғ, Хуҷанд ва Бохтар бо пешниҳоди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо супоришу дастгирии бевоситаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфтааст.                     

Намояндагиҳо воҳиди сохтории мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон буда, дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмиллалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, Низомномаи Намояндагиҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва дигар санадҳои зерқонунӣ оид ба ҳуқуқи инсонро ба асос ва роҳбарӣ мегиранд.        

Намояндагиҳо ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ ва ҳисоботдиҳанда буда, дар мувофиқа бо Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва мустақилона бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ғайридавлатӣ, дигар ташкилоту корхонаҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, инчунин шаҳрвандони алоҳида, воситаҳои ахборӣ омма вобаста ба салоҳияташон ҳамкориро ба роҳ мемонанд.        

Намояндагиҳо дар ҳудуди фаъолияти худ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсонро дар Ҷумҳуриии Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад. Вазифаҳои асосии намояндагиҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз қабул ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ; ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқи фаҳмондани ҳуқуқҳо ва шаклу воситаҳои ҳифзи онҳо; ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар сохтору ташкилотҳо фиристодани муроҷиати шахсонӣ воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва назорати баррасии онҳо, аз онҳо дархост намудани маълумотҳои зарурӣ, ҳуҷатҳо ва маводҳо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷкистон”; тартиби муроҷиат ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, расонидани маслиҳати ройгони ҳуқуқӣ ба муроҷиаткунандагон; ташкили машваратҳои ҳуқуқии сайёр дар маҳалҳо; бо супориши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ташкил ва гузаронидани санҷиши хабарҳо оид ба ҳодисаҳои ҳуқуқҳои вайроншудаи инсон, инчунин ариза ва шикоятҳои алоҳидаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ; гузаронидан ва иштирок дар семинарҳо, мизҳои мудаввар, дигар чорабиниҳои омӯзишӣ, ташвиқотию тарғиботӣ оид ба ҳуқуқи инсон ва таъмин намудани Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак бо маводҳои иттилоотӣ ва таҳлилӣ, аз ҷумла таҳияи ҳисоботҳо оид ба фаъолияти Намояндагӣ иборат мебошад.                      

Қайд кардан зарур аст, ки дар риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва барои мусоидат ҷиҳати амалӣ намудани ваколатҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон нақши Намояндагиҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон хело муҳим мебошад. Агар мо дар асоси Маърӯзаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон барои соли 2021 ба натиҷаҳои баҳисобгирии омории муроҷиатҳо дар соли 2021 назар афканем, дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмӯъ 1951 адад муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқи ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 1312 муроҷиат дар сохторҳои маҳаллӣ  ба қайд гирифта шудааст. Дар воқеъ, таваҷҷуҳи зиёди шаҳрвандон ҷиҳати муроҷиат ба намояндагиҳо шаҳодат аз он медиҳад, ки дар риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон Намояндагиҳои  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилоятҳо  нақши муҳимро доро мебошад.        Агар ба фаъолияти Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон  аз моҳи сентябр то моҳи декабри соли равон назар афканем, дар давоми ин муддати кутоҳ аз рӯи нишондиҳандаҳои оморӣ оид ба фаъолияти Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон дар мақомот 45 адад муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ (1 адад шаҳрванди хориҷӣ, Хитой) ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 8 адади муроҷиатҳои шаҳрвандон ба таври мусбӣ ҳал гардидааст.        

Масалан, 3 нафар истиқоматкунандагони Хонаи пиронсолони шаҳри Бохтар оиди хуб набудани вазъи саломатии худ ва набудани доруворию духтур дар Хонаи пиронсолон ва мусоидат дар ҳалли ин масъала ворид гардид, ки Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар муроҷиати шаҳрвандонро қонеъ гардонид. Муроҷиаткунандагон аз муоинаи духтур гузаронида шуда, Хонаи пиронсолон бо дорувории ниёзи аввалия таъмин гардид, инчунин барои таҳти назорати доимӣ қарор додани бошандагони Хонаи пиронсолон табиби амрози дарунӣ вобаста гардид.

Барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз қабили шаҳри Бохтар, ноҳияи Кушониён, шаҳри Кӯлоб, ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 11 машварати сайёри ҳуқуқӣ ташкилу гузаронида шудааст, ки дар онҳо зиёда аз 800 нафар шаҳрвандон аз қабили хонандагону донишҷӯён, сарбозону бошандагони Хонаи пиронсолон ва хона-интернатҳо, инчунин дигар қишрҳои ҷомеа ширкат варзиданд.       

Зимни гузаронидани машваратҳои сайёри ҳуқуқӣ зиёда аз 1000 нусха маводи иттилоотии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, инчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ройгон ба шаҳрвандон тақсим гардидааст. Инчунин, Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон бо воситаҳои ахбори омма ҳамкории зич дошта, вобаста ба ҳифзи ҳуқуқи инсон кормандон пайваста баромад менамояд. Аз ҷумла дар радиои вилояти Хатлон 3 маротиба, дар шабакаи телевизионии вилояти Хатлон як маротиба баромад намудааст. Инчунин 4 мақола дар матбуоти даврӣ аз қабили рӯзномаи “Ҷумҳурият”,  “Хатлон”, “Зафар”, “Сафо”  ва 10 маводи итттилоотӣ дар сомонаҳои интернетӣ нашр намуда, дар  15  чорабиниҳои санҷишӣ, ташвиқоту тарғибот, семинар, мизҳои мудаввар ва 1 мурофиаи судӣ иштирок намудааст.

Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон вобаста ба ҳифзи ҳуқуқи инсон дар ҳудуди фаъолияти худ дигар корҳои назаррасро ба анҷом расонидааст, ки дар ҳисоботи солонаи худ ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври пурра пешниҳод мегардад.               Хулоса аз рӯи таҳлилҳо ва гуфтаҳои дар боло зикршуда Намояндагиҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон  дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар вилоятҳо нақши муҳим доранд. Инчунин нишондиҳандаҳои омор шаҳодати онанд, ки фаъолияти Намояндагиҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилоятҳо ҳамчун як ниҳоди муҳим вобаста ба ҳифзи ҳуқуқи инсон сол ба сол тақвият меёбад. Боварии шаҳрвандон ба мақомот, ки барои тақвияти кафолатҳои конститутсионии ҳимояи давлатии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд  таъсис дода шудааст, дучанд мегардад.

 

Ҳайдарзода М. – мутахассиси пешбари Намояндагии

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор