(Ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи меҳнат)
Ҳифзи меҳнат таъмини ҳифзи ҳаёт, саломатӣ ва қобилияти кории коргарон дар ҷараёни фаъолияти меҳнатӣ буда чорабиниҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ташкилӣ, техникӣ, санитарӣ-гигиенӣ, табобатӣ-профилактикӣ, барқарорсозӣ ва дигар чорабиниҳоро дар бар мегирад. Асосан ҳифзи меҳнат ин маҷмӯи чорабиниҳои ҳатмии корфармоён мебошад. Ба монанди гузаронидани муоинаи тиббӣ, таъмин бо ғизои пешгирикунандаи зараррасон, таъмини кормандон бо либоси махсус тибқи меъёрҳои муқарраршуда, додани имтиёзҳо ва ҷубронпулӣ барои шароити зарарноки меҳнат ба ҳисоб меравад, ки амалисозии онҳо ҳамчун кафолати ҳамкории иҷтимоии корфармоён ва коргарон дар соҳаи ҳифзи меҳнат мебошад. Шароити меҳнат ва муҳити меҳнатӣ барои ҳар як корманд хеле зарур мебошад, зеро тибқи таҳлили мутахассисон аз се як ҳиссаи умри корманд дар ин муҳит мегузарад.
Соли 1989 дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка ва Канада ба хотири онҳое, ки дар ҷойи кор зарар диданд ё фавтидаанд аз ҷониби иттифоқҳои касаба ва коргарон «Рӯзи хотираи фавтидагони коргар» гузаронида шуд. Пас аз даҳ сол дар 100 давлати сайёра чорабиниҳои таблиғотӣ бо таваҷҷуҳи одамони зиёд ва ҷалби шахсони мансабдор ташкил карда шуданд.
Бо ташаббуси Созмони байналмилалии меҳнат соли 2003 санаи 28 апрел ҳамчун «Рӯзи байналмилалии ҳифзи меҳнат» эълон гардида, ҳамасола аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ қайд карда мешавад.
Тибқи маълумоти созмони байналмилалии меҳнат ҳамасола дар натиҷаи садамаҳои истеҳсолӣ ва бемориҳои касбӣ 2,3 миллион коргар ҳалок мегардад.
Мавриди зикр аст, ки «Рӯзи байналмилалии ҳифзи меҳнат» ҳар сол ба мавзуҳои гуногун бахшида мешавад ва соли 2023 «Рӯзи байналмилалии ҳифзи меҳнат» ба мавзуи «Муҳити кории солим бехатар-принсипи бунёдӣ ва ҳуқуқ дар соҳаи меҳнат» бахшида шудааст.
Ҳанӯз аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон аз ҷумла ҳуқуқҳои меҳнатӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.
Бо қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон ташаккул ёфт. Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф гардид. Тибқи талаботи моддаи 35 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар кас ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ ҳуқуқ дорад.
Яке аз уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ба ҳисоб меравад, ки он аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, аз ҷумла «Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон», «Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ», “Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ”, “Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои кӯдак” ва дигар санадҳо, ки аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудаанд, сарчашма мегирад. Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдак тамоми чораҳои заруриро меандешад.
Барои дар амал татбиқ шудани меъёри зикргардида дар ин раванд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва қабул гардида, амалӣ шуда истодаанд. Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: “Дар бораи Таснифоти давлатии касбҳои коргарӣ, вазифаҳои хизматчиён ва дараҷаҳои тарифӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”
аз 2 марти соли 2013, №86; “Дар бораи Тартиби аз ҷониби корфармо ҷуброн гардидани зарар бо сабаби бад шудани саломатӣ ё фавти кормандон” аз 21 октябри соли 2014, №661 ва ғайраҳо аз ҷумлаи чунин ҳуҷҷатҳо мебошанд.
Мутобиқи қонунгузории амалкунанда дар баробари калонсолон кӯдакон низ дорои ҳуқуқ ба меҳнат, интихоби касбу кор мебошанд. Моддаи 21 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд, ки шаҳрванде, ки ба синни понздаҳ расидааст, метавонад ҳамчун корманд тарафи шартномаи меҳнатӣ бошад. Аз меъёри моддаи мазкур ва моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” бармеояд, ки ҳуқуқ ба меҳнати кӯдакони то синни 14 сола расидаро бо се шарт: бо мувофиқаи падар ё модар ва дигар шахсони онҳоро ивазкунанда (фарзандхондагон, васиён ва парасторон); бе халалдор кардани раванди таълим, яъне дар вақтҳои фориғ аз таҳсил; ба саломатию инкишофи зеҳнии кӯдак мувофиқ буда, ба ҳолати ҷисмонӣ, маънавӣ ва равониаш зарар нарасонад иҷозат дода мешавад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон зарарнок истифодаи меҳнати занон ва ноболиғонро дар қисми 4 моддаи 35 манъ намудааст. Рӯйхати корҳои шароиташон зараровар, хатарнок ва ҳадди меъёрҳо ҳангоми дастӣ бардоштан ва кашонидани борҳо аз ҷониби ноболиғон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2014, №169; “Дар бораи Рӯйхати корҳои шароиташон зараровар ва хатарнок, ки ба истифодаи меҳнати ашхоси аз 18-сола хурд иҷозат дода намешаванд ва ҳадди меъёрҳо ҳангоми дастӣ бардоштан ва кашонидани борҳо” муайян шудаст.
Назорати риояи меъёр ва тартиби ҳифзи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Маркази давлатии ҷумҳуриявии беҳдоштию эпидемиологии назоратии назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Назорати давлатӣ дар соҳаи энергетика амалӣ мегардад.
Дар даврони истиқлолият вазъи иҷтимоии аҳолӣ мавриди таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Бинобар ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 декабри соли 2022 таъкид карданд, ки “Бо шуғли пурмаҳсул таъмин намудани аҳолӣ яке аз ҳадафҳои стратегии давлат ба ҳисоб рафта, барои татбиқи он қабули барномаҳои соҳавию минтақавӣ зарур аст”.
Бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолӣ аз 1 марти соли 2023 музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд гардида, аз 1 июли соли 2023 музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда мешаванд.
Дар баробари ин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳукумати мамлакатро вазифадор намуданд, ки то соли 2026 бо истифода аз тамоми имкониятҳо дар бобати касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб кардани шаҳрвандони аз 18-сола боло, ки касбу ҳунар надоранд ва саросар соҳибкасб гардонидани аҳолӣ чораҷӯӣ намояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон саноатикунонии босуръатро ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар қабул намуд, ки он барои таъмин намудани устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он заминаи амиқ мегузорад.
Бинобар ин, ҳар як шаҳрванд вазифадор аст, ки бо меҳнати софдилона барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегии кишвар саҳми арзандаи худро гузорад.
Дар ин раванд мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҷиҳати инкишоф, риоя ва барқарор намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ба меҳнат, бехатарии шароити меҳнат, истироҳат, ҳифзи меҳнат, ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо, ҳуқуқҳои кӯдакон ба меҳнат мусоидат менамояд.
Машрабзода А.- сармутахассиси
Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои
кӯдаки Дастгоҳи Ваколатдор оид ба
ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон