Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Ҳуқуқи инсон аз лаҳзаи таваллуд пайдо мешавад ва амалишавии тамоми ҳуқуқҳои инсон, аз ҷумла ҳуқуқҳои шахсӣ, сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ба таъмини баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз вобастагии зич дорад. Аз ин лиҳоз, бояд ҳама дар назди қонун новобаста ба миллат, нажод, дин, ақида, сатҳи зиндагӣ, ранги пӯст ва ҷинс баробар бошанд.

Оид ба таъмини баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз аз ҷониби ҷомеаи башарӣ чораҳои зарури андешида шуда, якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ, аз ҷумла Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи рафъи тамоми шаклҳои табъизи нажодӣ қабул карда шудааст. Конвенсияи мазкур давлатҳои аъзоро уҳдадор менамояд, ки вобаста ба таъмини баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз дар ҳудуди давлати худ ҷораҳои заруриро андешанд.

 Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ ва ҳуқуқбунёд, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва узви комилҳуқуқи СММ ҳамаи кирдорҳое, ки ҳуқуқу озодиҳои инсонро поймол мекунад, маҳкум менамояд. Имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд сиёсатеро пеш гирифтааст, ки ба амалишавии тамоми ҳуқуқҳои инсон, аз ҷумла дар таъмини баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз мусоидат мекунад. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз” низ идомадиҳандаи ҳамин сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.       

 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз” дар асоси банди 31 «Нақшаи миллии амалҳо ҷиҳати иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон тибқи расмиёти шарҳи универсалии даврӣ (даври дуюм) барои солҳои 2017-2020», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 июни соли 2017 тасдиқ шудааст, қабул карда шудааст, ки аз 5 бобу 23 модда иборат мебошад.

Асоси ҳуқуқии таъмини баробарӣ ва манъи ҳама гуна шаклҳои табъиз аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма гирифта, аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз”, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии миллӣ ва байналмиллалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.        

Мутобиқи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз” Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатӣ  оид ба таъмини баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз ба ҳисоб рафта, дорои як қатор ваколатҳо мебошад, ки онҳо дар таъмини баробарӣ ва барҳам додани ҳамагуна шаклҳои табъиз мусоидат менамоянд.

Ҳамзамон, Қонуни мазкур мақоми ваколатдори давлатиро ҷиҳати ҳамасола таҳия ва нашр намудани маърӯзаи махсус вобаста ба таъмини баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз дар ҷумҳурӣ вазифадор менамояд.

Дар давраи сипаришуда Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти таъмини баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз ҷиҳати амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз” як қатор корҳоро ба анҷом расонидааст. Аз ҷумла:

- бо мақсади мониторинг ва пешбурди ҳуқуқҳои дар Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи рафъи тамоми шаклҳои табъизи нажодӣ пешбинишуда аз ҷониби кормандони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон санҷиши фаъолияти вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Спитамен, Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе гузаронида шуданд;

- дар доираи силсилачорабиниҳои иттилоотӣ вобаста ба шарҳу эзоҳи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои кормандони Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он ҳамоиши иттилоотӣ баргузор карда шуд;

- оид ба масъалаҳои баробарӣ ва манъи табъиз аз ҷониби кормандони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар шаҳри Турсунзода чорабинии  иттилоотӣ гузаронида шуд;

- дар сомонаи расмии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо мақсади баланд бардоштани маърифатноки шаҳрвандон оид ба таъмини баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи рафъи тамоми шаклҳои табъизи нажодӣ, Гузоришҳои даврии Тоҷикистон оид ба иҷрои Конвенсияи мазкур, тавсияҳои Кумитаи СММ дар бораи рафъи тамоми шаклҳои табъизи нажодӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷойгир карда шуд.

Дар ин раванд бо мақсади амалигардонии талаботи қисми 3 модада 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз” ҷиҳати дар Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон таъсис додани воҳиди сохтории махсус оид ба баробарӣ ва манъи ҳама гуна шаклҳои табъиз чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Намояндагиҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар минтақаҳои ҷумҳурӣ низ дар самти таъмини баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз мусоидат менамоянд. Аз ҷумла, аз ҷониби кормандони Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон зимни гузаронидани машваратҳои ҳуқуқӣ дар шаҳри Бохтар маводи иттилоотӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз” ба таври ройгон тақсим карда шуд. Ҳамзамон, мақолаҳо аз ҷониби кормандони Намояндагӣ дар самти таъмини баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз дар рӯзномаҳо нашр гардидааст.

Дар Ҷумҳрии Тоҷикистон баробарӣ ва манъи ҳама гуна шаклҳои табъиз аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад. Дар ин самт Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини баробарӣ ва барҳам додани ҳамгуна шаклҳои табъиз бо мақомоти давлатӣ ва худидоракунии шаҳраку деҳот, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмиллалӣ ҳамоҳангӣ ва ҳамкориро ба роҳ монда, барои  таъмини баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз пайваста чораандешӣ мекунад.

 

Ҳайдарзода Муҳаммад Ҳайдар -                                      

мутахассиси пешбари Намояндагии     

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон                                                                        

 дар вилояти Хатлон

                 

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор