Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

November 2024
M T W T F S S
1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30

Дар Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 26 январи соли 2021 ироа гардид, аз натиҷаи дастовардҳои кишвар дар солҳои охир ва вазифаҳо барои рушди солҳои минбаъда суханронӣ намуда, ба масъалаҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа таваҷҷӯҳи хоса зоҳир нумуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ қайд намуданд, ки «Дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад. Дар натиҷаи дастгириҳои мазкур сафи занон дар вазифаҳои роҳбарикунанда рӯз то рӯз афзуда истодааст”.

Таҳлилҳо нишон доданд, ки дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар ҳамчун мақоми қонунбарор 8 нафар занон ё 25,8 фоиз ва Маҷлиси намояндагон 15 нафар ё 23,8 фоиз интихоб шуданд, ки нисбат ба интихоботи гузашта қариб 4 фоиз зиёд мебошад.

Ҳамчунин шумораи занон дар маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ба 41,5 фоиз, вилоятҳои Хатлон қариб 35 фоиз, Суғд беш аз 33 фоиз, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёда аз 34 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ қариб 30 фоиз расидааст.

Чи тавре, ки аз нишондодҳо бар меояд, саҳми занон дар ҳама соҳаҳои давлатию ҷамъиятӣ торафт зиёд шудааст. Бахусус занону бонувони лаёқатманд ва соҳибкасбу баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ ба ҳолати якуми январи соли 2021 аз шумораи умумии 19210 нафар хизматчиёни давлатӣ 4485 нафар ё 23,4 фоизро занон ташкил медиҳанд.

Саҳми занон дар рушди соҳаҳои илму маориф ва тандурустӣ низ назаррас мебошад. Айни ҳол дар соҳаи маориф 73 фоиз ва тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қариб 68 фоизи кормандонро занону бонувон ташкил медиҳанд.

Дар соҳаи кишоварзӣ низ саҳми занон назаррас буда, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳоло шумораи роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҳисоби занон 35600 нафар ва занони соҳибкор 77400 нафарро ташкил медиҳад.

Ҷудо намудани қарз яке аз василаҳои беҳтар намудани шароити иқтисодии занон ва оилаҳо мебошад. Соли 2020 ба занону бонувони соҳибкор ба маблағи 2 миллиарду 100 миллион сомонӣ қарз дода шудааст.

Дар натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат солҳои охир як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти ҳуқуқи занон қабул гардиданд. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023 ва ғайраҳо.

Ҳадаф аз қабули санадҳои меъёри ҳуқуқии мазкур на танҳо баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа, балки дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ назаррас кардани фаъолияти занон мебошад.

Дар охир Сарвари давлат қайд намуданд, ки “Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои занону бонувони кишварро минбаъд низ дастгирӣ карда, ба хотири ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонад”.

Бо ин мақсад, ба вазорату идораҳо аз ҷумла, ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш доданд, ки лоиҳаи қарори Ҳукумати мамлакатро дар бораи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2030» ва нақшаи амалисозии онро барои солҳои 2021 – 2025 таҳия ва пешниҳод намояд.

Баробарии гендерӣ ва пешгирии зӯроварӣ дар оила яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба шумор рафта, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон низ дар доираи салоҳияти худ, ҷиҳати барқарор намудани ҳуқуқҳои вайроншудаи занон аз тамоми воситаҳои мавҷуда васеъ истифода мекунад.

Барои беҳтар ба роҳ мондани  фаъолият дар самти пешгирии зӯроварӣ дар оила ва барқарор кардани ҳуқуқҳои вайроншудаи ҷабрдидагон Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамкориҳоро бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ низ хуб ба роҳ мондааст.

Инчунин Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон қабули сайёри шаҳрвандонро дар маҳалҳо дар якҷоягӣ бо кормандони мақомоти давлатӣ ба роҳ мондааст. Гузаронидани семинару машваратҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти пешгирии зӯроварӣ дар оила дар як қатор шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нақши муҳим дорад.

 Соли 2020 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 5 вохӯрӣ, аз ҷумла дар ноҳияҳои Ҷ. Балхӣ, Панҷ, Дӯстӣ, Балҷувон ва Восеъ доир намуд. Зимни вохуриҳо ба масъалаҳои пешгирии зӯроварӣ дар ҷомеа, никоҳҳои бармаҳал ва фарҳанги оиладорӣ диққати махсус дода шуд. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба кормандони мақомоти давлатӣ ҷиҳати беҳтар намудани вазъ дар самти пешгирии зӯроварӣ дар ҷомеа ва дастгирии занон тавсияҳои дахлдар пешниҳод намуд.

Ҳамзамон ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон тавассути воситаҳои ахбори омма аз ҷониби кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон пайваста чорабиниҳои иттилоотӣ гузаронида мешавад. Кормандон дар воситаҳои ахбори омма баромад намуда, мақолаҳо ба нашр мерасонанд.  

Ҳамин тавр, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 26 январи соли 2021 ироа гардид, дар маркази тавваҷуҳи кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон қарор дошта, кормандон барои амалӣ шудани ҳамаи нуқтаҳои он, хусусан дар баланд бардоштани нақши занон, пешгирии зӯроварӣ дар оила кушиш ба харҷ дода, онҳоро сармашқи кори ҳаррӯзаи худ қарор медиҳанд.

 

 

Давлатов Ҳ.

Сармутахассиси шуъбаи ҳифзи давлатии

ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии

Дастгоҳи ВҲИ ҶТ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор