Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Муҳиммияти қабули Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038 дар рушди ҳуқуқи инсон

Стратегияи миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038 тибқи Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шўрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон тибқи расмиёти Шарҳи Универсалии Даврӣ (даври дуюм) барои солҳои 2017-2020, ки бо амри Президенти ҶТ аз 7 июни соли 2017, АП-901 тасдиқ шуда буд, таҳия ва бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 5 августи соли 2023, №357 тасдиқ шудааст.

Бояд қайд кард, ки Стратегияи мазкур дар асоси омӯзиши ҳамаҷонибаи масъалаҳои мубрами таъмин ва ҳифзи ҳуқуқи инсон, таҳлили қонунгузории амалкунанда, амалияи татбиқи қонун ва таҷрибаи пешқадами дигар кишварҳо бо назардошти тавсияҳои созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Шӯрои ҳуқуқи инсон ва кумитаҳои шартномавии СММ, инчунин Ҳадафҳои рушди устувор таҳия шудааст.

Қабули Стратегия дастоварди бузург дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ба ҳисоб рафта, дар раванди ҳуқуқҳимоякунии ҷумҳурӣ нақши муҳим дорад.

Стратегия ҳамаи барномаҳои ҷойдоштаро муттаҳид ва ҳамоҳанг намуда, механизм ва расмиёти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалиро дар ин самт такмил медиҳад.

Дар доираи ин санад маҷмўи чорабиниҳое пешбинӣ гардидаанд, ки амалӣ гардонидани онҳо ба таҳкиму рушди ҳуқуқу озодиҳои инсон дар кишвар мусоидат менамоянд.

Қабули Стратегия дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон ба татбиқи самарабахши сиёсати давлатӣ дар ин самт, ташаккули муносибати эҳтиромона ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таҳкими минбаъдаи нуфузи ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ ва беҳтар шудани нишондиҳандаҳо дар соҳаи ҳуқуқи инсон мусоидат мекунад.

Қабули Стратегия гувоҳи рушди минбаъдаи механизмҳои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳамкориҳои самарабахши Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ба шумор меравад.

Бояд қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сифати субекти мустақили ҳуқуқи байналмилалӣ шинохта шуда, ба давраи нави рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ворид шудааст.

Айни ҳол Тоҷикистон ба 7 санади асосии байналмилалӣ ва 4 протоколи иловагӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ҳамроҳ шудааст ва аз натиҷаи иҷрои онҳо мунтазам ба Шўрои ҳуқуқи инсон ва кумитаҳои шартномавии СММ гузоришҳои миллӣ  пешниҳод менамояд.

Дар асоси санадҳои ҳуқуқии байналмилалии ба онҳо ҳамроҳшуда ва тавсияҳои мақомоти сатҳи гуногуни СММ ва дигар созмонҳои байналмиалӣ корҳо оид ба ворид намудани меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ба қонунгузории кишвар давом доранд.

Ҳамчунин, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамкориҳои судманд бо сохторҳои СММ, аз ҷумла, Расмиёти махсуси он аҳамияти махсус дода, шахсони мандатдори Расмиёти махсусро барои ташриф ба ҷумҳурӣ даъват менамояд.

Илова ба ин, бунёд намудани ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳадафи асосӣ ва муҳимми самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобида шуда, барои ташаккул, баланд бардоштани нақш ва фаъолияти озоди ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ тамоми шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст.

Мавқеи Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон ба Оинномаи СММ, муқаррароти Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон ба онҳо ҳамроҳ шудааст, асос ёфта, дар фаъолияти ҳуқуқҳимоякунӣ меъёрҳои онҳо ба роҳбарӣ гирифта мешаванд.

Чӣ хеле, ки аз мазмуни Стратегия бармеояд, ҳадафи асосии он таъмини афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳамчун омили асосии сиёсати давлатӣ, ки самти рушди қонунгузорӣ, сиёсат ва амалияи қонунтатбиқкуниро ҳангоми қабули қарор аз ҷониби мақомоти давлатӣ муайян мекунад, ба ҳисоб меравад.  Яъне тамоми фаъолияти давлат ба манфиати беҳбуди ҳуқуқу озодиҳои инсон нигаронида шудааст.

Ҳамчунин, дар Стратегия вазифа ва принсипҳои он, самтҳои асосӣ ва муҳимми фаъолият пешбинӣ шудаанд.

Бояд қайд кард, ки амалисозии Стратегияи миллӣ ва нақшаҳои амали он бо фаъолияти якҷояи мақомоти давлатии сатҳҳои гунонун, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бо дастгирии СММ ва созмонҳои дигари байналмилалӣ дар ҳама давраҳо таъмин карда мешавад, яъне масъулони иҷрои чорабиниҳои пешбинишудаи Нақшаи амали солҳои 2023-2025 субъектони зикргардида ба шумор мераванд.

Дар Нақшаи амали солҳои 2023-2025 142 номгўи чорабиниҳо, муҳлати иҷро (солҳо), масъулони иҷро ва натиҷаҳои чашмдошт пешбинӣ шудаанд.

Бо мақсади баҳогузории натиҷаҳо, таҳлили рушд нисбати мақсад ва вазифаҳои гузошташуда, муайян намудани мушкилот, таҳияи чораҳои самарабахш барои ҳалли мушкилоти бамиёномада ва таъмини амалисозии бомуваффақи Стратегияи миллӣ арзёбии шашмоҳа ва солона гузаронида мешавад.

Ҳамоҳангии амалигардонии Стратегияи миллӣ ва нақшаҳои амали он, аз ҷумла мониторинг ва арзёбии онҳо аз ҷониби котиботи Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон (КҲИ) ва Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кўдак амалӣ карда мешавад. Шахсони масъули вазорату идораҳо оид ба ҳуқуқи инсон ҳар шашмоҳа ба котиботи Комиссия аз рўйи натиҷаҳои амалигардонии нақшаҳои амали Стратегияи миллӣ ҳисобот пешниҳод мекунанд.

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2023, №357  “Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038” вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро вазифадор менамояд, ки оид ба амалисозии Стратегия ва Нақшаи амали он тадбирҳои зарурӣ андешида, аз натиҷаи онҳо ҳамасола то 10 феврал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 15 банди Нақшаи амал ба сифати иҷрокунандаи асосӣ ва дар 24 банди он ҳамчун ҳамиҷрочӣ пешбинӣ шудааст.

Чорабиниҳои Нақшаи амали солҳои 2023-2025 аз масъулони иҷро талаб менамояд, ки дар муҳлатҳои муайян ва бо масъулияти баланд ба натиҷаҳои чашмдошт ноил шаванд.

Дар шароити муосир яке аз омилҳои калидии рушд ва беҳтар намудани ҳифзи ҳуқуқи инсон баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар самти афзалияти ҳуқуку озодиҳои инсон ба шумор меравад. Стратегияи мазкур маҳз барои ноил шудан ба ин мақсад равона шудааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун пайрави иҷрои софдилонаи уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон омода аст, ки дар ин самт бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ҳамкориҳои судмандро тақвият диҳад.

 

Ашуров М. сардори шуъбаи ҳифзи давлатии

ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии Дастгоҳи

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор