Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Қонунгузории амалкунанда барои аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намудани шикоятҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тартиби алоҳидае пешбинӣ накардааст, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар намудааст.

Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳар шахсе, ки худро қурбони поймолкунии ҳуқуқи инсон меҳисобад, метавонад ба Ваколатдор аз қарор ё амали (беамалии) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат), хизматчиёни давлатӣ, роҳбарон ва шахсони мансабдори ташкилотҳо, муассисаҳо ва корхонаҳо, новобаста ба шаклҳои ташкилию ҳуқуқиашон, ки ба андешаи  ў ҳуқуқу озодиҳои инсонро вайрон мекунанд, шикоят намояд. Яъне субъектони фаъолияти Ваколатдор ҳангоми ҳалли масъалаҳо оид ба қобили қабул будани шикоятҳои ба ў ирсолшуда ин мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат), хизматчиёни давлатӣ, роҳбарон ва шахсони мансабдори корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳо муроҷиаткунанда  аз ин қарор ё амал (беамалӣ) бо тартиби судӣ ё маъмурӣ шикоят карда бошаду, вале бо қарори аз рўи шикояташ қабулгардида, новобаста аз шакли ташкилӣ ва ҳуқуқии онҳо  мебошанд.

Ҳамчунин қонуни мазкур муқаррар намудааст, ки     шикояткунанда бояд ҳамаи тадбирҳои алтернативии (имконпазири) ҳифзи ҳуқуқӣ ё маъмуриро андешад. Яъне ба ибораи дигар, шикоят дар сурате ба Ваколатдор ирсол карда мешавад, ки пештар розӣ набошад.

Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар сурати поймол гардидани ҳуқуқашон дар давраи қарор доштан ё зиндагӣ кардан дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дар ҳудуде, ки дар доираи салоҳияти ў қарор дорад, ҷиҳати мусоидат намудан ба ҳимояи давлатии онҳо новобаста ба минбаъд аз Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ шудан ё хотима ёфтани будубошашон ҳуқуқ доранд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба Ваколатдор муроҷиат намоянд. Мувофиқан, барои қабул ва баррасии шикояти чунин шахсон аз ҷониби Ваколатдор мавҷуд будани шартномаҳои байналмилалии аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавсибрасида оид ба ёрии ҳуқуқӣ аз рўи парвандаҳои гражданӣ, ҷиноятӣ ё оилавӣ талаб карда намешавад.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз вайрон шудани ҳуқуқашон новобаста ба макони будубош ва сукунати худ шикоят намоянд.

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳуқуқ дорад шикоятҳоро оид ба поймол гардидани ҳуқуқи инсон, ки танҳо аз тарафи шахсони воқеӣ ворид мегарданд, баррасӣ намояд. Аммо муроҷиати коллективона, аз ҷумла муроҷиати шахсони ҳуқуқӣ ё иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки бо мақсади ҳимояи ҳуқуқҳои поймолшудаи шахси мушаххас пешниҳод шудаанд, метавонанд қобили қабул эътироф гарданд. Яъне шикоятҳо оид ба баҳсҳои байни шаҳрвандон аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон баррасӣ карда намешавад ва тибқи қонунгузории амалкунанда чунин баҳсҳо тобеияти судӣ доранд.

Бо қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» (моддаи 13) ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ваколати баррасӣ намудани ариза ва шикоятҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ё гурӯҳи шахсон оид ба ҳолатҳои табъиз дода шудааст. Тибқи муқаррароти мазкур Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон шикоятҳоро вобаста ба табъиз байни шаҳрвандон баррасӣ менамояд ва оид ба оштикунонии тарафҳо миёни қурбонии эҳтимолии табъиз ва шахси эҳтимолан кирдори табъизро содиркарда чораҳо меандешад.

Вобаста ба ин муқаррарот лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» омода шудааст.

  Ҳуқуқи муроҷиат ба Ваколатдор бо ҷинс, синну сол, мансубияти миллӣ, вазъи молумулкӣ ва вазифавӣ, ҷойи доимии истиқомат, ақидаҳои сиёсӣ, муносибат ба дин, узвияти ягон иттиҳодияи ҷамъиятӣ, вазъи иҷтимоӣ ва мансубияти забонӣ маҳдуд намешавад.

Қайд кардан бамаврид аст, ки бо фармони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз «18» сентябри соли 2020, №72 «Тартиби баррасиии муроҷиати кӯдакон дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ шудааст, ки тибқи он  манфиати ноболиғон ҳангоми  шикоят овардан ба Ваколатдор аз тарафи худи онҳо, намояндагони қонунии онҳо (падару модар, ба фарзандхондӣ қабулкардагон, васиён, парасторон ва шахсони онҳоро ивазкунанда) ва дигар шахсон аз ном ва ба манфиати онҳо ҳифз карда  мешавад.

Муроҷиати занон ва духтарон– ҷабрдидагони зўроварии шаҳвонӣ ва гендерӣ бошад тибқи Тартиби қабул ва баррасии муроҷиати занон ва духтарон – ҷабрдидагони зўроварии шаҳвонӣ ва гендерӣ дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон тасдиқ шудааст, мавриди қабул ва баррасӣ қарор дода мешавад.

 Ҳуқуқи ашхосро, ки дар ҷойҳои нигаҳдории маҷбурӣ қарор доранд ё аз тарафи суд ғайриқобили амал эътироф шудаанд, метавонанд ҳимоятгарон, хешовандон, мақомоти васоят ва парасторӣ, ташкилотҳои ғайриҳукуматии ҳимоякунадаи хуқуқ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҳимоя намоянд.

Шикоятҳое, ки ба унвони Ваколатдор аз шахсони дар ҷойҳои нигоҳдории маҷбурӣ қарордошта дар лифофаи маҳкам ирсол мегарданд, аз тарафи маъмурияти ҷойҳои нигоҳдории маҷбурӣ бояд аз назар гузаронида нашуда, дар мўҳлати 24 соат ба Ваколатдор фиристода мешаванд.

Муқаррароти қисми 2 моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба масъалаи муҳлати муроҷиат намудан бо шикоят ба Ваколатдор бахшида шудааст.

Тавре дар моддаи зикргардидаи Қонуни мазкур омадааст, шикоят дар шакли хаттӣ ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон на дертар аз як сол аз рўзи вайрон шудани ҳуқуқу озодиҳои муроҷиаткунанда ё аз рўзе, ки ба ў вайрон шудани ин ҳуқуқҳо маълум шудааст, пешниҳод карда мешавад (Муҳлати мазкур тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» се сол муқаррар шудааст – моддаи 14). Яъне муҳлати муроҷиат намудан бо шикоят ба Ваколатдор (як сол), ки қонуни мазкур муқаррар намудааст, қатъӣ буда, механизми тамдид намудани он пешбинӣ нашудааст.

Мурури муҳлати яксолаи муроҷиат аз рўзи поймол гардидани ҳуқуқи муроҷиаткунанда ё аз рўзе, ки ин ба ў маълум шуд, ҳисоб мешавад.

Мавриди зикр аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мўҳлати умумии баррасии шикоятҳоро, ки Ваколатдор мавриди тафтишот қарор медиҳад, муқаррар накардааст. Дар амал ин бояд мўҳлате бошад, ки барои ҳамаҷониба санҷидани ҳолатҳои дар он баёншуда ва андешидани чораҳо оид ба мусоидат намудан ба муроҷиаткунанда ҷиҳати барқарор намудани ҳуқуқҳои вайроншудаи ў зарур мебошанд.  

Шикоят ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар щакли хаттӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ пешниҳод карда мешавад.

Шикояте, ки ба   Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон пешниҳод карда мешавад, бояд маълумотҳои зеринро дарбар гирад:

-ному насаби ҷабрдидагони поймолкунӣ ё намояндаи онҳо;

-имзои шахсӣ ва суроғаи ҷойи зисти муроҷиаткунанда агар шикоят аз тарафи намоянда пешниҳод шуда бошад, имзои муроҷиаткунанда зарур нест;

-номи мақомот ё шахси мансабдоре, ки аз қарор ё амали (беамалии) ў шикоят оварда мешавад;

-изҳор кардани моҳияти қарор ё амал (беамалӣ), ки ҳуқуқу озодиҳои муроҷиаткунандаро поймол кардаанд ё поймол мекунанд;

-нусхаи қарорҳои оид ба шикоят қабулгардидае, ки тариқи судӣ ё маъмурӣ баррасӣ гардидаанд.

Ба шикояте, ки ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон пешниҳод мешавад, муроҷиаткунандагон бояд нусхаи ҳуҷҷатҳое, ки ҳолатҳои баённамудаи онҳоро тасдиқ менамояд, замима намоянд.

Хусусияти хоси дигари пешниҳоди шикоят ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар он аст, ки он аз пардохти боҷи давлатӣ ва дигар пардохтпулиҳо озод мебошад. Хароҷоти баррасии шикоятҳои муроҷиаткунандагон (новобаста аз миқдори онҳо) аз тарафи Ваколатдор ва амалӣ намудани ҳимояи ҳуқуқи инсон пурра аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешавад.

Ҳамчунин қонунгузорӣ аз муроҷиаткунандагон бо тартиби регрессивӣ (иддао) ситонидани маблағҳои буҷетӣ, ки ҷиҳати баррасии шикоятҳо беасос эътироф шудаанд, роҳ намедиҳад.

Рад кардан дар қабули шикоят барои баррасӣ аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон асоснок карда мешавад.

Аз натиҷаи баррасии шикоятҳое, ки дар онҳо санадҳои судӣ шикоят карда мешаванд, ба муроҷиаткунандагон тартиби шикояти чунин санадҳои судӣ фаҳмонида мешаванд.

Ҳангоми тасдиқ шудани поймол гардидани ҳуқуқи инсон зимни санҷиши шикоят, Ваколатдор ҷиҳати мусоидат намудан дар барқарор намудани онҳо чораҳо меандешад.

Қарори қабулнамудаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз натиҷаи баррасии шикоят, мавриди шикоят қарор дода намешавад, ҳамчунин он барои муроҷиати муроҷиаткунанда ба дигар мақомот монеа намешавад.

 

 

 

Ашуров М., сардори шуъбаи ҳифзи давлатии

ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии Дастгоҳи

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор