Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Боиси ифтихор аст, ки дар ҳар давру замон мақом ва манзалати занону бонувони тоҷик дар маркази таваҷҷуҳи бештар қарор гирифтааст. Бахусус, дар шароити Истиқлолияти давлатӣ бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому манзалати занону бонувони тоҷик мавқеи хосса пайдо намудааст.

Маҳз қадрдонию дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат мо занону бонувонро водор намудааст, ки дар баробари бар зимма доштани вазифаи пурмасъулият дар оила ҳамчун Зан–Модар дар ҳаёти ҷомеа низ саҳми худро гузорем.

Имрӯз дар ҷомеаи тоҷик баланд бардоштани мавқеи занону бонувон яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор рафта, дар самти сиёсати давлату ҳукумат дар бахши занон дастгирии занону бонувон хеле назаррас мебошад. Ин аст, ки дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсию фарҳангии кишвар саҳми занону бонувон хеле назаррас эҳсос гардида, иштироки фаъолонаи мо занон ва бонувон дар ин самт мушоҳида мегардад.

Қайд кардан бамаврид аст, ки Пешвои миллат доир ба нақши бузургии занону бонувони тоҷик, дар тамоми суханрониҳои худ дар Паёмҳои ҳарсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”  рисолати занону бонувони тоҷикро дар сатҳи баланд мебардоранд. Дар Паёми навбатии худ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми баланди занон дар ҷомеа таъкид намуда, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати давлат муҳим арзёбӣ карданд. Инчунин гуфта шуд, ки «Ободии давлат аз ободии ҳар хонадон ва ҳар оила сарчашма мегирад.

Имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон барои ба ҳаёти ҷамъиятӣ пайвастани занон ва бонувон  тамоми шароитҳо, заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам мебошанд. Бино ба маълумотҳо, Тоҷикистон аз аввалин кишвари Иттиҳодияҳои давлатҳои мустақим  мебошад, ки ба масъалаи ба­ланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа диққати аввалинда­раҷа дода, 27-уми декабри соли 1993 ба Конвенсияи СММ дар бораи барҳам додани та­моми шаклҳои табъиз нисбат ба занон ҳамроҳ гардидааст. Тибқи моддаи 3-и конвенсияи мазкур давлатҳои аъзо уҳдадоранд, ки дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ тамоми тадбирҳоро барои таъмини рушди ҳамаҷониба ва пешрафти занон андешанд, то ки татбиқ ва истифодаи ҳуқуқҳои инсон ва озодиҳои асосиро ба онҳо дар асоси баробарӣ бо мардон кафолат диҳанд.

Ҳам­чунин, қабул намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, стратегияву бар­номаҳои давлатӣ дар мисоли Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷи­кистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷики­стон “Дар бораи кафолатҳои дав­латии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо”, Қо­нуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010», Нақшаи миллии тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба баланд бардоштани нақшу мақоми занон барои солҳои 1998-2005», Барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016», «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020», Барномаи давлатии «Тайёр кардани мутахассисон аз ҳисоби занон ва мусоидат ба шуғли онҳо барои солҳои 2012-2015», «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023-2030»  баёнгари ғамхории доимии роҳбарияти давлат дар самти боло бурдани мақом ва нақши занон дар ҷомеа ба ҳисоб меравад.

         Ҳамин тариқ, аз таҳлили санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ки ҷараёни пайдоиш ва рушди ҳар як давлат аз эътирофи ҳуқуқ ва нақшу мақоми зан дар ҷомеа вобастагӣ дорад. Пас, мо бонувон сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлатро ҷонибдорӣ намуда, кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки баҳри ин сарзамину ин давлати хеш хизмат намуда, саҳми худро барои рушду нумуи ин кишвари азизамон, гузошта бошем.

 

 

 

 

Сармутахассиси шуъбаи ҳифзи ҳуқуқҳои

шаҳрвандӣ ва сиёсии Дастгоҳи Ваколатдор

оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шоназарова Сайёра Дадаҷоновна.

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор