Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Маърифати ҳуқуқӣ

Асосгузори сулҳу ваҳтати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024-ро соли «Маърифати ҳуқуқӣ» эълон намуд, ки ин иқдоми наҷибонаи Роҳбари давлат ба таҷлили 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд.

Мо шаҳрвандони Тоҷикистони азиз бояд ин иқдоми Сарвари давлатро якдилона дастгирӣ намуда, баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии худу фарзандон ва аз аҳли ҷомеа сайъю кўшиш намоем. Зеро мақсади асоси ин иқдом пеш аз ҳама ба шаҳрвандон ва ҳар як фарди ҷомеа омӯхтан ва донистани ҳуқуқҳои худ ва эҳтирому риояи ҳуқуқҳои дигарон мебошад.

Агар инсон маърифати ҳуқуқӣ дошта бошад, пеш аз ҳама қадру қимати худро медонад, ҳуқуқҳои худро ҳимоя мекунад, дар доираи қонун озодона зиндагӣ мекунад, ҳуқуқҳои дигаронро поймол намесозад ва зарари худро ба миллату давлат намерасонад.

Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ў арзиши олӣ арзёбӣ гардида, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.

Шукрона аз он мекунем, ки мо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 ҳама якдилона дар раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлолро қабул кардем ва дар он иброз намудем, ки: «Мо халқи Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дўстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарордода, ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем».

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади тақдирсозу муътабар қабул гардидааст ва тўли 30 сол мешавад, ки мавриди амал қарор дораду ба халқи Тоҷикистон асосҳои адолати ҳуқуқиро пешбинӣ намуда, хизмат мекунад.

Боиси сарфарозӣ ва ифтихор аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори беҳтарин кониститутсияҳо дар ҷаҳон пазируфта шуда, аз се як ҳиссаи он пурра ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст ва давлат ба он кафолат медиҳад.

Мо миллати тоҷик бояд ифтихор намоем, ки беҳтарин олимон дар соҳаи ҳуқуқ ва беҳтарин ҳуқуқшиносон доштем ва дорем. Чунки таърих исбот намудааст, ки аввалин бор дар ҷаҳон соли 539 пеш аз мелод баҳри ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии инсон аз ҷониби насли нажоди мо шоҳаншоҳи оқилу дурандеш ва боадолату боинсоф Куруши Кабир Эъломияи ҳуқуқи башар қабул гардидааст.

Бузургтарин ҳуҷҷати мутааллиқ ба ҳамаи миллатҳо дар ҷаҳон - «Эъломи умумии ҳуқуқи инсон», ки 10 декабри соли 1948 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Парижи Франсия қабул гардидааст, аз Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир сарчашма мегирад, ки ин инфтихори мо - миллати тоҷик мебошад.

Пас маълум мешавад, ки гузаштагони мо ҳазорсолаҳо пеш маърифати баланди ҳуқуқӣ доштаанд ва мо низ бояд аз гузаштагони худ ибрат гирифта, ҳам дониши ҳуқуқии худро комил намоем ва ҳам ба наслҳои оянда омўзонем.

Дар Конститутсияи мо волотарин мақому мартабаи олӣ ба инсон дода шудааст, зеро дар он омадааст, ки барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона фароҳам оварда мешавад, ҳамаи ҳуқуқҳои инсонӣ, аз қабили ҳуқуқ ба ҳаёт, ҳуқуқ ба моликият, ҳуқуқ ба таҳсил, ҳуқуқ ба мерос, ҳуқуқ ба манзил, афкору эътиқоди динӣ, ҳифзи сиҳатӣ, иштирок дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ба ин монанд дарҷ гардидааст.

Мо тамоми шаҳрвандони Тоҷикистони азиз баробарҳуқуқ буда, аз ҷиҳати шаъну шараф ва ҳуқуқҳо баробар ба дунё меоем, соҳиби ақлу виҷдон ҳастем ва бояд бо якдигар муносибати бародарона дошта бошем.

Ҷиҳати расидан ба мақсаду маромҳои олӣ баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа аз ҳар як фарди ҷумҳурӣ тақозо менамояд, ки Конститутсия ва дигар қонунҳоро хонад ва омўзад, зеро эҳтиром ва риояи ҳуқуқи инсон қисми ҷунонашавандаи зиндагӣ, фаъолият ва рафтори  ҳар як узви ҷомеа мебошад.

Ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии худ ва огоҳӣ доштан аз ҳуқуқҳои худ мо бояд аз қонунҳое, ки ҳуқуқҳои моро ба танзим медароранд, огоҳӣ дошта бошем.

 Масалан, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати амалишавии ҳуқуқи шахсони воқеӣ оид ба гирифтани ёрии ҳуқуқӣ, ки Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст ва фароҳам овардани шароит ҷиҳати амалишавии ҳуқуқу озодиҳои шахсони воқеӣ, ҳимояи манфиатҳои қонунии онҳо, баланд бардоштани сатҳи шуури ҳуқуқӣ, фарҳанги ҳуқуқӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, инчунин таъмини дастрасии онҳо ба адолати судӣ;

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳамагуна шаклҳои табъиз» бо мақсади асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии амалигардонии ҳуқуқ ва имкониятҳои баробарро барои ҳамаи шахсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардан ва низоми ҳуқуқии пешгирӣ ва ҳифзи самаранок аз ҳама гуна шаклҳои табъизро муқаррар намудан;

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» бо мақсади муносибатҳои оид ба таъмини кафолатҳои конститутсионии баробарҳуқуқии мардону занонро дар соҳаи иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва дигар соҳаҳо ба танзим даровардан, ҳуқуқпоймолкуниро аз рўи аломати ҷинсӣ пешгирӣ намудан ва амалигардонии имкониятҳои баробарҳуқуқии онҳоро муқаррар намудан;

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ўҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» бо мақсади муносибатҳои ҷамъиятии ба иҷрои ўҳдадориҳои умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ алоқамандбудаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро танзим намудан, асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии қайди ҳарбӣ, ба хизмати ҳарбӣ тайёр кардан, даъват намудан, дохил шудан, тартиби адо ва рухсат шудан аз хизмати ҳарбӣ, бақайдгирии эҳтиёти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро дар ин соҳа муқаррар менамояд. Илова бар ин мо бояд донем, ки мутобиқи моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст;

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бо мақсади пурзўр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар рўҳияи инсондўстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд мебошад;

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зўроварӣ дар оила» бо мақсади ҳимояи ҳуқуқии оила ҳамчун асоси ҷамъият, танзими ҳуқуқии муносибатҳои вобаста ба пешгирии зўроварӣ дар оила, мусоидат намудан ба татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба пешгирии зўроварӣ дар оила, ошкор, пешгири ва бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба зўроварӣ дар оила мусоидаткунанда ва баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд;

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ, баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандон, ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардум, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ қабул шудаанд.

Ба ин монанд зиёданд қонунҳое, ки донистани онҳо маърифати ҳуқуқии моро баланд бардошта, ба манфиати ҳар яки мо мебошад.

Пас, мо шаҳрвандони Тоҷикистони азиз бояд шукрона аз он кунем, ки давлати соҳибистиқлолу ҳуқуқбунёд ва миллати бузурги номдору таърихӣ дорем. Моро зарур аст, ки аз ҳуқуқу озодиҳои худ дифоъ намуда, ин шароити мусоиде, ки аз ҷониби давлату Ҳукумат барои мо шаҳрвандон фароҳам оварда шудааст, самаранок истифода намоем.

 

Хуршед Давлатов -

Роҳбари Намояндагии

ВҲИ дар вилояти Хатлон

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор