Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба арзиши олӣ эътироф шудани ҳуқуқу озодиҳои инсон пайваста таъкид менамоянд ва баҳри эътироф, риоя ва ҳифзи онҳо аз ҷониби ҳар як шахс, мақомоти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи мамлакат, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ба шаҳрвандони мамлакат дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд.
Лозим ба ёдоварист, ки падидаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дар давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёди Тоҷикистон дар натиҷаи ислоҳоти конститутсионии соли 1999 ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раъйпурсии умумихалқӣ аз 26-уми сентябри соли 1999, бахусус ба моддаҳои 69 ва 55-и он рўйи кор омад.
Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» санадҳои муҳимми сиёсӣ-ҳуқуқие мебошанд, ки дар онҳо масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти мамлакат таҳлилу баррасӣ мегарданд. Махсусан, масъалаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат таҳлилу баррасӣ ва ҳаллу фасл карда мешаванд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии кишвар доир ба яке аз ҳуқуқҳои муҳимми инсон – ҳуқуқ ба ҳаёт таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Чунончи, Сарвари давлат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ 30-юми апрели соли 2004 таъкид ба амал оварданд, ки: «Маҳдуд намудани ҷазои қатл амали хеле назаррас аст, аммо нисбат ба ҳаёти инсон бояд муносибати башардӯстона сурат гирад. Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ў арзиши олӣ ва дахлнопазир буда, дар миёни онҳо ҳуқуқ ба ҳаёт мавқеи хоса дорад. Воқеан ҳаққи ҳаёт арзиши табиӣ буда, ҳеҷ кас ҳақ надорад касеро аз ин ҳуқуқ маҳрум созад». Аз ин лиҳоз, Президенти мамлакат дар ҳамин Паём зарур донистанд, ки ба татбиқи ҷазои қатл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон моратория эълон карда шавад ва дастур доданд, ки бо мақсади таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, дар муҳлати кӯтоҳтарин санадҳои зарурӣ омода гарданд.
Ҷиҳати иҷрои талаботи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 30-юми апрели соли 2004 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боздоштани татбиқи ҷазои қатл» мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Конститутсия аз ҷониби парламент қабул ва ҷонибдорӣ шуда, 15-уми июли соли 2004 аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо гардид. Мутобиқи моддаи 1-уми Қонуни мазкур татбиқи ҷазо дар шакли ҷазои қатл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содир намудани ҷиноятҳое, ки дар моддаҳои 104 қисми 2, 138 қисми 3, 179 қисми 3, 398 ва 399 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудаанд, боз дошта шуд ва дар давраи боздоштани татбиқи ҷазои қатл ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати бисту панҷ сол муайян гардид.
Қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боздоштани татбиқи ҷазои қатл» татбиқ кардани ҷазои қатлро дар мамлакат муваққатан боз дошт, ки ин тадбири бениҳоят муҳим ва инсондўстонаи роҳбарияти олии кишвар ва мақомоти қонунбарори он маҳсуб меёбад.
Сарвари давлат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ аз 26-уми апрели соли 2013 бори дигар ба масъалаи ҳукми қатл таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, иброз доштанд, ки: «Воқеан, ҳаёти инсон асоси ҳастӣ ва неъмати бебаҳо буда, маҳрум кардан аз он маънии қатъ гардидани мавҷудияти фард, шахсият ва узви ҷомеаро дорад. Дар тамаддуни инсонӣ аз ҷониби давлат татбиқ накардани ҷазои қатл, пеш аз ҳама, чун нишонаи башардўстӣ, шафқат ва пешравии ҷамъият эътироф карда мешавад».
Бинобар ин, Президенти мамлакат тазаккур доданд, ки вақти он расидааст, ки масъалаи мазкур бо дарназардошти афкори ҷомеа мавриди баррасии мақомоти дахлдор қарор дода шуда, аз натиҷаи он ҷиҳати муайян намудани мавқеи давлат нисбат ба ҳукми қатл таклиф пешниҳод карда шавад.
Дар ҷомеаи ҷаҳонӣ бо мақсади амалисозӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон механизмҳои махсус таъсис дода шудаанд, ки аҳаммият ва нақши онҳоро коршиносони соҳа баланд арзёбӣ мекунанд. Ҷиҳати ворид гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гурўҳи давлатҳои ташаббускор дар соҳаи ҳуқуқи инсон кишвари моро зарурат пеш омад, ки барои таъсис додани механизмҳои махсусгардонидашуда дар соҳаи ҳуқуқи инсон тадбирҳо андешад, ки дар ин ҷода нақши паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» назаррас мебошанд. Чунончи, Роҳбари давлат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ аз 30-юми апрели соли 2007 бо мақсади пурзӯр намудани фаъолият ва густариши минбаъдаи раванди демократикунонии ҷомеа, инчунин баланд бардоштани сатҳи ҳимояи ҳуқуқи инсон дар мамлакат масъалаи таъсис додани институти миллии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсонро ба миён гузоштанд ва зарур донистанд, ки барои таъсиси он тадбирҳои ташкиливу ҳуқуқӣ андешида шаванд.
Дар робита ба ин, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ 25-уми апрели соли 2008 махсус зикр намуданд, ки: «Бо мақсади такмили минбаъдаи механизми ҳифзи ҳуқуқи инсон Қонун «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон» қабул гардид, ки он заминаҳои ҳуқуқии таъсиси мақоми махсусро дар баланд бардоштани сатҳи ҳимояи ҳуқуқи инсон таъмин мекунад. Ин сохтор бояд ҳамкории ҳамаҷонибаи худро пеш аз ҳама бо институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар ташкилоту мақомот ба роҳ монад».
Бояд хотирнишон сохт, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тибқи тартиби муқаррарнамудаи Конститутсия аз тарафи парламент қабулу ҷонибдорӣ шуда, 20-уми марти соли 2008 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.
Ҳамин тариқ, бо мақсади тақвияти кафолатҳои конститутсионии ҳимояи давлатии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мусоидат ба риояву эҳтироми онҳо аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат) ва шахсони мансабдори онҳо, роҳбарон, шахсони мансабдори корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон дар Тоҷикистон соли 2009 мақоми Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон воситаҳои мавҷудаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро пурра менамояд.
Мувофиқи моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳангоми амалӣ намудани ваколатҳои худ мустақил буда, ба ягон мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат) ва шахсони мансабдор ҳисоботдиҳанда намебошад.
Дар асоси моддаи 11 Қонуни мазкур вазифаҳои асосии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мусоидат намудан ба риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, барқарор намудани ҳуқуқу озодиҳои вайроншудаи инсон ва шаҳрванд, таъмини баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз, такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баланд бардоштани маърифатнокии шаҳрвандон оид ба ҳуқуқу oзoдиҳoи инсон ва шаҳрванд, шаклҳо ва воситаҳои ҳифзи онҳо, инчунин салоҳияти дигаре, ки боби 3 Қонуни зикргардида муқаррар намудаанд, мебошад.
Президенти мамлакат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ 23-юми январи соли 2015 мавҷудияти ниҳоди махсус вобаста ба ҳифзи ҳуқуқи кўдакро дар кишвар муҳим арзёбӣ карда, пешниҳод намуданд, ки бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кўдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак таъсис дода шавад.
Дар натиҷа, ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» боби 51 (Муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон) илова ворид карда шуд. Боби мазкур аз 7 модда иборат буда, дар он таъсиси вазифа, талабот нисбат ба номзад, тартиби ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардан, ба вазифа шуруъ намудан, муҳлати ваколат ва дахлнопазирӣ, маҳдудиятҳо барои ишғоли вазифа, салоҳият, фаъолият ва кафолатҳои моддию иҷтимоии муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, маърузаҳои ҳарсола ва махсуси ў муқаррар карда шуданд.
Ҳамин тавр, дар заминаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 23-юми январи соли 2015 бо мақсади таъмини эҳтиром, риоя, ҳифз ва пешрафти ҳуқуқу озодиҳои кўдак соли 2016 институти нав – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Салоҳият, фаъолият ва кафолатҳои моддию иҷтимоии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак тибқи тартибе, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон муқаррар намудааст, дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои кўдак амалӣ карда мешавад. Чунончи, мусоидат намудан ба риояи ҳуқуқу озодиҳои кўдак, барқарор намудани ҳуқуқу озодиҳои вайроншудаи онҳо, такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқҳои кўдак, баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон оид ба ҳуқуқу озодиҳои кўдак, ҳамкории мақомоти ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак ва рушду ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт аз ҷумлаи вазифаҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак мебошанд.
Бояд ёдовар шуд, ки «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1-уми декабри соли 2016 тасдиқ карда шуд ва дар муқаддимаи он зикр гардидааст, ки стратегияи мазкур дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст. Ҳамчунин, дар муқаддимаи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020», ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 2016 тасдиқ гардид, қайд шудааст, ки «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» дар заминаи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2014-2016) таҳия шудааст. Бинобар ин, барномаи навбатӣ – «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16-уми июни соли 2021 тасдиқ гардидааст, маҳз аз паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» сарчашма мегирад. Чунончи, дар банди 11 ин барнома зикр шудааст, ки ҳадафҳо, афзалиятҳо ва вазифаҳои рушди кишвар барои панҷ соли минбаъда дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз паёмҳояшон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бармеоянд, муайян карда шудаанд.
Дар зербанди 9) банди 37 Нақшаи чорабиниҳои амалисозии «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», аз ҷумла масъалаи таҳияи «Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» қайд шуда буд. Ҳамин тавр, «Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми июли соли 2022 тасдиқ гардид. Дар банди 61 Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати амалӣ намудани Стратегияи зикргардида масъалаи таъсис додани омбудсмени молиявӣ, яъне Ваколатдор оид ба ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон пешбинӣ гардида буд.
Ҳамин тариқ, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми октябри соли 2022 мансаби муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Ҷиҳати тақвият бахшидан ба фаъолияти ниҳоди нав Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муваззаф гардид, ки дар муҳлати муқарраршуда ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор тағйиру иловаҳои зарурӣ ворид намояд. Дар ин замина, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардида, айни ҳол дар баррасии Ҳукумати кишвар қарор дорад.
Метавон хулоса намуд, ки таъсиси мансаби муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон маҳз аз паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» сарчашма мегирад.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак ҳоло баҳри амалисозӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои табақаҳои мухталифи аҳолӣ талош намуда, дар ин самт ба дастовардҳои назаррас ноил шуда истодаанд. Мусалламан, дар давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ вуҷуд доштани чунин воситаҳои ҳимоякунандаи ҳуқуқу манфиатҳои инсон зарур арзёбӣ мегардад. Зеро, мустақилияти онҳо имкон фароҳам месозад, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба таври дахлдор мавриди ҳифзу ҳимоя қарор дода шаванд.
Ҳамин тавр, нақши паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҳамчун падидаи нави замони соҳибистиқлолӣ дар эҳтирому эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд хеле бузург мебошанд. Зеро, Сарвари давлат дар ҳар як Паёмашон дар хусуси меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба арзиши олӣ будани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ў, татбиқи пайваста ва пайгиронаи онҳо махсус таъкид менамоянд ва ҷиҳати эҳтиром ва риояву ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба масъулин дастуру супоришҳои мақсаднок медиҳанд. Ҳамчунин, дар заминаи паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳодҳои махсус вобаста ба ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таъсис ёфтаанд, ки онҳо дар рушди ҳуқуқу озодиҳои инсон ва баланд бардоштани сатҳи ҳимояи онҳо саҳми калон мегузоранд.
Сайнозимзода Фирўз,
сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва
сиёсии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар
Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ